Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » КУМАКИ НАВБАТӢ БА СОКИНОНИ ЗАРАРДИДАИ ХУРОСОН

КУМАКИ НАВБАТӢ БА СОКИНОНИ ЗАРАРДИДАИ ХУРОСОН

3-06-2020, 10:54
Хабарро хонданд: 420 нафар
Назарҳо: 0
         КУМАКИ НАВБАТӢ БА СОКИНОНИ ЗАРАРДИДАИ ХУРОСОН
Рӯзи 2-юми июн дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба мардуми зарардида аз офати табиӣ маводи ғизоӣ, ҷиҳози хоб ва масолеҳи хонасозӣ тақдим карда шуд.
Сокинони зарардида аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва мақомоти маҳаллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуданд.
Баҳринисо Мирзоёрова, сокини 55-солаи ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳия, ки рӯзи 14-уми майи соли равон дар пайи омадани сел хонаашро пурра аз даст дод, дар рӯзи зикршуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо замини наздиҳавлигӣ ва дигар ашёи рӯзгор таъмин гардид.
Мирзоёрова гуфт, ки баъд аз рух додани офати табии намояндагони сохторҳои дахлдор аз ҳолу аҳволашон сари вақт дидан карда, ваъда доданд, ки барояшон кумак хоҳанд кард. “Мо аз дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хурсанд ҳастем, ки имрӯз барои мо курпаю болишт, косаю табақ ва белу каланд барои истифодаи замин тақдим карданд”, - афзуд ӯ.
Ҳотам Каримов, раиси ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ, гуфт, ки сокинони аз сел зарардида зери ғамхории мақомот қарор дошта, ба онҳо кумакҳо расонида шудааст. Ва онҳое, ки хонаҳояшонро қисман ё пурра аз даст доданд, бо замини наздиҳавлигӣ ва масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардиданд. “Ба ҳар як оила 0,8 гектар замин дода шуд. Барои сохтмони хона 6 тон семент, 6 метри кубӣ тахта, 68 дона шифер ва амсоли ин дастраст карда шуд, ки аллакай баъзе оилаҳо корҳои сохтмониро оғоз кардаанд. Ба ғайр аз ин, ба ҳар як оила 3 халта орд, 4 халта биринҷ, 50 литр равған ва мошу лӯбиё дода шуд”, - илова кард ӯ.         КУМАКИ НАВБАТӢ БА СОКИНОНИ ЗАРАРДИДАИ ХУРОСОН
Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мегӯянд, ки ба сокинони зарардида дар ҷойи бехавф қитъаи замин барои сохтани хона дода шуда, то итмом ёфтани сохтмони манзилҳо ба онҳо кумакҳои дигар низ расонида мешавад.

“Ҳамрози халқ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: