Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДАРСИ COVID-19

ДАРСИ COVID-19

10-04-2020, 09:58
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
ДАРСИ COVID-19
Ҷаҳонро даҳшате фаро гирифт, ки бани башар ҳеҷ интизорӣ надошт… Ин ҳам бошад дар асри ХХI, замони пешравии илму техника, технологияҳои иноватсионӣ. Ин ҳолатро дар филмҳо медидему, бо завқ тамошо мекардем ва гумон доштем, ки як қиссаи бофтаи хуби саргузаштӣ аст, яъне «фантазия»-е беш нест. Ҳеҷ бовар надоштем, ки ин ҳолат метавонад воқеӣ бошад. Охир ин қарни ХIХ ё ҳадди ақал ибтидои садаи ХХ нест, ки инфрасохтори тансиҳати хеле заиф бошаду, марказҳои замонавии давлатҳои мутараққии ҷаҳон пеши роҳи бемориҳои сироятиро гирифта натавонанд…
Ҳароина, ба истилоҳи мардумӣ «То бад нагӯӣ нек наояд». COVID-19 воқеан, даҳшатангезтарин фоҷеаи асри 21 аст. Ин мараз тавонист, на танҳо ҷони даҳҳо ҳазор инсонҳоро бо худ бибарад, балки ба низоми зиндагии ҷомеаи ҷаҳонӣ, иқтисодиёти кишварҳо низ латмаи сахт ворид кард. Вале ҳамзамон ба бани башар дарси ибрат низ дод. Баъд аз паҳн шудани коронавирус ҳақиқати хеле чизҳоро пай бурдем. Гӯё инсон то ин дам дар хоби гарон буду, бо як такони ногаҳонӣ бедор шуд…
Мо дигар медонем, ки:
1. Ҷаҳони ғарб, ки то ин дам ба мо дарси зиндагӣ меомӯхту ҳамеша оинаи ибрат буд, худ ба дарси илму маърифат бештар ниёз дорад. Чаро? Ман то ҳол ба ин суол посухи мушаххас гирифта наметавонам, ки чаро кишварҳои Осиё, мисли Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Эрон ва ҳатто ӯзбекистону Қирғизистони ҳамсоя пеши паҳншавии бошиддати ин маразро гирифта тавонистанду, кишварҳои абарқудрати олами ғарб мисли ИМА, Итолиё, Фаронса ва Британияи Кабир, ки соҳиби илму технологияи пешрафтаи ҷаҳонанд, пешорӯи он оҷиз монданд?
Гузашта аз ин, ман назди ҳамватанонам, ки баъд аз воҳимаи эҳтимоли паҳншавии коронавирус равғану орд захира мекарданду, мо журналистон онҳоро ба масхара мекашидем, сахт хиҷолатзадаам. Мардуми мо хеле оқилтару бомаърифаттар аз ҳамон амрикоиву фаронсавӣ буданд, ки барои захираи қоғази ташноб аз гиребони якдигар мегирифтанд. Мантиқи захираи орду равған маълум аст, ба хотири рӯзи мабод, ки гуруснагӣ сар занад фарзандон беғизо намонанд. Вале захираи қоғази ташноб чи ҳикмат дорад, нафаҳмидам ки нафаҳмидам?
2. Рӯҳониёни саршинос ва ҳомиёни дину мазҳаб худашон эътиқод надоранд, ки бемориро бо дуо шифо бахшидан имкон дорад. Вагарна бо як таҳдиди коронавирус дари тамоми маъбаду, куништу, масҷидҳои насорову мусалмон ва буддоиву яҳудӣ баста намешуд ва Папаи Рим аз тарси сирояти короно майдони Ватиканро аз обидон холӣ карда, бидуни як шунавандаи зинда, ба фазои холӣ мавъиза намехонд. Имрӯз «куфу суф»-е ки мардуми мо ба он муҳаббату эътиқоди зиёд доранд, ба хатарноктарин амал табдил ёфтааст. Тасаввур кунед, ки як мулло ё фолбине оби даҳонро пош дода, ба об «суффф» гуфта, дам меандозаду, шумо «ба нияти шифо» ва ё “кушоиши кор” менӯшед…
3. Барои ин мараз дорову нодор, шоҳу ҷандапӯш ҳеҷ тафовуте надоштааст. Вай метавонад ҳам ба кулбаи вайронае, ки дару дарвоза надорад ва ҳам қасру кӯшке, ки паси дарвозаву тавораҳои оҳанин қарор дораду даҳҳо муҳофизин онро посбонӣ мекунанд бе иҷоза «меҳмон» шавад.
