Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода додани хонаҳои навбунёд барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Дарвоз

Ба истифода додани хонаҳои навбунёд барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Дарвоз

13-09-2017, 16:30
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Ба истифода додани хонаҳои навбунёд барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Дарвоз

ДУШАНБЕ, 13.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба хотири шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнатии заҳматкашон, оғози корҳои бунёдӣ ва ба истифода додани хонаҳои навбунёд сурат гирифт, бори дигар умеду боварии сокинони вилоятро ба ояндаи дурахшони Ватани азизамон тақвият бахшид.

Дар ин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Яхчисори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз хонаҳои навбунёд, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардидаанд, дар фазои тантанавӣ ба истифода дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми июли соли 2017-ум дар натиҷаи боришоти зиёд аз қисмати рости дарёи Панҷ селу ярч фаромада, маҷрои об пурра банд гардид. Дар натиҷаи офати табиӣ дар деҳаи Хостав ва се хонаи истиқоматии сокинон дар деҳаи Ширговад яъне дар маҷмӯъ 21 хонаводаи ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз пурра ва қисман зарар диданд. Аҳолии зарардида сари вақт ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, садди ба вуҷудомада, дар дарёи Панҷ дар муддати кӯтоҳ бартараф гардид.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оилаҳои зарардида, сари вақт кумак расонида шуда, барои бунёди манзили зист маҳсулоти сохтмонӣ дастрас карда шуд.

Ҳамин тариқ бо мақсади муҳайёсозии шароити мувофиқи зист бо дастгириву ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи хушманзараи Яхчисори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз давоми як моҳ бо харҷи бештар аз 4 миллиону 930 ҳазор сомонӣ 21 хонаи наву замонавӣ бунёд карда шуд. Дар ин мавзеъ ҳамзамон барои фарзандони оилаҳои зарардида як мактаб ва барои таъмини сиҳатии аҳолӣ бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст. Дар ин рӯз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба маҳаллаи навбунёд аз ҷониби мардуми ноҳия ва вилоят бо ифтихор ва самимияту муҳаббати зиёд истиқбол гардид.

Аснои супоридани калидҳои хонаҳои навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон суҳбати самимӣ намуда, бо чунин тадбири накӯ рӯҳияи мардумро болида ва боварии онҳоро бори дигар ба ояндаи неку дурахшон қавӣ намуданд.

Дар ин рӯз сокинон бо самимияти баланд, ки нишонаи возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлат мебошад, бо сипосу таманниёти зиёд фазои фараҳафзоро ба вуҷуд оварданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман калиди хонаҳои нави истиқоматиро ба соҳибмулкон тақдим намуданд.

Бинои хонаҳои истиқоматӣ якошёна буда, ҳар яке аз он дорои чор ҳуҷраи алоҳидаи зист аст. Хонаҳои истиқоматӣ дар асоси талаботи муосири шаҳрсозӣ дар муддати кӯтоҳ бо шакл ва сифати баланд қомат афрохтаанд. Тибқи дастуру супоришҳои мушаххаси Роҳбари давлат дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ имконоти фароғат ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҳайё шудааст. Аснои боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон мароқ зоҳир намуда, барои анҷоми бо суръат ва бо сифати баланди корҳо ба сохтмончиён арзи сипос намуданд.

Маҳаллаи нави аҳолинишин дар масоҳати умумии 4 гектар бунёд гардида, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла роҳу низоми обрасонӣ ва хати барқ таъмин карда шудааст.

Дар маҳаллаи навбунёд ҳамзамон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби нав – муассисаи таҳсилоти миёнаи №54 ба истифода дода шуд. Муассисаи нави таълимӣ бо харҷи бештар аз 800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар ду баст барои 300 нафар пешбинӣ шудааст. Фармоишгари лоиҳа Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҷониби ҶДММ «Ноқилсохтмон»-и шаҳри Душанбе дар давоми бештар аз як моҳ амалӣ шудааст. Мактаб 6 синфхона, кабинети компютерӣ бо таҷҳизоти муосир ва анборхона дорад.

Дар маҳаллаи нав, ки дар мавзеи Яхчисори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз бунёд гардидааст, ҳамзамон бунгоҳи муосири тиббӣ сохта шуда, он муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти табобатӣ ва имконияти фарох барои қабули шаҳрвандон минбаъд талаботи аҳолии маҳаллаи навбунёд ва гирду атрофи онро ба хизматрасониҳои тиббии муосир таъмин менамояд.

Дар заминаи сиёсати бунёдкорона ва иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо имрӯз бо оғоз ва ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ ва бунгоҳи солимгардонӣ наздики 20 ҷои нави корӣ фароҳам гардид.

Баъди ифтитоҳи мактабу бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи нави аҳолинишин дар мавзеи Яхчисори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони маҳаллаи нав суҳбати самимӣ намуда, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳо, хосса фароҳамсозии шароити арзандаи зист андешаронӣ намуданд. Сокинони маҳаллӣ дар навбати худ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: