Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ҷабри тақдир

27-05-2020, 15:26
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Ҷабри  тақдир

Нахуст салому дуруд ба эҷодкорони рӯзномаи роҳнамою дардошнои «Минбари халқ». Ба арзи Шумо мерасонам, дар шумораи 11-умин (аз 11.03.с.2020)-и нашрия матлаберо таҳти унвони «Фарёди солҳо» мутолиа намудам, ки муаллифаш рӯзноманигори варзида Ҷумъахон Темурзода мебошад. Муҳтавои он мақола ва сарнавишти қаҳрамони он маро низ водор намуд қалам ба даст гирифта, ба хотири шод намудани рӯҳи поки донишманди зиндаёд Асомиддин Насриддинов, ки ба банда ҳаққи устодӣ доранд, порае аз ёддоштҳои худро рӯйи коғаз орам.
Воқеан Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи устод Садриддин Айнӣ яке аз нахустин марказҳои илмию маърифатии кишварамон маҳсуб ёфта, дар тӯли фаъолияти хеш кадрҳои зиёди арзандаю муътабарро рӯйи кор овардааст, ки имрӯз ифтихори миллату Меҳан мебошанд.
Дар ин донишсаро тайи солҳои зиёд чандин устодони донишманду ҷӯянда, тарбиятгарони мушфиқу меҳрубон ва муҳаққиқони варзида ба шогирдон сабақ дода, меҳру муҳаббати хешро дар қалби онҳо абадӣ ҷо намудаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои маҳбубу машҳур устоди волоқадр Асомиддин Насриддинов мебошанд. Шодравон А.Насриддинов солҳои 70-уми асри гузашта ба ҳайси муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (алҳол ба номи С.Айнӣ) ифои вазифа мекарду, ҳамзамон, ба донишҷӯёни бахши филологияи тоҷики таълимгоҳи номбурда аз фанни адабиёти классикӣ машғулият мегузаронид. Домулло Насриддинов дар зоҳиру ботин яксон ва дар маҷмӯъ, намунаи ибрати ҳамагон буд.Тарзи либоспӯшӣ, шину хез, одоби муошират ва ҳар ҳарфу ҳиҷои устод бо шинамию ҷаззобӣ, ибратангезию таъсирбахшоӣ аз дигар устодон ба куллӣ фарқ мекард. Ба устод дар баробари сарулибос, мӯйсари мошубиринҷи бо салиқаи хос шоназадаю ба қафо гардонида ва тоқии чоргули тоҷикӣ басо зебанда буд. Чеҳрааш нуронию нигоҳи андешаманд ва виқори ба худ хоси ӯ таваҷҷуҳи ҳар як шахси дар суҳбат ё рӯ ба рӯяш қарор доштаро зуд ба худ ҷалб менамуд.
Мо аз он насли хушбахтем, ки аз панду андарзҳои гуҳарбори А.Насриддинов бархӯрдор гардидаю аз дарёи донишаш ҷуръаҳои ҷонбахш нӯши ҷон намудаем.
Ба муаллифи ин сатрҳо ва шарикдарсонаш яке аз машғулиятҳои нахустини устод Насриддинов бениҳоят таассуроти амиқ бахшида, моро таккон дод, ки то дер аз лавҳи хотирамон фаромӯш намешавад. Айни замон ёдоварии он лаҳзаро бамаврид меҳисобем.
Муаллими адабиёти классикӣ Асомиддин Насриддинов ба аудитория ворид шуда, баъди ба ҷо овардани одоби салом ба аҳли толор бо диққат дида дӯхт. Сипас, дар ҳоле ки ба минбар андаке такя карда, рост меистод, бо имои ангушт аз ҳар гӯша панҷ-шаш нафар донишҷӯро, ки ҳамагӣ ҷавонписарон буданд, назди худ даъват кард. Устод баъди ҳозир шудани даъвватшудагон аз ҳар кадоми онҳо касбу кори волидонашонро пурсон шуд. Аз посухи донишҷӯён маълум гардид, ки яке аз онҳо писари деҳқону боқимондаашон писарони шахсони маълумоти олидор будаанд. Пас аз анҷоми пурсуҷӯ устод ба сари мақсад омада, ба ҳозирон рӯ оварда, чунин иброз дошт:
- Ана бубинед, ки панҷ нафар донишҷӯ бо вуҷуди падарони соҳибмаълумоту соҳибвазифа доштан азми дар оянда тарбиятгари насли наврас шуданро доранду мӯйи сарашон дар кадом ҳолат қарор дорад? Ҳар кас, ки мӯйи то китф хамидаю қаландармашрабонаи эшонро мушоҳида намояд, яқин ба донишҷӯ буданашон шубҳа мекунад.
- Ту писарам, рав шин, -хитоб кард устод бо мулоиматию нармӣ ба донишҷӯе, ки худро писари деҳқон муаррифӣ карда буду мӯйи сари дарози ӯ низ аз ҳамтоёнаш камӣ надошт. Ва устод ҳамзамон афзуд:
- Падари ин ҷавон, ки деҳқони хокпош асту ҳар рӯз аз субҳ то шом дар саҳро заҳмат мекашад, фарзандону аҳли оилаи худро ба серӣ дида наметавонад, пас ӯ кай вақт ёфта онҳоро насиҳат намудаю намуди зоҳириашонро таҳти назорат қарор медиҳад. - Ин ҷавонон, ба панҷ нафар донишҷӯи ростистода ишорат кард, муаллим Насриддинов, ки падарони соҳибмаълумоту соҳибвазифа доранд, дар чунин ҳол бошанд, пас аз фарзандони кишоварзу ба онҳо монанд чӣ ҷои гила? Ба ин қабил ашхос ҳануз ҳазор сол қабл Маликкушшуаро устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудаанд:
Эй дареғо, ки хирадмандро,
Бошад фарзанду хирадманд не,
Гарчи хирад дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не!
Воқеан он саҳнаи шабеҳ ба намоиши телевизионии «Беғараз панд» -и устод Насриддинов такконе гардид барои тамоми донишҷӯёни се гурӯҳи соли дуюми факултаи филологияи тоҷик. Пас аз он муҳокимаронии устод ҳар як донишҷӯ кӯшиш ба харҷ медод, то ки на фақат мӯйсар, балки сарулибос ва таҳсилу рафтору гуфтораш як низому тартиби муайян дошта бошаду нисбаташ аз касе эрод нашунавад.
Сад дареғ, ки ба ин устоди қодирсухан, фидоии илм, роҳбари хирадманду ташкилотчӣ ва уҳдабаро тақдир рӯйи хуш надод, аниқ тараш чуноне ки муаллифи матлаби «Фарёди солҳо» нигоштааст: «…Ғаразҷӯёни тангдил то ҷое ки тавонистанд, номи покашро доғдор намуда, ба рӯи эътибори баланди донишмандиаш аз ғараз пардаи чун дилашон сиёҳ кашиданд». Дар охири солҳои 70-уми асри гузашта дар қатори 20 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко, ки иддаи зиёде аз онҳо гули сари сабади илми ҷумҳурӣ буданд, устоди идеолии мо Асомиддин Насриддинов низ бо туҳмату буҳтон ба ҳабси 12- сола маҳкум карда шуд. Ин инсони шариф баъди 9 сол аз ҳабс озод гардид ва бо вуҷуди зарбаҳои номардонаи сарнавишт, ранҷу азияти ҷисмонию рӯҳӣ ба по рост истода, бо ҳамон тамкину виқори ба худ хос ба кору зиндагӣ идома дода, дар тарбияи насли ояндасози кишвар саҳми бузурги хешро гузоштааст.
Олими шинохта, роҳнамои беғарази ҷавонон, фарди покбозу покҷон устод Асомиддин Насриддинов аз зумраи он шахсиятҳои арҷмандест, ки ҷисман аз байн рафта бошад ҳам руҳан бо мост. Асарҳои мондагору ҳаёти шахсии ибратбахш, шогирдони шоистаю бофазилат ва билохир фарзандони солеҳ давоми зиндагӣ, самари умри бобаракати устоди зиндаёданд.
Ва дар фарҷом ду даст ба дуо бардошта гуфтанием:
Шод бодо рӯҳатон, ай устоди зиндаёд,
Ҷаннату дарҳои он бар рӯятон бикшода бод!

Азизи Фаттоҳ, сардабири рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз», узви ИЖТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: