Иттиҳоди Аврупо: Ҳоло вақти гунаҳкори COVID-19-ро кофтан нест28-04-2020, 11:48
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
Коронавирус ва ҷазираи бекас Мон Сент-Мишел - ҷазираи машҳури Нормандия, ки ҳамасола бештар аз 3 миллион сайёҳро қабул мекунад, имрӯзҳо комилан холӣ аст. Бо сабаби пандемияи коронавирус мусофирон ва коргарони ғайримуқим минтақаи сайёҳиро тарк карда, танҳо сокинони маҳаллӣ, ки ягон чил нафаранд, инҷо боқӣ мондаанд. Нормандия минтақае дар шимоли Фаронса аст. Акнун қуллаҳои сафед, роҳравҳо ва сангарҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар соҳили баҳр, аз ҷумла Омаха Бич, макони машҳури дар он давра макони ҷойгиршавии қувваҳои мусаллаҳи иттифоқчӣ, акнун холист ва бинандае надорад. Ин яке аз садҳо макони сайёҳии Аврупо аст, ки ба сабаби пандемия имрӯз ба касе лозим нест. Аврупо ба монанди дигар гӯшаҳои дунё сахтиҳои бемории навро бо маѓзу устухонаш эҳсос мекунад. Аз ин рӯ сарварони бо андеша дар фикри раҳонидани кишварҳояшон аз ин вабо ҳастанд. Ба ин сабаб аст, ки Иттиҳоди Аврупо дар маъракаи зиддихитойии Америка ҳамроҳ нест. Вақти гунаҳкори хуруҷи коронавирусро кофтан нест Роҳбари идораи корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Борелл изҳор дошт, ки ҳоло вақти ҷустуҷӯи гунаҳкорони пайдоиши пандемияи коронавируси нав нест. Изҳори назари ин мақоми ИА дар посух ба даъвати баъзе кишварҳост, ки талош доранд, сабаб ва омилҳои пайдоиши эпидемияи COVID-2019-ро дар сатҳи байналмилалӣ таҳқиқ кунанд ва кишварҳои гунаҳкори паҳншавиро маълум карда, ҷазо диҳанд. Тавре аз хабарҳо маълум аст, дар ин маврид ИМА ҳадаф дорад, тамоми айбро ба сари Хитой бор кунад. Аммо ин савол пайдо мешавад, ки чаро ИА дар ин маъракаи зиддихитойӣ худро дур мегирад? Ба ҳар сурат, айни ҳол роҳбари дипломатияи ИА ба даъвати кишварҳои алоҳида барои оғози таҳқиқи байналмилалӣ оид ба сабабҳои эпидемияи ҷаҳонӣ ва гунаҳкор шуморидани мақомоти Чин вокуниш карда, бо ин нишон дод, ки Брюссел ба ҳеҷ ваҷҳ дар давраи шиддат ёфтани ихтилофи байни Вашингтон ва Пекин аз кадом як тараф ҷонибдорӣ намекунад. Ба андешаи раҳбарияти ИА ҳар гуна ҷустуҷӯи кишварҳои дастбакор, дар шароити кунунии авҷи эпидемиологии ҷаҳонӣ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди коронавирус таҳдид мекунад. Дар ҳоле, ки имрӯз ҳар гуна амалкард бояд барои наҷоти ҳаёти инсонӣ бошад. Роҳбари корҳои хориҷии ИА ҳамчунин зимни шарҳи изҳороташ афзуд, ки ин андеша мавзеи муштараки кишварҳои аъзо ва натиҷаи «гуфтушунидҳои виртуалӣ» -и вазирони корҳои хориҷии ин иттиҳод аст. «Дар кори мо аввалтар аз ҳама бояд вокуниш ба пандемия, наҷот додани ҳаёт, ҷилавгирӣ аз паҳншавии он мебошад. Мо эпидемияро танҳо тавассути ҳамкориҳои глобалӣ мағлуб хоҳем кард ва ба воситаи таҳқиқу гуноҳро ба сари якдигар бор кардан наметавонем сабабҳо ва сарчашмаи пандемияро муайян кунем», - гуфт Ҷозеф Борелл. Ёдовар мешавем, Австралия кишварест, ки ахиран ба сурати расмӣ барои оғози таҳқиқи мустақилонаи байналмилалӣ оид ба сабабҳои сар задани COVID-2019 дар Чин, инчунин ба таҳқиқи иқдомҳои ба назари ин кишвар «номуассир»- и Ташкилоти Ҷаҳонии Тандурустӣ дар вақти буҳрон даъват кард. Ҳамзамон, дар Америка ду иёлат расман бар зидди Пекин ва ТҶТ ба суд муроҷиат кардаанд ва аз номи чанде аз шаҳрвандони алоҳидаи америкоӣ низ ба додгоҳ чунин муроҷиатҳо ворид шудааст. Дар Конгресси ИМА низ комиссияи махсус барои таҳқиқи вазъи эпидемия дар ин кишвар ва пайдо кардани кишвари дастбакори коронавирус таъсис додаанд. Хитой зуд ба ин амалкарди Австралия вокуниш нишон дода, ин кишварро сахт танқид кард. Намояндаи сафорати Чин дар Канберра гуфт, ки сиёсатмадорони австралиягӣ, пас аз мақомоти америкоӣ , ба Пекин ҳамлаҳои сиёсии беасос мекунанд. Ва даъвоҳое дар либоси муроҷиати қонунии америкоиҳо, ки дар шакли мурофиа аз ҷониби мақомоти расмии иёлатҳои ин давлат ва шаҳрвандони алоҳидаи он таҳия шудаанд, «масхарабозие нисбат ба адолати судӣ» аст. Дар пасманзари шиддат гирифтани пандемияи COVID-2019, афзоиши ихтилофҳо байни Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни он аз як тараф ва ҶХЧ аз тарафи дигар, боис шуд, ки Иттиҳоди Аврупо аз ҳарду ҷониб дар масофаи баробар худро дур гирад ва таъкид бар зарурати ҳамкорӣ дар мубориза бо сирояти коронавирус кунад. Ба гуфтаи намояндаи идораи дипломатии Хитой, ҳоло ҳама дар фикри пешгирӣ аз ин вабо бошем, ки дар саросари ҷаҳон аллакай ба Зиёда аз 3 миллиону 6 ҳазору 100 нафар расида, аз онҳо тақрибан 208 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Коршиносон бар ин боваранд, ки чунин мавзеъгирии хоси ИА дар масъалаи ҳассоси пандемияи COVID-2019 ба навъе баёнгар ва тасвири умумии ихтилофҳои ин қитъа бо сиёсати шариконашон дар он сӯи уқёнуси Атлантика аст, сиёсате, ки зери маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп амалӣ мегардад. Он ҳамчунин як навъ ба намоиш гузоштани сиёсати то ҳадде мустақил дар ин шароити вазнин аст. Брюссел мекӯшад, ба мисли бисёр кишварҳои дигар эътимоди худро дар шароити паҳншавии коронавирус ба корҳои ҷаҳонӣ афзоиш диҳад. Масалан, ИА пештар рад шудани дархости Эрон аз сӯйи Хазинаи Байналмилалии Пул дар бораи ҷудо кардани маблағ барои мубориза бо коронавирусро танқид кард ва ба таҳримҳои зиддиэронии Америка эътибор надода, мустақилона ба Теҳрон таҷҳизоти тиббӣ фиристод Ҳоло ИА инчунин ба таври фаъол як «пули ҳавоӣ» барои расонидани ёриҳои башардӯстона ба қитъаи Африкаро таъсис медиҳад. Хотиррасон кардан бамаврид аст, Ҷозеф Боррел дар декабри соли гузашта, ҳангоми таъин шуданаш ба мақоми олӣ оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амнияти ИА, исрор карда буд, ки афзалияти сиёсати хориҷии «Аврупои муттаҳид» барои панҷ соли оянда табдил додани он ба бозигари мустақили «геостратегӣ» хоҳад буд. Бо вуҷуди он ки ИА дар оѓози пайдоиши пандемия ҷиҳати мубориза бо ин беморӣ кишварҳои ин қитъа ба иштибоҳот роҳ доданд, аммо имрӯз ба назар мерасад, ки Брюссел аз ҳолати сардаргумӣ берун шуда, нақши худро тақвият медиҳад. Коршиносон таъкид бар он доранд, ки сарфи назар аз талоши баъзе кишварҳо барои ҳифзи ҷойгоҳашон дар сиёсати ҷаҳонии давраи пас аз коронавирус, Иттиҳоди Аврупо мекӯшад ҳамкориҳои байналмилалӣ дар оянда на бар асоси таҳдид ва фишор, балки бар пояи равобити созандаву судманд шакл гирад. Дар ҳамин ҳол, роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адан Гебрейсус, ташкилоте, ки фаъолияташ дар давраи пас аз пайдоиши коронавирус аз сӯи роҳбарияти ИМА ба шиддат танқид шуд, изҳор кард, ки барои мубориза бо ин беморӣ корҳои бисёре иҷро шудаанд, аммо далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки бахши зиёди аҳолии ҷаҳон дар муқовимат ба коронавирус осебпазиранд ва ин маънои онро дорад, ки авҷи нави беморӣ ба осонӣ ва боз ҳам ѓайриинтизор дар ҳар кишваре сар шуда метавонад». Ба гуфтаи ӯ, ҳар рӯз кормандони ин созмон, ҳазорҳо мутахассиси соҳа дар саросари ҷаҳон барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва ташхис кор мекунанд ва дар ҷамъбаст беҳтарин далелҳои илмиро ҳамчун роҳнамо барои кишварҳои гуногун таҳия мекунанд. Бар асоси ин натиҷаҳо ва ҷиҳати татбиқи ин тавсияҳо созмон ба кишварҳо ёрӣ мерасонад. Солеҳ Юсуфов
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.