Аксияи ҳизбӣ19-06-2017, 10:21
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаи давлатии марказӣ- хизматрасонӣ дар хона, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, соҳибкор Сулаймон Шамсов бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Насимҷон Ғоибзода баҳри сазовор истиқбол гирифтани 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва дар ҷамоатҳои деҳоти Чагам, Саричашма, Даштиҷум ва Лангардара Аксияи ҳизбиро таҳти унвони “Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор дорад!»-ро гузарониданд. Гурӯҳи корӣ аз ҳолу аҳволи беморону барҷомондагон, ки маъюбу бистарианд дидан намуда, ба онҳо кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расониданд. Чунин амали хайрхоҳонаи ҳизбиён дар арафаи ҳамаи иду ҷашнвораҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Беморону ниёзмандон ва пайвандони онҳо нисбати Роҳбарияти Олии ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миннатдории худро баён намуда, иброз доштанд, ки: шукрона аз Ватани тинҷу ором, аз Сарвари хирадманду бо маърифати халқу давлат Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки мо беморону барҷомондагон доимо зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бепоёни роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дорем. Дар ин радиф Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба 16 нафар, аз тарафи соҳибкор Сулаймон Шамсов ба 20 нафар, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 106 нафар, аз ҷониби муассисаи давлатии маркази хизматрасонӣ дар хона ба 10 нафар ва аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ба 10 нафар маъюбон, ятимон ва бепарасторон кӯмаки молиявию моддӣ расонида шуд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.