Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аксияи ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт

Аксияи ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт

20-11-2015, 12:43
Хабарро хонданд: 375 нафар
Назарҳо: 0
Аксияи ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахтБо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия санаи 18- уми ноябри соли 2015 тибқи нақша чорабиниҳо оид ба таҷлили «Рӯзи Парчами давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аксия таҳти унвони «Сулҳ ба ҳама» дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фирдавсӣ Ҳомидов Абдуалим, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Саидова Майдагул ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.
Дар аксияи мазкур фаъолҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷоратӣ Тоҷикистон роҳпаймоӣ намуданд.
Роҳпаймоии ҷавонон ва эҳтироми онҳо ба муқаддасоти миллӣ - Парчами давлатӣ бори дигар .собит намуд, ки Парчами миллӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, Ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Иштирокчиёни аксия бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва гиромидошти сулҳу субот бо худ навиштаҷотҳо зери шиорҳои - "Сулҳ ба ҳама", "Сулҳи тоҷикон поянда бод", "Эмомалӣ Раҳмон-меъморӣ Сулҳ", Эмомалӣ Раҳмон меъморӣ Сулҳи ҷаҳонӣ", "Сулҳи тоҷикон барои ҷаҳон", "Ваҳдату якдилӣ", "Тоҷикистон ватани Сулҳ", "Душанбе-шаҳри Сулҳ", "Мы за Мир", "Мир всем", "Сулҳ", "Ободонӣ", "Мир дому твоему, Таджикистан", "Ваҳдат", "Мир нам", "Эмомалӣ Раҳмон, Ҷавонон, Сулҳ", ва дигар мафҳумҳое, ки метавонанд ҳисси миллии ҷавонону наврасонро бедор намояд доштанд. Мафҳумҳои мазкур дар рӯзи баргузории роҳпаймоӣ диққати меҳмонон ва сокинони пойтахти азизамонро ба худ ҷалб намуда, ифодакунандаи рамзи ваҳдату якдили буданд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикоти худ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ зикр намуда буданд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст»
Маҳз имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгир гардидааст, ки ин, бегумон мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: