Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » НОДИРИ ОДИЛИ ФОЗИЛ - инсоне аз олами хирад

НОДИРИ ОДИЛИ ФОЗИЛ - инсоне аз олами хирад

26-09-2019, 16:47
Хабарро хонданд: 365 нафар
Назарҳо: 0
НОДИРИ ОДИЛИ ФОЗИЛ - инсоне аз олами хирад
Нисфишабӣӣ хабари реҳлати УСТОД диламро фишурд.
Хешро таскин додам, ки бозгашти ҳама сўйи ЎСТ. Худро ором кардам, ки умри хубе диданд.
Андешаи онро, ки аз худ номе, гузоштанд, хеле овозадор ҳастанду соҳибэҳтиромро низ чун худтаскиндиҳӣ қабул карданӣ шудам.
Аз осори пурғғановаташон, аз пандҳои тиллоияшон аз афкори дар паҳнояшон зимни суханрониҳояшон ёд кардаму гуфтам, зиндагии сазоворе доштанд, некном даргузаштанд.
Ёд овардам, ки беҳтарин донандаи Қуръони карим ва улуми дин буданду боре, аз номи ин дини фарҳангасос чун чалламуллоён бо ташреҳи ба худашон муфид "ҷҷор" назада буд. Олим буданд ва чун ҳар як олими асил фурўтан буданд. Вале чун суолашон мекардӣ баҳр буданд, баҳри дониш, хирад, маърифат, мантиқ, илм ва одамият!
Вале боз ҳам "даргузашт" вожаи дилхароше бароям буд. Таскин наёфтам. Олимеро аз даст додем, ОДАМЕРО барои ҳамешагӣ гум кардем, дареғо.
Хостам чизеро ба хотири рўҳи покашон, ки ҳанўз бо мост, бинависам, алам имконам надод. Ба арвоҳашон дуое фиристодам таскинам нашуд.
Субҳ дар қатори садҳо таъзияҳои дўстону шогирдони устод дардномаи Марям Давлатзодаро ки аз шогирдони УСТОД буд, дар фейсбук хондаму боз андуҳам боло гирифт.
Ва қалам ба даст гирифтам...
Имрўз ба хок як донишманди бузургу файласуф ва донандаи воқеии исломро месупорем. Магар осон аст, таҳаммули он ки шахсиятеро аз даст додем, ки дар миёни бархе аз "олимон"-и хасакӣ ХИРАДМАНДЕ буд , воқеӣ. Олиме буд, ки одамгарӣ тавъам бо илмашон ҳеҷ гоҳе кам нагашта ва бо гузашти солҳо меафзуд.
Марям Давлатзода дар саҳифааш менависад, ки агар вазири фарҳанг ё директори Китобхонаи миллӣ мебудам, намегузоштам, ки ин бузургвор замони пирӣ бе кор ва донишаш бе истифода бимонад.
Магар мо зиёд ашхоси чунин андешаро дарккунанда дорем? Хеле кам.
Кам одамон метавонанд бе супорише, бе маҷбуршавӣ донишманди ҳақиқиро эътирофу эҳтиром кунанд . Дастгирӣ созанд. Замони пирӣ қадраш бидонанд. Кам.
Вале ҳастанд.
Ман Нодир Одилро дар маъракаҳои президентӣ дар раддаи аввал дидаам, ки баъдан Президенти муазам бо камоли эҳтиром аз минбар фаромада ба саломи ин бузургмард меомаданд.
Яъне эътирофу эҳтироми ў аз ҷониби давлат дар шахси Пешвои миллат дар сатҳи олӣ буд.
Солҳои 2012- 2015 ман муовини директори Китобхонаи миллӣ будаму Носирҷон Салимзода директор. Нодир Одил дар аксари маҳфилҳои мо ( конфронсу ҳамоишҳо) дар минбар менишастанду бо камоли майл дар он сухан мегуфтанд. Ҳар як суханронии ў барои аҳли толор қимати хондани як китобро дошт.
Ў бо хоҳиши мо дар Китобхонаи миллӣ он солҳо маҳфили " Маснавихонӣ"- ро сарварӣ мекарданд, ки чун намоиши телевизионӣ ҳам интишор мешуду шунавандаҳои зиёде дошт. Ҳатто одамон аз ноҳияҳо ба ин маҳфил меомаданд.
Ман ба ҳайси роҳбарият дар онҳо ширкат мекардам, вале шогирде будам, ки ҳар як шарҳи ин бузургворро бо камоли майл мешунидам ва аз суҳбатҳояшон дониш ва лаззати маънавӣ мебардоштам.
Носирҷон Салимзода барои устод утоқи алоҳидае таҳия карда буданд, то он кас имкони кору эҷод дар он дошта бошанд.
Барояшон маоше ҳам ҷудо гашта буд, ҳарчанд хеле кам буд шукри ин қадршиносиҳо дошт. Зеро барои бузургсолон миёни ҷомеа будан худ аз ҳама болост, ҳатто аз маош ҳам.
Хушбахт будам он рўзҳо, ки Устод қариб, ки ба кабинети худашон намерафтанду аз хона рост ба утоқи кории ман меомаданд. Бо ҳам суҳбатҳои зиёде доштему ман ҳамеша ба суолҳои зиёди худ аз нигоҳи он кас посух мегирифтам.
Устод ҳатто бо шухӣ маро роҳбар меномиданду ман ҳар бор бо хиҷолати беандоза хоҳиш мекардам, ки маро гунаҳгор накунанд.
Нодир Одил он солҳо камкортар буданду назди ман менишастанд. Ман аз ин ҳолат истифода карда аз ў меомўхтам. Хоса мехостам ба масоили фалсафӣ ва шариатӣ аз назари илмии вай маълумот бигирам.
Падарвор дўсташон медоштам.
Ў як инсон дар ҳазлу мутоиба заковату зарофати хосаро соҳиб буданд.
Гоҳо шўхӣ мекарданд, ки": ...ба ун кабинети қоқ чӣ мерам, дар ҳоле, ки бо парие имкони ҳамнишинӣ дорам. Вале ин парӣ он қадар кунҷков аст, ки мегуйӣ одам боша".
Мо зиёд зимни латифагўйиҳои устод механдидему пайваста таҳлил ва ташреҳи шеър мекардем...
Вале баъди рафтани мо аз Китобхонаи миллӣ ба фикрам устодро ҳам " гуселониданд". Шояд ин ҷойи кори охирини ин хирадманд буд...
Вале чунин одамонро бояд то охири умр сарпарастӣ кард. Дар ин бора дигар иттилоъ надорам...
Хулоса, ман аз зумраи он хушбахтҳое ҳастам, ки аз дониш ва ақлу заковати эшон баҳраҳо бурдаам, ки ин нимашабӣ акнун аз сар рафтани устод ин ҳамаро ба ёд овардаву ба ёди ин падари маънавиям ашк рехтам.
Нодир Одил ҳеҷ гоҳе хор нашудаанд. Ў ҳамеша дар мадди назари одамони бузургдил буданд, ки яке аз онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ин марди оқил бародарвор дўсташон медоштанд.
Аммо пирӣ ва марг ду чизи ногузиранд, ки рўзе одамонро домангир мешаванд.
Аммо номи неки ў ҳамеша дар лавҳи хотири соҳибдилон ва посдорони дониш хоҳад монд.
Хотираи фавқулодаи ин марди бузург як мавзўи дигарест, ки баъдан хоҳам навишт.
Ёдат ба хайр устоди арҷманд, дўсти ифтихории ман, инсоне ки дар суҳбаташ буданро ман фахр меҳисобам.
Марде, ки дар ҳама давру замон ва то дами пирӣ фарҳанги муоширати воло ва нодирро доштанд. Нафаре, ки хурдтарин рафтору гуфтораш аз маърифат лабрез буд. Шахсияте, ки буданаш, зистанаш дар замони мо боиси ифтихори мост.
Хонаи охиратат обод бод, падари азиз, инсони хирадманди нотакрор марди саропо фарҳанг ва маънавият.
НОДИРЕ, ки нодиртарин буд, ОДИЛЕ, ки одилтарин монд. ФОЗИЛЕ, ки камназир аст...
Магар Худованд худаш фармудааст, ки ном, номи падар ва насаби ин инсон ҳамагӣ ба хирад пайванд дошта бошад?
НОДИР+ОДИЛ+ ФОЗИЛ= ИНСОНИ БУЗУРГ!!!
Худованд раҳмату мағфиратат кунад, УСТОД!

Ҳуриннисо Ализода
PS: Вопасин мусоҳибаи Нодир Одил –олими дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшудаи тоҷик бо нашрияи «Минбари халқ» буд, ки ҳамагӣ 4- рўз қабл аз вафоташон зери унвони «Истиқлолият ва шинохти миллат» нашр гардид.
Ў ҳарфи Истиқлолият ва миллат дар лаб бо мо видоъ гуфт ва то охирин нафас ҳамчун як инсони соҳибандешаву устувор зисту номи нек аз худ боқӣ гузошт.
КИМ ҲХДТ ва аҳли қалами нашрияи марказии ҲХДТ аз даргузашти ин шахсияти маъруф андўҳгин буда ба пайвандони марҳум изҳори таслият менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: