Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба "Минбари Халқ"

Ба "Минбари Халқ"

28-05-2020, 10:24
Хабарро хонданд: 414 нафар
Назарҳо: 0
Ба "Минбари Халқ"
Салом нашрияи пур аз меҳру муҳаббати «Минбари халқ»!
Бо эҳтироми зиёд ба шумо гуфтанием, ки мо тоҷикони берун аз Тоҷикистон, ки падару бобоҳоямон охири асрҳои ҳаждаҳ ва нуздаҳум барои беҳ намудани рӯзгори хеш, кишвари паҳновари Қазоқистонро барои зиндагии худ интихоб намудаанд мо дар ҳамин вилояти Чимкент дар ноҳияи Туркистон ба дунё омадем, беш аз шаст сол боз муқимии ҳамин хоку об ҳастем. Аммо хуни аҷдодони мо, ки аз обу хоки Самарқанди Сомониён бархостааст, имрӯз меросбари он давлати бузурги Сомониён Тоҷикистони азиз дар тамоми олам эътироф гардидааст, диламон вуҷудамон саропои ҳастиамон Тоҷикистони азиз ва мардумонашро аз қавмҳои худ медонем ва хеле дӯсташон медорем. Ободиву шукуфоии имрӯзи Тоҷикистонро аз тариқи барномаҳои фарҳангии Қазоқистон ва Русия дида аз шодӣқалбҳоямон лабрези фараҳ мегардад. Мо панҷ нафар тоҷикон соли 1971 ба Институти педагогии ба номи Т.С. Шевченкои шаҳри Душанбе дохил гардида, соли 1975 онро бомуваффақият хатм намуда, ба назди падару модар ва ёру бародарҳои худ омадем. Ман худам факултаи забон ва адабиёти тоҷикро бо муваффақият хатм намуда, як сол таҳти роҳбарии устоди азизам марди донишманду баобрӯ ва хирадманду хеле ботаҳаммул Асомиддин Насриддинов фаъолияти илмиамро бо ҳазор орзуву умед оғоз бахшидам. Хабари бемории падар маро маҷбур сохт, ки Душанбеи биҳиштмаъворо тарк намояму ба назди падару модарам ба Чимкент биёям. Ҳамин тавр, то имрӯз дар ҳамин ҷо муаллими забон ва адабиёти тоҷик шуда кор мекунам. Рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳои Тоҷикистонро дер ҳам боошад пайваста мегирам.
Тақдир ва сарнавишти устоди азизу меҳрубон ва ватанхоҳу миллатдӯсти давру замонҳо Асомиддин Насриддиновро ҳамон солҳо аз забони дӯстонам шунида хеле афсӯс хӯрдам. Устоди фаришта ва покдоману поктинат, ки маро чун фарзанди хеш дӯст медошт ва бо ҳазор умеду орзу маро дар роҳи илм ҳидоят намуда буд, ҳеҷ боварам намеояд, ки ӯро бо ҳамин бадномӣ домани покашро доғдор намоянд. Ректори онвақтаи институт устоди донишманд ва хирадманди боэҳтироми замон академик Қандил Ҷӯраев ба устод Асомиддин Насриддинов он қадар эҳтиром дошт, ки ӯро домулло гуфта муроҷиат мекард.Маро чанд маротиба устод бо хотири корҳои илмӣ назди ректор дароварда буд, ки худ шоҳиди эҳтиромашон ба устод Насриддинов будам. Охири моҳи апрели соли равон ҳафтаномаи «Минбари халқ» шумораи 11 март ба дастам расиду чашмам ба сурати устод афтид. Ҳамон лаҳза, бо диққат гаштаву баргашта онро хондам. Ва бо нигорандаи ин пораи дардномаи рӯзгори номардпарвари мардкуши он замон аҳсанту офаринҳо хондаму ба нафарони домани поки устодро доғдор намуда,3 нафратам бештар гардид. Ва муҳаббат ва самимиятам ба рӯзноманигори шинохта донишманд ва ҷасуру хушқалам Ҷумъахони Темурзода бештар гардида, дар пеши худ вазифа гузоштам, ки ҳафтаномаи «Минбари халқ»-ро бо кадом роҳу воситае, ки набошад минбаъд дастрас менамояму аҳли эҷоди ӯ ва роҳбарияти ҲХДТро, ки ҳафтанома нашрияи онҳо мебошад миёни беш аз сӣҳазор тоҷики вилояти Чимкент таблиғаш намуда, тоҷи каёнии тоҷикро бар сарашон хоҳам гузошт. Ва бо роҳбари хирадманди ҲХДТ Раиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипоси бепоёни тамоми тоҷиконро хоҳам расонид. Ва аз Худованди бузургу меҳрубон илтиҷои он дорам, ки кишвари азизи Тоҷикистон ва мардумони азизи онро таҳти роҳбарии Президенти хирадманд ва ватанхоҳу раъиятпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паноҳи раҳматаш нигаҳбон бошад. Ва аз ин мушкилии қазову қадар дарди бедавои коронавирус Худованд онҳоро ҳифозат намояд.

Бо салому эҳтироми самимӣ Абдулло Қудратов, Муҳаммадҷон Қодиров,
Эмомиддин Саидалиев, Шарафмурод Қосимов,
вилояти Чимкенти Туркистони ҷанубии Ҷумҳурии Қазоқистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: