Аёдат ба муносибати Иди Саиди Фитр24-06-2017, 13:36
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
ЗАФАРОБОД. Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бахшида ба муносибати 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди Саиди Рамазон бо мақсади амалӣ намудани ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТмӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳдории анъанаҳои неки ниёгон дидорбинии шахсони барӯманд ва расонидани кӯмаки моддӣ ба оилаҳои ниёзманд тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Имрӯз бо супориши Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Раҷаббой Ашӯров муовини Раис ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумиҷроия барои айёдати шахсони барӯманд, пиронсолон, ятимон ва шахсони яккаву танҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия рафта аз аҳволи онҳо бохабар шуданд. Зимни суҳбату мулоқотҳо шахсони аёдаткарда шукри истиқлолият шукри Ваҳдати миллӣ намуда, миннатдории хешро барои ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон расонида барои устувории истиқлолият, ваҳдату амонӣ ва оромиву шукуфоии Ватани азизамон дасти дуо кушоданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.