4. Исбот шуд, ки ИМА дигар ба он андозае, ки воҳима мекунад давлати пуриқтидортарини (суперимперия) ҷаҳон нест ва бо ҳамаи ин ки дорои мушакҳои ҳастаӣ ва техникаҳои муосир ва беназири ҳарбӣ будан, имкон дорад бидуни як тир раҳо кардан таслим шавад.
5. Ҳароина, худшефтагии (эгоизми) сиёсӣ ва инсонӣ пешорӯи ин хатар ба зудӣ рӯи об зад. Иттиҳоди аврупо дар як лаҳза шиорҳои «ҳамгирои»-ву «ҳамраъйӣ»-ро фаромӯш кард. Ҳамаи кишварҳои аъзои ин иттиҳод аз тарси паҳншавии хатари COVID-19 сарҳадҳоро ба рӯи якдигар бастанд, аз пайи наҷоти ҷони худ шуданд. Яъне ҳар кас бо роҳи худ. Аз кумаку дастгирии ҳамдигар рӯ печиданд. COVID-19 собит кард, ки бо андаке таҳдид ин иттиҳод имкон дорад, ки зуд барҳам хӯрад. Аҳолии аврупо, ки ҳамеша аз помол шудани ҳуқуқи башар дар фалону беҳмадон кишварҳо менолид ва ҳатто ҳомии ҳайвоноту ҳашарот буд, дар як лаҳза ин арзишҳоро фаромӯш кард ва худ аз нақзиҳуқуқашшикоятдорад.
6. COVID-19 собит сохт, ки илму ихтироъ ҳамеша дар хизмати тиҷорат ва корпоратсияҳои бузурги ҳарбӣ будааст. Вагарна дар як сол 5-10 навъи телефонҳои мобилии нав ба бозор мебароянду, барои ёфтани воксинаи ин беморӣ тамоми олимон ва марказҳои илмии маъруфи ҷаҳон нотавонанд. Аз дигар тараф, кишварҳои мутамаддини ҷаҳон садҳо миллиард долларро барои ихтирои аслиҳаҳои қатли ом сарф менамоянд, вале ҳатто 1 дарсади ин маблағ барои пешгири аз эпидемия, ки метавонад ҷони миллионҳо нафарро наҷот диҳад, пешбинӣ намешавад.
7. Тероризм ва радикализм воқеан ҳам, бидуни дастгирӣ ва пуштибонии кишварҳои абарқудрат фаъол набудааст. Баъд аз он, ки COVID-19 аз худ дарак дод, саҳнасозони аслии терроризм ба «ғами» худ гирифтор шуданду, дигар дар расонаҳо на хабари куштору таркиш ва на садои тиру тӯп шунида мешавад.
8. Манфиати кормандони сатҳҳои гуногуни соҳаи тиб, ки маошашон ба рӯзгорашон кифоят намекунад, ба ҷомеа бештар мерасидааст, нисбат ба футболбозону ҳунармандони шинохтаи ҷаҳон, ки даромадашон аз буҷети солонаи баъзе кишварҳо бештар аст.
10. Ҷое, ки воситаҳои ахбори оммаи ҳирфаӣ хомӯшанд, воситаҳои воҳимаҳои оммавии ғайриҳирфаӣ фаъол мешаванд…
11. Бо собун даст шустанро ёд гирифтем, ки ин хуб аст. Дигар дар оддитарин ошхона аз тарси ҷарима собуни моеъ гузоштаанд, ки пештар ба назар намерасид.
12. Ҳароина, дар баробари кишварҳову инсонҳои худшефтаву худхоҳ, инсонҳои комиле низ будаанд, ки дар хизмати мардуми ниёзманд қарор доштанд. Даҳҳо нафар муҳоҷирони дар нимароҳ мондаро бо манзил ва садҳо нафар мусофирони гуруснаро бо ғизо таъмин намуданд.
Ин чанд бардоште буд, ки COVID-19 чашми моро ба рӯи он боз кард. Вале, як суоле, ки ин мараз аз куҷо ба ари мо фурӯ рехт, то ҳанӯз матраҳ аст ва посух мехоҳад…
Инсон 50-60 сол қабл аз ин, тамоми бемориҳои сироятиро, ки мисли вабо, тоун, нағзак (оспа) мӯҳлику гузаранда буд азёд медонист ва роҳи пешгирии онро низ пайдо карда буд. Вале даҳсолаҳои охир теъдоди ин гуна бемориҳо ба андозае зиёд шуданд, ки кас ба табиӣ будани онҳо шубҳа пайдо мекунад: СПИД, зукоми паранда, зукоми хук, эбола, SARS, каронавирус … ва ҳазор балои дигар, ки сару ҳисобаш гум.
Танҳо ИМА дар даҳҳо кишвари ҷаҳон мисли Гурҷистон, Қазоқистон ва Украина озмоишгоҳҳои вирусшиносӣ дорад, ки корашон ба таври махфӣ роҳандозӣ шуда, ҳатто ба кишваре, ки озмоишгоҳ дар қаламрави он қарор дорад, аз натиҷаи озмоишу таҳқиқот ҳисобот намедиҳанд.
Мутобиқи маълумот ва санаду далелҳои қотеи баъзе сарчашмаҳо озмоиши коронавирус низ ҳанӯз 5 сол қабл анҷом ёфта буд. Яке аз онлайн-маҷаллаҳои муътабари илми «Нейча» (NATURE) дар шумораи соли 2015 менависад, ки 15 муҳаққиқи вирусшинос дар натиҷаи омезиш додани сафедаи “SHC014» бо вируси «SARS», ки аз шуши (!) хаффош (кӯршапарак) вируси наверо кашф мекунанд, ки таркибаш ба «тоҷ» шабоҳат дошт. Ин вирус имрӯз бо номи COVID-19 машҳур аст, ки ба бани башар таҳдид менамояд. Ба шаҳодати маҷаллаи мазкур аз 15 нафар муҳаққиқон, 13 нафарашон аз Донишкадаи Королинаи Шимолии мустақар дар Чапел-Хилл (ИМА) буда, ду нафарашон олимони варзидаи маркази вирусшиносии шаҳри Ухани (!) Чин буданд. Ухане, ки маркази маъмурии музофоти Хубэй буда, нахустин инсони сироятшуда аз ин шаҳр пайдо шуд. Аз ҳама аҷибаш муаллифи мақола таъкид мекунад, ки барои гузаронидани озмоиш, аз ҷониби марказҳои илмии Пентагон ба ин олимон ҳуҷайраҳои шуши инсон дастрас карда шуд. Яъне ҳароина,ҳадафи асосӣ фаҳмидани таъсири ин мараз ба шуши (рия) инсон буд, ки мо натиҷаашро имрӯз мебинем.
Аз таҳдиди ин марази муҳлик яке аз доротарин чеҳраҳои курраи замин Билл Гейтс низ соли 2015 дар яке аз конфронсҳо хабар медиҳад. Билл Гейтс табло акси ҳуҷайраеро нишон медиҳад, ки аз COVID-19 ҳеҷ тафовут надорад. ӯ таъкид мекунад, ки ягона чизе, ки дар даҳсолаҳои наздик қодир аст беш аз 10 000 000 одамро қир кунад, ҳамин вирус аст.
Ҳанӯз, соли 1798 Томас Малтус рӯҳонӣ ва олим (демограф)-и англис дар асари худ бо унвони «Очерк оид ба қонуни аҳолӣ» назарияеро пешниҳод карда буд, ки рушди босуръати аҳолро танҳо ҷанг, эпедемия (бемориҳои сироятӣ) ва ё гуруснагӣ ба танзим дароварда метавонад. Имрӯз низ равиши «неомалтузианӣ» дар байни сиёсатмадорону олимони маъруфи дунё ҷонибдорони зиёд дорад, ки бо ҳар роҳ мехоҳанд шиддати зиёдшавии аҳолии ҷаҳонро таҳти назорат гиранд.
Агар COVID-19 воқеан ҳам, сунъӣ ва озмоишгоҳи аст, пас хеле устокорона сохта шудааст. Дар он принсипҳои олами вуҳуш ё ба истилоҳи дигар «қонуни ҷангал», яъне «интихоби табииӣ» ба инобат гирифта шудааст. Дар ҷангал дарранда қабл аз ҳама, ба ҳайвони пир ва ё бемор дармеафтад, ки нисбатан заифтар аст. Бубинед COVID-19 низ мисли даррандаест, ки ба ҷони шахсони солхӯрда ва бемор таҳдид мекунад, вале ҷисми солим ва қобили кориро танҳо «сила» карда мегузарад. Ин амри тасодуф аст ё тарҳрезишуда?
Банда низ мехостам, ки тахминҳои ман ғалат бошад, вагарна баъд аз фурӯ нишастани оташи коронавирус, чанд соли наздик бани башарро таҳдиди боз як вируси дигар интизор аст.

Бахтиёр Ҳамдам

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: