Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”

Дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”

12-01-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”«Дар шароити имрӯза, ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар муаррифӣ намоем. Чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар байни ҷомеа ҳарчи бештар густариш пайдо намояд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки мардуми мо ва алалхусус, насли ҷавони кишвар андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош варзанд.»
Аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, шаҳри Душанбе, 26 июни соли

Вахдати милли – дар хиёбони андешаи миллӣ
Чомеаву давлатсозӣ мушкилтарин корест, ннсбат ба бунёди арзишхои модиӣ. Ин кор боз ҳам сангинтару бо арзиши ҷон баробарро, яъне ҷонфидоиҳои фарзандони бедору бономусро тақозо менамояд, агар дар майдони таърих вазифаи эҷод ва ё эҳёи давлати нав рӯи кор омада бошад. Бахусус, дар замони муосир, дар охири қарни 20, ки ҷаҳонишавии бемайлон, суратгирии раванди бозтақсими ҳудудиву иқтисодӣ аз тарафи кишварҳои абалқудрат, тезутунд ва шиддат гирифтани муқовимати онҳо дар ин маҷро барало аён аст, эҷоду эҳё намудани давлати нав, маҳз дар пояи заҳматҳои хеле гарони беандоза, пайгириҳои дар фитрату хирад гудохта ва дурбинонаи сарвар имконпазир аст. Агар, қаламрави кишваре, ки оғӯштаи ҷанг, бо иштироки дастони бегона ба майдони даргириҳои шадид қарор гирифта бошад, пас муаммоҳои печу дар печ, пеш аз ҳама бетарафию канорагирӣ аз сару саравари, дилшикастагии мардум ва нобоварӣ ба фардо, муҳоҷирати иҷборӣ ва ғ. Агар барои бунёду эҳёи давлат маблағ набошад, хазина ба сифр баробар бошад, пас чи бояд кард? Агар бо акли солим тасаввур кунем, пас дар ин шароити хеле мураккаб, миллат дар вартаи ҳалокат қарор гирифтааст. Тоҷикистон солҳои 90-ум. дар вазъияти зикршуда қарор дошт. Дар воқеъ, агар манзараи солҳои 90-92-ро ба хотир орем, пас маънии ҳаёти ҷомеа на дар рушд, балки дар зинада мондан ва ё эмин доштани ҳаёти худ, рахоӣ бахшидани оилаву фарзандон аз вартаи ҳалокат буд. Дар он шароити мураккабу печ дар печ Иҷлосияи 16-ум баргузор гардид, ки он дар давраи навини давлатдории тоҷикон чун саҳифаи таърихии тақдирсоз сабт шудааст. Дар ин Иҷлосия иҷрои рисолати тарихӣ - вазифаи аз вартаи ҳалокат эмин доштани миллат, эҷоди давлати навини тоҷиконро Президенти кунунии мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчун фарзанди ҷонфилои миллат ҷасурона ба дӯши худ гирифт. Маҳз ҳамин Иҷлосияи таърихӣ буд, ки роҳ ба сӯи фардои нек ва амалигардии ормонҳои миллӣ кушода шуд. Бо азму талошҳои ин фарзанди абармарди миллат ниҳоят соли 1997 матни созишномаи Ваҳдати миллӣ ба имзо расид. Аҳамияти таърихии оштиву ризоияти миллиро кулли мардуми кишвар дарк намуда барвақт мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва аз ин лиҳоз пешвои миллат интихоб намуда буд. Ниҳоят қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” ба ин муносибатҳо сатҳи расмӣ бахшид.

Дар замони муосир арзишҳои ваҳдати миллӣ боз ҳам афзудаанд ва зарурати он чун обу ҳаво аз ҳарвакта муҳимтар гаштааст. Ин ҷо бамаврид аст, ки бори дигар се ҷавҳари ваҳдати миллиро таъкид намоем. Якум, сулҳи тоҷикон дарси таърихиест, на танҳо барои худи мо, ки ба ҷомеаамон осоиштагӣ овард, балки барои он қисми ҷаҳоне, ки ноором, яъне барои кишварҳое, ки дар даргириҳои дохилӣ қарор доранд, намунаи беҳтарин дар раҳнамоӣ ба созиш аст. Илова бар ин, ин муъҷизаи таърихии тоҷикон, ҳамчун ҳиссагузории халқи мо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ низ мебошад. Дуюм, имтиҳоноти таърих боз як бори дигар исбот кард, ки тоҷикон ворисону меросбари ориёни асил буда, соҳиби тамаддуни оламшумул ва фарзандони абармард мебошад. Зеро бо ибтикори Пешвои миллат андешаи ҷаҳонсоз ғалаба карда, арзиши якпорчагии кишвар ва ваҳдати миллӣ аз кулли манфиатҳои азҳобию гурӯҳӣ боло гирифт. Мардуми шарифи тоҷикистон, ки дар ҷавҳари ҳастиаш сулҳу созандагӣ нӯҳуфтааст, он рӯи майдон омад, ба иқдомҳои Пешвои миллат пайваст шуд ва дар пойдоривц шукуфоии давлати навбунёди тоҷикон якдилона камар баст. Миллати тоҷик ифтихор мекунад, ки беш аз 8 млн тоҷикистонӣ соҳиби давлати комилҳуқуқ, ки тамоми кишварҳои олам эътирофаш кардааст, мебошад. Сеюм, ин муъҷизаи таърихӣ барои вусъат бахшидани дарки худшиносии воқеии миллӣ такони бузург дод. Миллати мо амиқ эҳсос кард, ки бунёдсозу меҳансоз, тақдирсози миллати тоҷик, созандаи ҷомеаи навини, на аз берун буда, балки худи ӯ мебошад.

Имрӯзҳо пайваст бо пойдории ваҳдати миллӣ ва густариши истиқлолияти давлатӣ худогоҳиву худшиносии миллӣ сурат гирифта зарурати таҳрезӣ ва коркарди андешаи миллии ва андешаи истиқлол рӯи майдон омадааст. Воқеан ҳам, агар миллат рухияи худро устувору рушд надиҳад, пас дар ҷисми он рухияи дигар ворид мешавад. Бархе мутафакирон дар баёни моҳияти андешаи миллӣ ғояи шарафёфтаро, тассавурот оид ба тамсилаи дилпазири ҳаётӣ дар кишвар, ки ахолиаш онро пазируфтаасту мусаллаҳ шудааст, арзёбӣ намуданд. Воқеан ҳам имрӯзҳо мардум кишавар ғояи ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеаро волотарин арзиш пиндоштаанд, дар роҳи ҳивзи он талошҳо доранд ва бинобарон ваҳдати миллиро дар ҷавҳари фарҳангу ҳуввияти худ қарор доданд. Онхо аз вазъи ноустувору ноороми чаҳони муосир, бахусус мамолики Шарқ, огаҳӣ пайдо карда, шукронаи сулҳу суботи мамлакт менамоянд ва аз ин лиҳоз арзиши ваҳдати миллӣ маротибаҳо афзудааст. Яке аз далели чунин гузориш истиқболи гарму пазироии самимии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” аз тарафи мардуми шарафманду беғарази тоҷик ва изҳори сарҷамию якдилии худ дар атрофи Президенти худ - Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вобаста ба зуҳури ин маҷрои иҷтимоӣ ба маврид аст, ки таъкиди нависандаи бузурги рус Ф.М. Достоевскиро ба хотир орем. Вай гуфта буд: “Ҳама гуна ҷомеа, барои он ки пойдору зинда бимонад, бояд ба касе ё чизе эҳтиром бигузорад ва муҳим он аст, ки ҳама дар ин роҳ яктану якдил бошанд, на ҳар кас бо таври худ”. Воқеан ҳам ин ҳолат дар ҷомеа рӯй дода истодааст. Пайваста бо ва устуворгардии ваҳлати миллӣ соҳибистиқлолии мамлакат ва ҳар як фарди ҷомеа маҷмӯи ғояҳои заминавии ахлоқӣ, ки давраҳои тӯлонӣ дар андешаи миллат нуҳуфта буду барои нигоҳ доштани ҳастии ҷисмониву мафкуравии он дар маҷрои инкишофи таърхии худ, яъне идомаи авлоди вай хидмат менамуд, рӯи кор омад ва сифати ояндабинии он зуҳур гардид. Он андешаҳои миллиро, ки гузаштагони мо амали гардонида натавонистанду дар осору эҷодхояшон чун ормон нақш баста буд, авлоди имрӯз барои амалигардии он замина гузошта истодааст ва меваҳои он барои фарзандони ояндамон бор меорад. Оре, ин пайванди диалектикӣ дар андешаи милии имрӯз ифода ёфтааст. Дар ин росто, бояд таъкид кард, ки андешаи миллӣ, умуман арзишҳои тарихӣ-фарҳангии миллати мо, аксаран пайваста бо арзишҳои динӣ ташаккул ёфтааст. Зеро, маъмул аст, ки таърихан дини зардӯштӣ ва дини мубини ислом чун яке аз омилҳои тавонно иттиходи одамон, ташаккули ҷомеаву давлатро дар ҳавзаи шарқи кураи замин мусоидат намуда, густариши сифатҳои неки инсониро боис шудааст.

Бархе ҷомеашиносон таъкид менамоянд, ки барои рушди мӯтаъдили ҷомеа бояд на як гоя, балки низоми комили ғоя дошт. Ҳарчанд ин тезис дуруст аст, аммо бояд фаромӯш накард, ки ғояи ягона - ин гояи миллист. Вай дар меҳвари худ маҷмӯи ғояҳоро дар ришта ва ё низоми устувор мегирад. Модоме, ки низоми ғояҳо тавлид шуд, пас идеология рӯи кор меояд. Идеологияро дар адабиётҳо чун назарияи ғояҳо, таълимот оид ба пайдоиши ғояҳои инсонӣ, таъсири мутақобила ва омезиши онҳо арзёбӣ мекунанд. Пас, идеолгияро чун раванди эчоди арзишҳои маънавии созанда, ки амалигардии сифатҳои ҷавҳарии ғояи миллӣ ва идораи самараноки ҷомеаро таъмин менамояд, тавсиф додан ба мақсад мувоффиқ аст. Дар ин низоми ғояҳо, ғояи миллӣ тухмест, ки ин идеалхо паравариш меёбанд, нумӯ мегиранд. Яъне, ғояи миллӣ чун сарнуктаи самтҳои фаъолияту таҳияи лоихахои судманд хидмат менамояд. Дар навбати худ зербинои ғояҳоро арзишҳои заминавии устувор, ки аз фараҳангу иқтисодиёти ғанӣ ғизо мегирад, ташкил медиҳад ва онҳо барои интихоби хадафу воситахо ва ё олотхои фаъолият хидмат мекунад.

