
Президенти ИМА Доналд Трамп дар робита ба паҳн шудани коронавирус ё COVID-19 фармони эъломи офатро дар ҳамаи 50 иёлат имзо кард. Ин бори нахуст аст, ки дар саросари ИМА омадани офати табиӣ эълом мешавад.
Расонаҳои ИМА борҳо бо нашри матлабҳое фаъолияти Трампро дар робита ба коронавирус танқид карданд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, коршиносон борҳо ба андешидани чораҳи сахт ба хотири пешгирӣ аз коронавирус ҳанӯз дар зимистон исрор карда буданд, вале президент ба пешниҳоди онҳо розӣ нашуд. Трамп дертар Созмони ҷаҳонии тандурустиро танқид кард. Ба гуфтаи президенти ИМА, созмон барои Чин аз ҳад зиёд вақт ҷудо кард.
ИМА аз нигоҳи шумори қурбониёни коронавирус, ки ба беш аз 20 ҳазор расид, Итолиёро низ гузашта ва ҳоло дар ҷаҳон дар мақоми аввал аст. Бино ба омори ахир, шумори мубталоёни коронавирус дар ИМА ба 381 ҳазор наздик шудааст. Аз ҳама бештар сокинони Ню-Йорк (8,5 ҳазор) аз вирус ҷон бохтаанд. Бино ба маълумоти ахир, дар маҷмуъ беш аз ним миллион сокини Амрико ба коронавирус мубтало шудаанд.
Дар Итолиё 19,5 аз вируси мазкур ба ҳалокат расидаанд. Дар ин кишвар беш аз 152 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз нигоҳи маргу мир аз ин вирус Итолиё дар мақоми севум аст. Дар он кишвар зиёда аз 16,5 ҳазор кас ҷон бохта, шумори мубталоён ба беш аз 163 ҳазор одам мерасад.