Ноҳияи Лахш нақшаи обунаро иҷро кард23-09-2017, 15:07
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Саҳми КИ ҲХДТ бо сарварии Насиба Ғафурова дар гузаронидани ҷашну чорабиниҳои милливу давлатӣ, аз қабили ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Рӯзи Модар, Наврӯзи Оламафрӯз, ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон чашмрас буда, дар баргузории онҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст. Дар идҳои Рамазону Қурбон низ кумакҳо ба роҳ монда шуда, дар арафаи моҳи Рамазон ба 30 оилаи камбизоат, бепарастор ва танҳо кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд. Дар Иди Қурбон ба чанд оилаи эҳтиёҷманд маводи ғизо тақсим карда шуд. Моҳи июли соли 2017 маъракаи обуна ба нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» оғоз ва он рӯзи 13 сентябр бо теъдоди 411 нусха ҷамъбаст гардид. Бахшида ба Рӯзи Дониш аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» гузаронида шуда, ба 20 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат лавозимоти дарсӣ ба маблағи 2500 сомонӣ харидорӣ карда шуд. Ҳамчунин аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ гурӯҳҳои таблиғотӣ бобати фаҳмонидани зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуданд, ки дар 10 ҷамоати деҳоти ноҳия, ҷамъ 52 деҳа корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бурда шуд. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.