Аёдати собиқадорону ниёзмандон18-03-2019, 10:55
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
Мастчоҳ: Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аёдати чанд нафар пирони барнодил, собиқадорони меҳнат ва оилаҳои ниёзманд ба ҷо оварда шуд. Аз ҷумла, дар деҳаи Виткон ду нафар маъюбони барҷомонда ва як нафар собиқадори соҳаи маориф аёдат карда, ба онҳо кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Раиси кумиҷроия Имоммуҳаммад Наврӯззода онҳоро бо фарорасии баҳори дилафрӯз ва наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта, рӯзгори ободу осударо таманно кард. Аёдатшудагон дар навбати худ арзи миннатдории хешро ба роҳбарияти олии ҲХДТ расониданд. Иқдоми мазкур ба истиқболи Наврӯзи байналмилал ва 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амалӣ карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.