Ваҳдати миллӣ, ки дар ҷавҳари ғояи миллӣ қарор гирифт, ба омили бузурги ташаккулу рушди ҷомеаи солим ва неруи бузурги созандаи пояҳои моддии он табдил ёфт. Ба қавли олимони ҷомеашинос: «Ҷомеаи солимро метавон бо каркаси ноаёни бинои бузург тақозо намуд, ки фасади вай онро (ҳудуд, аҳолӣ ва ғ.) аз чашмҳои бегона пинҳон медорад». Воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат оғози эъмори ин «бинои бузург» пайваста бо талошҳои Пешвои миллатамон аз соли 1997 миллӣ оғоз ёфта буд ва ҳамон каркаси ноаён ин Ваҳдати миллӣ мебошад. Яъне хишти аввали ин «бино» соли 1997 зимни ба имзо расидани матни созишномаи Ваҳдати миллӣ гузошта шуд ва минбаъд зинаҳои комилгадии худро касб намуда, бунёди маҷмаии дигар «биноҳоро» дар ҷомеаи навини тоҷикон боис гардид. Ошёнаи аввали ин «биноро» арзишҳои моддии ҷомеа ташкил медиҳад. Бинобарон, Ваҳдати миллӣ агар аз як тараф омили муҳими мусоид дар пойдории арзишҳои моддӣ - рушду ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа хидмат карда бошад, баъдан, баръакс, рушди заминаҳои моддӣ, инфрасохторҳои бузурги миллӣ касби зинаҳои инкишофи ваҳдати миллӣ воқеӣ ва рӯи кор омадани моҳияти аслии онро мусоидат намудааст, суръат бахшидааст. Маҳз зафарёбии ғояи ваҳдати миллӣ буд, ки муносибатҳову алоқаҳои иҷтимоии дар риштаи қоидаҳову қонунҳо ҷой гирифта, эҳёи завқ ва ё меъёрҳои иҷтимоии солим сурат гирифт ва ҳамчун омили бузурги рушди иқтисодӣ хидмат намуд. Хидмати таърихии Ваҳдати миллӣ буд, ки омилҳои ниҳодии дарозмуддати ташкили муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ рӯи кор омад ва ҷомеаи навини мо дар остонаи асри ХХI соҳиби ниҳодҳои бунёдиву устувор гашта, риштаи сурхи инкишофи иҷтимоию иқтисодии худро дарёфт. Барои баҳо додани нафъи иқтисодӣ-ичтимоии ғояи миллӣ ба маврид аст, ки таъкиди поягузори илми иқтисодӣ А. Смидро ба хотир орем. Вай чунин гуфта буд: барои он, ки чомеаро аз сатҳи ҷоҳилӣ ба зинаи олии некӯкориву тамаддун ҳидоят намоем, бояд сулҳу ризояти ҷомеа, андози сабуку мутаъдил ва идоракунии тоқатпазирро мусоидат кард. Бинобарон бархе мутаффакирон ғояи миллиро бо сифатхои функсияҳои иқтисодиёт арзёби менамояд, аз тафаккуре, ки гӯё кулли тамаддунҳои инсонӣ барои қоне гардонидани эхсоси гуруснагии иктисодӣ, талаботҳои модӣ равона шудааст, бармеояд. Саҳв нахоҳем кард, агар ғуем, ки то имрӯз ғояи милли бисёр кишварҳои олами мутарақиро, бахусус Бритонияи кабир ва Амрикоро (ки ғояи англо-саксионӣ ҳам меноман) аслан ғояҳои иқтисодӣ ва иктисодчиён муаян кардааст. Масалан, вақте, ки аввалин мактаби иқтисодии меркантализм дар Англия пайдо шуда буд, асоси бойгарии миллиро захираи тилло ва минбаъд тиҷорати озоде, ки ба нафъи ҷомеаи англия кор кунад. Пайваста ба ин ғоя, инглисҳо дар кашонидани тиллои ҷахон ба ватанашон сафарбар шуданд. Дар мавриди ташкили тиҷорати озод ба кашонидани захираҳо ва ашёҳои дигар кишварҳои олам камар бастанд ва чун «осиё» коркарди онхоро дар ватанашон ба роҳ монданду, маҳсулоти ниҳоӣ ва ё тайёрро бо мубодилоти нобаробар содир мекарданд. Умуман, аксиомаи «маҳдудияти захираҳо ва беҳудуди талаботҳо», ки дар омӯзишу пажӯҳиши илмҳои иқтисодӣ чун нақши оғозиву гиреҳӣ ворид карданд, заминаи ғояи миллии ононро ташкил медод. Яъне, мардуми онҳо ба ин ғоя мусалаҳ буданд: азбаски захираҳои табиӣ нодир аст, бинобарон онҳоро дар кишварашон бояд эҳтиёт кунанд (ба авлоди оянда гузоранд) ва ҳарчи зуддтар, аввалан захираҳои табии дигар кишварҳои оламро истифода баранд.

Аммо ғояи миллӣ аслан аз иктисодиёт боло мебошад, ва рушди иқтисодӣ яке аз ҳадафҳои онро ташкил медиҳад: ошёнаи иқтисодии ҷомеа пайваста бо дигар ошёнаҳои ҷомеа таҷдиду густаришро тақозо дорад. Чаро, ки агар рушду инкишофи ошёнаи иқтисодии ҷомеа заиф бошад, деградатсияи иҷтимоӣ ва коҳиши рақобатпазирии иктисодиётро мусоидат менамояд. Ғояи зиндаву қавӣ – ин ақалан тансифкунии хадафхои аз иктисодиёт боло, пайваста бо маҷмӯи таҳлилҳо тасдики арзишхои ин хадафхо дар чомеа ва ҳатто амр барои ичрои он аст. Яъне, ғояе, ки афзалиятҳои хадафҳои худро тасдик намекунад, наметавонад танзимгари самараноки муносибатҳои ҷомеа бошад. Аз тарафи дигар ғояи миллӣ, ки ба иҷрои ҳадафҳои он амр намешавад ва ё аз иҷрои он ҷузъи асосии ҷомеа берун мемонад, ба бозии эҳсосӣ табдил меёбад.

Чи тавре дар боло ишора кардем, азбаски муаммоҳои замони муосир, ҳар гуна мушкилоти рӯзгори ҳар як оилаву фарди олам хосияти глобалӣ дорад, бинобарон ваҳдати олами инсонӣ дар зарурати аввал бармадааст. Аз ин лиҳоз, ғояи миллӣ ва таснифгардии хадафу методхои дастёбии устувори он бояд сифати умумиинсониву дуняиро доро бошад. Ин сифатҳои уммуминсонӣ аз якрангии табиати ботинии инсонӣ, ки тамоили дастёбии ҳадафҳои олии инсониро доросту ба ғамхории умум наздик мешавад, бармеояд. Яъне чунин гӯфтаҳои Аллома Иқбол рӯи кор омада истодааст: «Он чи дар олам нағунҷад одам аст, он чи дар одам нағунҷад олам аст». Ғамхории ҷузъи ва мушкилот, ки аз хадафхои кучак бармеояд, наметавонад миллатро сарҷам намояд. Иштирокдорони ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ - корхонахо, истеъмолгарон, ҳизбу созмонҳо, қавму авлод ва ҳар як фарди тоҷик дар ҳабастагӣ ба хотири миллат шудан бояд фаъолият баранд. Чи тавре, ки Пешвои миллат - Президенти мамлакат таъкид доштанд «дар озмунгоҳи ҳассоси таърих моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чи дар сатҳи саросари миллӣ ва чи дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин ирода ба он асос меёбад, ки мо, пеш аз ҳама, фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он аз манофеи дигари сиёсиву ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва табақавию хусусӣ бартару болотар мебошан (Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 апрели соли 2012,) – Устуворгардии тамоили амалигардии ғояи миллӣ, на танҳо аз сатҳи муаяйнии мушахасси хадаф, балки аз фаъолияти субъектҳои вокеӣ, ки ғояи миллиро дар худ ҳазм карданду дорои нерӯи суръатбахш мебошанд, вобастагӣ дорад. Зеро, эътимоде, ки ба ғояи миллӣ ҳама ризо бошаду кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ дастигирӣ менамояд, чандон беасос аст. Чаро, ки доираи таффаккури ҳар як фард дар зинаҳои донишу тафаккури мухталиф ва аз ин лиҳоз, ченаку меёри гуногун қарор дорад. Тадбиқи ғояи миллӣ, аслан аз фаъолияти пурсамраи Пешвои миллат, қишри зиёиёну зеҳнии чомеа ва дигар сиёсатмадорони асил оғоз ёфтааст ва махз онхо чун ситораи дурахшон дар кайхони чомеа тарҳи фазои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии онро муаяйн намуданнд ва ин кор дар роҳи касби зинаҳои навбатии он густариш дорад.
©Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини директор оид ба илми Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: