Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ҳамоҳангӣ

28-05-2020, 09:35
Хабарро хонданд: 312 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоҳангӣ  Баъди интишори мақолаи хабарнигори ҳафтаномаамон Ҷумъахони Темурзода дар шумораи 11- моҳи март зери унвони «Фарёди солҳо» идораи ҳафтанома аз номи хонандагони зиёди хеш посухҳо гирифт. Хонандагон онҳое, ки аз зиндагиномаи устод Асомиддин Насриддинов хуб огоҳӣ доштанд, дар перомуни он нигошта назари хешро иброз намуда, аз муаллиф пуштибонӣ намуда ҳамраъйии хешро нисбати он мақола баён намудаанд. Идораи ҳафтанома бо эҳтиром ба хонандагони хеш назари се нафари онҳоро дар атрофи он мақола манзури шумо мегардонад.
Ба идораи ҳафтаногмаи «Минбари халқ»
Силсилаи мақолаҳои Ҷумъахони Темурзодаро дар саҳифаҳои «Минбари халқ» пайваста мутолиа менамоям. Чанд гоҳест ин журналисти донишманд ва дилсӯз дар бораи шахсиятҳои хизматкардаи халқу миллат, ки дар даврони гуногуни Шӯравӣ ва соҳибистиқлолии кишвар кору пайкор карда, вале номи қисмате аз онҳо ба чоҳи фаромӯшӣ фиканда шудааст, силсилаи мақолаҳо ба нашр мерасонад. Хеле ҷои сипосу ихлос аст, ки нашрияи мардумии «Минбари халқ,» ин иқдоми наҷибро роҳандозӣ ва дастгирӣ намудааст. Чунин мақолаҳо дар бораи ходимони давлативу ҳизбӣ, арбоби илму ҳунар ва санъат Абдулаҳад Қаҳҳоров, Маҳмадулло Холов, Усмон Ҳасанов, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон нашр гардиданд, ки зиндагиномаи қисман фаромӯшшудаи онҳоро аз нав пеши назари хонанда ҷилвагар мегардонад.
Дар ин силсила мақола дар бораи устод Асомиддин Насриддинов хотираҳои маро тагӯ рӯ кард, маро ба айёми ҷавониву донишҷӯиям, ки дар шумори омӯзгорони гиромиқадрам ин устоди донишманд низ қарор дошт, баргардонд. ӯ бо чеҳраи нуронӣ, нимтабассуми зебанда, ба синфхона, ки се гурӯҳи 30 нафарӣ иштирок доштанд, ворид шуда, ба донишҷӯён бо ишораи сар салом медоду бо ишораи даст мефаҳмонд, ки шинед. Мо шогирдон ду нафар устоди худро яке Асомиддин Насриддинов ва дигаре Носирҷон Маъсумиро бештар эҳтиром мекардем, балки дӯст медоштем. Дарсҳои ин устодон ҷолибу муассир буданд, аммо бештар шахсияти онҳо моро тасхир карда буд.
Ёд дорам, устод Асомиддин Насриддинов ҳангоми хондани дарс гоҳе маънии байтеро аз бузургони адабиёт аз шогирдон суол мекард. Ҳама хомӯш менишастем. Он гоҳ устод мегуфт: «Як кас медонаду хап аст. Ку, бихез, Ҳотамов, маънии байтро бигӯ. Баъд бо табассуми зебанда мегуфт: «Ина, медонаду боз сарашро хам мегирад».
Баъди чанд вақти хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ фаҳмидем, ӯро аҳриманкешоне бо туҳмат ҳабс карданд. Бовариамон аз зиндагӣ монд. Охир ӯ мисли фаришта пок буд… Баъд фаҳмидем, ки аз маҳбас озод шудааст. Дар дил хурсанд будам. Баъд як китобчаи таҳиякардаи устодро бо номи «Чи бояд кард», ки аз гулчини панду ҳикмати ниёкон иборат буд, аз тариқи нашриёти «Ориёно» нашр кардем. Вале, мутаассифона, дигар ба дидораш нарасидам.
Устод Асомиддин Насриддинов намунаи барҷаста ва як сутуни қавии ҳувияту асолати миллӣ, симои инсони комилу фозил, таҷассуми фарҳанги баланди омӯзгори поквиҷдон, донишманди фарҳехта буд, ки сарфи назар аз беадолатии зимомдорони давр ин хислатҳоро шарофатмандона ҳифз намуд.
Равонаш шоду ёдаш ҷовидон бод!
Муҳтарам Ҳотам,
шоир, барандаи ҷоизаи ба номи М. Турсунзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: