Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » На илм, ҳарчи амал мекунӣ ҳамон аз туст

На илм, ҳарчи амал мекунӣ ҳамон аз туст

24-10-2018, 08:42
Хабарро хонданд: 346 нафар
Назарҳо: 0
На илм, ҳарчи амал мекунӣ ҳамон аз туст
Мусоҳибаи сардабири ҳафтанома Бахтиёр Ҳамдамов бо адабиётшинос ва журналист, номзади илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов
Дар ҷомеаи имрӯза хушбахтона инсонҳое ҳастанд, ки вуҷуди онҳо, кору фаъолияташон дар рушди олами маънавии мардум муассир аст. Ин гуна афрод маънии зиндагии хешро дар баланд намудани маърифати мардум мебинанд ва дар ин ҷода устувор гом мезанад. Яке аз ин гуна афроди фарҳехта, шахсе, ки умри худро сарфи илму фарҳанг намудааст, номзади илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов мебошад, ки фаъолияти густурдаи ӯ дар ҷодаи илм, фарҳанг ва журналистика шоистаи зикр аст. Ӯ муаллифи бештар аз 30 китоби илмиву методӣ, 300 номгӯй мақолаҳои илмӣ, адабӣ, публитсистӣ, зиёда аз 3000 номгӯй барномаҳои мухталифи телевизионӣ, бештар аз 200 чорабиниҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ мебошад.
- Саидумрони азиз, солҳои тӯлонӣ зиндагии худро сарфи илму маърифат намудед ва дар ин ҷода муваффақ ҳам шудед. Оё пушаймон нестед ин пешаро, ки ягона манфиаташ ғановати маънавӣ аст ва орӣ аз суди моддист интихоб намудед?
- Шоире мегӯяд:
Номҷӯӣ хилофи нонталабист,
Ҳар кӣ нон ҷуст кам расид ба ном
Муҳити зиндагии ман аз даврони тифлӣ, ки онро китоб, маърифат ва дониш фаро мегирифт, ҳаргиз намегузошт, ки ман пайроҳаи дигар, яъне роҳи бидуни илму адабро тай намоям. Падарам инсони бомаърифате буданд, ки аз хатти ниёгон бархӯрдор ва илми куҳану навро дар пайвастагӣ меомӯхтанд ва фарзандонро ба қадри тавоноии худ таълим медоданд. Дар тоқу токчаҳои падарам дар канори “Қуръони карим” китобҳое чун “Чоркитоб”, девони Ҳофизу Бедил, ”Маснавии маънавӣ”- и Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ, девони Машраб ва Айниву Турсунзодаву Лоиқ меистоданду онҳоро бо навбат ҳар бегоҳ дар ҳалқаи фарзандон бо овози баланд қироат мекарданд. Гузашта аз ин падарам ба маҷаллаи “Садои шарқ”, “Помир”, “Фан ва турмуш”, “Адабиёт ва санъат” обуна буданду маводи муҳими онро мехонданд ва барои мо нақл мекарданд. Китоби “Доғистони ман”- и Расул Ғамзатов, “Дуроҳаи бӯронӣ”-и Чингиз Айтматов китобҳои дӯстдоштаи падарам буд, ки батакрор хондани онро ба фарзандон тавсия медоданд.
Ҳар субҳ падарам барои ман вазифае мегузоштанд ва бегоҳ аз он мепурсиданд. Ин буд, ки ҳар бегоҳ як ғазал аз Саъдӣ, Ҳофиз ё Камол аз ёд барои падарам мехондам. Падарам ин шеъри Шайх Саъдиро пайваста такрор мекарданд ва бад-ин минвол онро ба гӯшам ҳалқа мекарданд:
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест нодонӣ.
На муҳаққиқ бувад на донишманд,
Чорпое дар ӯ китобе чанд.
Маҳз падарам, ки инсоншиносу олимпарвар буданд, аз устоди азизамон Абдулманнон Насриддин, ки дар як маҳалла умр ба сар мебурдем, хоҳиш карданд то маро дар ҷодаи таҳқиқ раҳбару раҳнамо бошанд. Ба баракоти раҳнамоиву меҳрубонии ин устоди муаззам маро даст дод то дар соҳаи матншиносии осори адабӣ ва фарҳангнигорӣ рисолаи номзадии худро дифоъ намоям.
- Воқеан ҳам, аз байни ҳамсабақон аз нахустинҳо будед, ки рисолаи номзадиро дар бахши луғатшиносӣ дифоъ намудед. Ёд дорам, мавзӯъи баҳси рисола хеле доманадор буд ва заҳмати зиёд талаб мекард. Устодони зиёд шубҳа доштанд, ки ин кори бузургро як муҳаққиқи ҷавон анҷом диҳад. Вале ҳароина мо танҳо баъд аз таҳқиқоти Шумо бо луғатҳое мисли «Фарҳанги Қаввос» ва «Сиҳаҳ-ал- фурс» ошноӣ пайдо намудем. Ба андешаи Шумо оё имрӯз дар ин самт чӣ корҳои ҷиддие анҷом ёфта истодаанд?
- Бале, бо раҳнамоии устод се фарҳанги давраи аввали фарҳангнигории форсу тоҷик “Луғати фурс”- Асадии Тӯсӣ, “Сиҳоҳ-ал- фурс”-и Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ, ”Фарҳанги Фахри Қаввос”-и Муборакшоҳи Ғазнавӣ аз назари илми матншиносӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт ва тасҳеҳу танқеҳи осори устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ сурат пазируфт. Дар ин ҷода банда мадюни мактаби бузургмардоне чун В. Капранов, Ҳ.Рауфов, А. Нуров, А. Сангинов, А. Насриддин мебошам.
Бале, дар ин самт корҳои зиёде аз қабили табъу нашри фарҳангҳои қадима,таснифи фарҳангҳои муаллифӣ ва соҳавӣ ба анҷом расиданд ва он идома дорад, зеро таҳқиқи ин соҳа дар тақвияти таърих ва назарияи адабиёт, маърифати сухан арзиши бузург дорад. Заҳматҳои Амон Нуров дар мавриди табъу нашри осори лексикографии куҳан боиси зикр ва қадрдонист. Дар ин маврид мехоҳам аз доираи адабӣ ва илмии Хуҷанд низ ёд кунем, зеро дар густариши фарҳангнигорӣ ва луғатшиносӣ ин мактаб, ки дар саргаҳи он устод Абдулманнон Насриддин меистоданд, хидмати арзандаро анҷом додааст ва то имрӯз он идома дорад. Аз ҷониби муҳаққиқони ин мактаб табъу нашри илмиву интиқодии “Фарҳанги Қаввос”-и Муборакшоҳи Қаввоси Ғазнавӣ, “Луғати фурс”- Асадии Тӯсӣ,,”Донишномаи Қадархон” –и Ашрафи Форуқӣ, аз ҷониби шоир ва фарҳангнигор Абдуҷаббори Суруш таҳияи “Фарҳанги ашъори Камол” ва “Фарҳанги ном”-и Фарзона духти Саидумрон аз дастовардҳои муҳими лексикографияи муосир маҳсуб мешавад.
-Мо медонем, ки дар таҳияи матни осори адабӣ низ чандин корҳоро ба субут расонидед. Аз ҷумла, агар иштибоҳ накунам, таҳия ва чопи рубоиёти Абӯсаиди Абӯлхайр, “Фарҳанги Қаввос”-и Муборакшоҳи Ғазнавӣ, “Пандномаи Анӯшервон”, Бадеи Балхӣ, Девони Камоли Хуҷандӣ, асари Шиблии Нӯъмонӣ “Симои Имоми Аъзам Абӯҳанифа”, “Сафинаи маънӣ” маҳсули заҳмати Шумост...
- Бо устодони кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтаем як нусхаи нави илмиву интиқодии девони Хоҷа Камоли Хуҷандиро бахшида ба 700- солагии шоир омода созем. Бо вуҷуди он ки имрӯз осори Рӯдакӣ аз назари матшиносӣ такмил ёфт ва Қодир Рустам барин адабиётшинос беҳтарин намои ашъори Рӯдакиро барои хонандаи имрӯз пешниҳод кард, банда низ дар садади омодасозии як нусхаи ҷадиди девони Одаму-шуаро ва ҳамасрони ӯ мебошам. Албатта ин кор заҳмати фаровон ва фаъолияти дастҷамъиро мехоҳад, вале умедворем ба ин мақсади хеш бирасем.
- Саидумрон, Шуморо дар байни мардум бештар ҳамчун журналист мешиносанд. Махсусан барномаҳои телевизионии Шумо мисли “Чашмандоз”, “Маърифати ислом”, ”Бузургони Хуҷандшаҳр”, ”Ганҷинаи Мавлоно”, “Оинаи шаб” маъруфияти хоса дошт. Доир ба сатҳи барномаҳои имрӯзаи телевизион чӣ назар доред?
-Телевизион барои ман як мактаби бузурге буд ва имрӯз низ банда аз ҷодаи эҷод дур нестам. Барномаи телевизионии “Оинаи шаб” дорам ва дар радио барномаи “Камоли сухан”-ро , ки аз шарҳи шеъри шоир иборат аст, муттасил идома медиҳам. Имрӯз шароит дар телевизион ниҳоят хуб аст. Танҳо ғояи нав ба нав ва усулҳои замонавиро дар таҳияи барномаҳо гузоштан ҳатмист. Телевизион дорои неруи бузург аст. Хуб мебуд он неруро барои тарғиби арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ ба кор гирем, зеро устувории ҷомеа аз ин ду чиз вобаста аст.
- Беҳтарин маҳфили адабие, ки мардуми огоҳ ва соҳибдилро муттаҳид намуд, маҳфили «Ганҷи сухан» буд, ки шодравон устод раҳнамои мо Абулмаънони Насриддин ороста буданд. «Ганҷи сухан» осори садҳо бузургони адаби форсро ба мардум муаррифӣ ва теъдоди зиёди ҷавононро ба роҳи равшани илму маърифат ҳидоят намуд. Аз номи ҷамъи шогирдон сипос, ки баъд аз устод нагузоштед то шамъи ин маҳфил хомӯш шавад. Банда низ дар чанд маҳфили пурмуҳтавои «Ганҷи сухан», ки дар шаҳру навоҳии мухталифи вилояти Суғд баргузор намудед, ширкат варзидаам ва таассуроти хеле хуб ҳам бардоштаам. Лутфан бигӯед, ки фаъолияти ин маҳфил имрӯз дар кадом поя қарор дорад?
- Дар маҳфили аввалин устод Абдулманнони Насриддин аз вазифаву ҳадафи маҳфили мазкур дар назди ҳозирин изҳори назар намуданд:
“Рисолати аслӣ ва асосии маҳфили мо мусоидат ба шаклгирии завқу салиқаи зебоишиносии ҷавонон ба самти созгор ва ҷалби таваҷҷуҳи онон ба ормон ва марому маслаки замон, неру бахшидани раванди адабӣ ва парвариши ҷавонони тозароҳу тозарӯҳ ва умедбахш аст. Ба ин маънӣ, бесабаб нест, ки маҳфили адабиро «мактаби адабиёти давра» ном додаанд, ки барои қомат афрохтани бинои боҳашамати адабиёти ҳақиқӣ ва падид омадани равишҳои тозаи эҷодӣ созгор буд. Маҳфили адабӣ василаи хуби густариши андешаи созандагӣ дар ҷомеа ва парвариши насли соҳибмаърифат, донишманд ва соҳибтаффакур аст. “Ганҷи сухан” ана ҳамин рисолати аслии худро анҷом медиҳад. Ҳар моҳ бургузор мешавад ва адибону олимон аз ин ё он мавзӯъ суҳбат мекунанд ва фазои адабиву фарҳангии моро неру мебахшанд. Маҳфил, ки дар радифи осори ҷовидонаи Устод Насридинов ба мо мерос расидааст, силсилаи китобҳои худро бо номи “Армуғони ганҷи сухан” дорад, ки шумораи шашуми он дар арафаи интишор аст. Дар ин китоб маърӯзаҳо дар шакли мақола ва ашъори адибон нашр мешавад. Ҳамчунин фаслномаи “Ганҷи сухан” низ рӯи чоп омад. Ҳар як нишасти маҳфил сабту танзим мешавад ва тавассути телевизион ироа мегардад. Дар ютуб низ саҳифаи худро дорад, ки барои ҳамватанони бурунмарзии мо, ки алоқаманди адабиёт ва фарҳанги миллианд ихтисос дода шудааст. “Ганҷи сухан” бо ибтикори устод ва дастгирии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳӣ ба маҳфили сайёр табдил ёфт, ки нишастҳои он дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо навбат, доир мегардад. Дар маҳфилҳо адибону муҳаққиқони маҳалҳо имкон пайдо мекарданд, ки бо донишмандону адибони маркази вилоят аз наздик мулоқот намоянд ва дар ин замина суҳбатҳои судманд баргузор гардад.
-Саидумрон мебинам, ки тавассути васоити ахбори омма дар баробари мақолаҳои адабиву фарҳангӣ нигоштаҳои Шумо дар мавриди сиёсат ва амният низ интишор мешавад. Ин руҷуъ аз илму фарҳанг ба сиёсат аст?
-Дар ҷомеа буда аз дарду ғами он барканор будан ин аз рӯи адолат нест. Аҳли адаб ва илму фарҳанг бояд дар ҳар маврид мавқеи сиёсии худро дошта бошанд. Махсусан дар замоне, ки ҷаҳон аз хушунат, терроризм ва экстремизм ба дод омадааст. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи амнияти кишвар ҷоннисориҳо менамоянд ва дастгирии мавқеи Сарвари давлат барои ҳар як нафар зиёӣ фарз аст. Аз ин рӯ гоҳо тавассути расонаҳо пайваста фикру андеша ва пешниҳодҳоямро барои беҳдошти вазъ баён месозам...
- Ба хотирам мерасад, дар ҷавонӣ, ки ҳанӯз худ шогирд будем, бо шӯхӣ ва лутф ин байтро зам-зама мекардед: «Мӯи сафедро фалакам ройгон надод, Ин риштаро ба нақди ҷавонӣ харидаам». Имрӯз, ки воқеан ин асари риштаҳои ба нақди ҷавонӣ харида сари моро оро медиҳад ва худ низ аз пояи шогирдӣ ба мартабаи устодӣ расидаем, ба шогирдони худ, ки роҳи душвор, вале пурифтихори илмро интихоб намудаанд, чӣ маслиҳат медиҳед?
- Ин умр ин қадар зудгузар будааст. Дирӯз буд, ки дар донишгоҳ дарс мехондему ғарқи шавқу завқи ҷавонӣ будем. Имрӯз ба қавле ҷавонӣ ҳам рафту зиндагӣ низ ба чашм ба ранги дигар метобад. Рӯдакӣ гуфта буд, ки ”Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир” ва аз ҳамин чашмандоз ман барои худам хулосае баровардаам, ки илм бояд боамал бошад. Аз ин рӯ барои ҷавонон аз номи шоир мегӯям:
Чи суд аз он, ки китобхонаи ҷаҳон аз туст,
На илм ҳар чи амал мекунӣ ҳамон аз тус
-Сипос барои як суҳбати пурмуҳтаво.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: