Рӯзи дарҳои кушод17-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишу қарорҳои Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии ҲХДТ ва тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар ҳамбастагӣ бо комиссириати ҳарбӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бобати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳавасмандии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, дар қисмҳои низомӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад.
Чунин як чорабинӣ дар қисми низомии 03377 доир гашта, сӯҳбату мулоқоти сарбозон бо ҷавонписарон доир карда шуд. Як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд аз мактабҳои №7, 14, 8, 10 бо ҳаёту хизмати афсарону сарбозони қисми ҳарбии №03377 шинос гаштанд. Ҷавонписарони мактабҳо аз ҷойи хоби сарбозон, ошхона, китобхона, варзишгоҳи қисми ҳарбӣ дидан карда, бо афсарону сарбозон ҳамсуҳбат гашта, ба саволҳи хеш посух гирифтанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.