Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бо дастури Пешвои миллат ба 300 хонаводаи осебдида аз офати табиии ноҳияи Хуросон кумаки ғизоӣ расонида шуд

Бо дастури Пешвои миллат ба 300 хонаводаи осебдида аз офати табиии ноҳияи Хуросон кумаки ғизоӣ расонида шуд

21-05-2020, 09:33
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
Бо дастури Пешвои миллат ба 300 хонаводаи осебдида аз офати табиии ноҳияи Хуросон кумаки ғизоӣ расонида шуд19 май бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шаш мошини борбари дорои маводи ғизоӣ ва антисептикӣ барои осебдидагони офати табиӣ ба ноҳияи Хуросон фиристода шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба 300 хонаводаи зарардида аз офати табиӣ якхалтаӣ орд, биринҷ, равған, картошка, сабзӣ, пиёз, макарон, ҷамъ 55 тонна маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, инчунин ба аҳолӣ ва бунгоҳҳои тиббии маҳалли ҳодиса дастгоҳҳои ҳароратсанҷӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, айнакҳо, дастпӯшаку хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ, бахил ва сарпӯши тиббӣ, маҳлули антисептикӣ ва дигар маводи гигиенӣ тақдим карда шуд.

Маводи озуқа худи ҳамон рӯз дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва аъзои Ситоди бартарафкунии офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон ба ҳар як оила дастрас гардид.

Дар ин рӯз ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба хонаводаҳои зарардида маҷмӯи маводи гигиенӣ, иборат аз 25 номгӯй, аз ҷумла чойник, сатил, намудҳои гуногуни собун, хокаи ҷомашӯӣ, крем барои кӯдакон, хамира ва чӯткаи дандоншӯӣ, чароғ, кӯрпаву болишт ва дигар лавозимоти рӯзгор тақдим гардид.

Сокини деҳаи ба номи Неъматулло Асадуллои ноҳия Ҷалолиддин Маҳмалиев зимни суҳбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои ғамхорӣ нисбат ба осебдидагон изҳори сипос намуда, гуфт, ки тамоми ниҳодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баъди рух додани офати табиӣ шарики мардум буданд ва дар бартарафсозии оқибатҳои он ҳамаҷониба мусоидат мекунанд.

Дар «шаҳрчаи хаймаҳо», ки он ҷо беш аз 30 хонавода муваққатан ҷой карда шудаанд, шабонарӯзӣ нуқтаи тиббӣ дар хизмати мардум қарор дошта, ходимони милитсия ва Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон бехатарии шаҳрвандонро дар маҳалли офатдида таъмин мекунанд.

Дар маҳалли ҳодиса ба хотири пешгирӣ аз пайдоиши бемориҳои сироятӣ мунтазам корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд. Тамоми шаҳрвандони зарардида бо маводи антисептикӣ ва се вақт бо таоми гарми ройгон таъмин гардидаанд.

Дирӯз раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Неъматулло Асадулло ва анҷумани 18-уми ҳизби Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, ки дар натиҷаи боридани борони сахт ва омадани сел осеб дидаанд, дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 14 ва 16 майи соли ҷорӣ аз офати табиӣ манзилҳои истиқоматию иншооти ёрирасони хусусию ҷамъиятӣ ва заминҳои кишоварзӣ зери лою гил монда, дар деҳаҳои Пахтаобод ва Гулистон иншооти роҳдорию мелиоративӣ вайрону корношоям гардидаанд. Мутаассифона, офати табиӣ талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода бо сокинони аз офати табиӣ зарардида мулоқот ороста, зикр намуд, ки тамоми хонаводаҳои аз манзили зист маҳрумгашта бо қитъаҳои замин дар маҳалли бехавф ва кумакҳои пулию молӣ таъмин хоҳанд шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз лаҳзаҳои аввали рух додани ҳодиса пайи расонидани кумаки ҳамаҷониба ба зарардидагон дастур дода, вазъро таҳти назорат қарор додаанд. Худи ҳамон рӯз- 14 май бо роҳбарии муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода дар маҳалли ҳодиса Ситоди бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон таъсис дода шуда, то имрӯз даҳҳо адад техника, инчунин садҳо нафар хизматчиёни ҳарбии КҲФ ва ихтиёриён ба кори бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва барқарорсозии инфрасохтор машғуланд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо хонаводаҳои зарардида онҳоро ба таҳаммулпазирӣ, ҳамдастию сарҷамъӣ даъват намуда, зикр кард, ки Пешвои миллат ва давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ онҳоро бо мушкилоташон танҳо намегузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: