Ёвон: кӯмакҳои яквақтаинаи ба камбизоатон4-05-2020, 12:20
Хабарро хонданд: 163 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз фазилатҳои неки моҳи шарифи Рамазон гирифтани дасти бенавоён ва расонидани кӯмак ба онҳо мебошад. Дар ин ҳошия Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба оилаҳои ниёзманд ва беморону шахсони яккаву танҳо дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида истодааст. Чунин як иқдоми ҳизбӣ ба зани русзабони танҳо Лидя Антоновна, ки 84 сол дораду ба лутфу меҳрубонӣ ва кумак ниёз дорад, расонида шуд, ки модари азиз аз давлату Ҳукумат ва хосса Сарвари инсонпарвару башардӯсташ сипосгузорӣ намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.