Дар Рашт фитри рӯзаро ба зарардидаҳои заминларза медиҳанд5-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Сокинони ноҳияи Рашт, аз ҷумла аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар маҷлиси охири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, мавриди амал қарор дода, садақаи фитрашонро ба оилаҳои осебдидаи заминларза равона карданд.
Ёдрас мешавем, ки шоми 1 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Рашт заминларзаи шадид рух дод, ки маркази он дар масофаи 15 километр дуртар аз деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак буд. Ин заминларза ба аҳолӣ хисороти зиёде оварда, дар маҷмуъ 15 хонаи истиқоматӣ ва бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №.65-ро пурра, инчунин 30 хонаи истиқоматии сокинони деҳаҳои Ҳазорчашма ва Кули ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷбораку Аскалонро қисман хароб гардонд. Дар рӯзҳои аввали ҳодиса ба воситаи Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи осебдида ба миқдори як халта орд, 12,5 кг макарон, 12,5 кг шакар ва 5 литр равған кумаки яквақтаина расонида шуд. Ҳамчунин мардуми зарардида бо хайма таъмин шудаанд ва се вақт хӯроки гарм ба онҳо дода мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.