Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Калисои православҳои Молдова аз хатари воксинаи коронавирус гуфт

Калисои православҳои Молдова аз хатари воксинаи коронавирус гуфт

21-05-2020, 10:30
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Калисои православҳои Молдова аз хатари воксинаи коронавирус гуфтШӯрои олии Калисои православҳои Молдова бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз мақомоти ин кишвар талаб кардааст, ки гирифтани воксинаи коронавирус баъд аз ихтирои он бояд ихтиёрӣ бошад.

Ба иттилои бахши молдавагии Радиои Озодӣ, дар хитобаи шӯро ҳамчунин омадааст, ки "тавассути воксинаи коронавирус ё COVID-19 эҳтимол аст ба бадани инсон микрочипҳоро ворид созанд".

"Ҷомеаҳои бештари кишварҳои аврупоӣ зидди ҳатмӣ будани гирифтани воксина, аз ҷумла воксинаи COVID-19 ҳастанд. Зеро ба назари онҳо, тавассути воксина ба бадани мардум микрочипҳоро ворид месозанд, то бо технологияи 5G онҳоро назорат кунанд", - зикр шудааст дар хитоба.

Муаллифони хитоба номи миллиардери амрикоӣ ва бунёдгузори ширкати Microsoft Билл Гейтсро низ овардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ шахси асосии масъули ихтирои технологияи микрочипҳо тавассути воксина аст.

Хабарҳо дар бораи Гейтс, микрочипҳо ва 5G яке аз назарияҳои тавтиае мебошад, ки вақтҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда паҳн карда мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: