Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ

Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ

19-11-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 608 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз, 19-уми ноябри соли 2015, соати 900 дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» баргузор намуд.

Сухани ифтитоҳиро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А. Раҳмонзода оғоз намуда, аз иштирокчиёни ҳамоиш даъват кард, ки масъалаҳои марбут ба омӯзиши заминаҳои назариявӣ ва методологии муносибати миллат ба дин, ҷойгоҳи унсурҳои динӣ дар фарҳанг ва ҳувияти миллӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқию сиёсии муносибати давлати дунявӣ ба дин, нақши унсурҳои динӣ дар низоъҳои идеологии ҷаҳони ислом, омили динӣ дар бархурди манфиатҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳонро ҷиддан баррасӣ намоянд.

Ф. Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кори конференсияро оғоз намуда, оиди дар конфронс масоили вобаста ба бархурди идеологии идеяи ташаккули миллат бо дин дар олами ислом, равандҳои сиёсии миллатгароӣ дар кишварҳои мусулмоннишин, заминаҳои мавҷудияти миллат-давлатҳои миллӣ дар ҷаҳони ислом, стратегияи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳои мусулмонӣ ва масъалаи ҳифзи миллат-давлат ва мушкилоти муносибати тамаддунҳо дар ҷаҳони ислом матраҳ гардиданро қайд намуд. Ҳамзамон маърӯзаи худро оид ба «Ҷойгоҳи дин дар давлати дунявӣ» ба иштирокчиён расонид. Пас аз шунида шудани 4 маърӯза музокираи, саволу ҷавоб оғоз шуда, ҷамъбасти ҷаласаи умумии кори конференсия гардид.

Баъдан кори ҳамоиш ба ду бахш – 1) Ҷанбаҳои назариявӣ ва ҳуқуқӣ; 2) Таносуби унсурҳои миллӣ ва динӣ дар ҳаёти ҷомеа ҷудо гардида, марбут ба равандҳои бахшҳо мавзӯҳои иштирокчиён шунида шуданд.

Дар ҳамоиши илмии мазкур намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат варзида, Аҳмадҷон Ализода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бошад, оид ба «Хизмати аҷдоди роҳкушои тоҷикон дар пайдоишу рушди дини ростин» маърӯзаи худро ба иштирокчиён пешниҳод намуд.
©hamsafon.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: