Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » А. Латифзода: ¬Ғамхори якдигар бошем

А. Латифзода: ¬Ғамхори якдигар бошем

23-04-2020, 09:25
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
А. Латифзода: ¬Ғамхори якдигар бошем
Асрор Латифзода- муовини Раиси ҲХДТ дар конференсияи якҷояи ташкилотҳои Иттифоқи касабаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар чор ноҳияи пойтахт гуфт: «Мо, масъулон ва кормандони ҳизбӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои рӯзмарраи худ, бояд аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар бошем, ба мушкилоти ҳамдигар диққат диҳем ва ѓамхори якдигар бошем».
Номбурда бо ишора ба вазъияти имрӯзаи кишварҳои ҷаҳон дар пешорӯи мубориза бо хатарҳои мавҷуд аз паҳншавии коронавирус афзуд, кияке аз мақсадҳои асосии муттаҳид кардани ташкилотҳои Иттифоқҳои касаба, ки то ин вақт ҳар яке ба таври мустақил фаъолият доштанд, дар баробари афзоиши тавонмандии ин ташкилотҳо дар иҷрои фаъолиятҳои оинномавӣ, таъмини иҷрои нақшаву тадбирҳои муассир ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аъзо ва саҳми бештар дар амалӣ гардидани нақшаҳои маишии кормандони ҳизбӣ аст.
ӯ зикр кард, ки пешниҳоди муттаҳид кардани ташкилотҳои Иттифоқҳои касабаи КИМ, кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои пойтахт бо мақомоти роҳбарии ҳизб ҳамоҳанг ва тавсияҳои муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ, ки низ аъзои ин Иттифоқ ҳастанд, гирифта шудааст.
А. Латифзода дар ин ҷамъомад бо ёдоварии ин нукта, ки ташкилотҳои ибтидоии номбурда бо зиёда аз сад нафар аъзо пас аз таъсиси Кумитаи иттифоқи касабаи ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Душанбе ба яке азташкилотҳои бонуфуз табдил меёбад, таъкид намуд, ки«Ҳамаи мо иштирокчии фаъоли тамоми чорабиниҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ҳастем ва чунин як таҷриба барои пешбурди нафақат корҳои ҳизбӣ, балки тадбирҳои иҷтмоиву маишӣ дар доираи фаъолияти Иттифоқи касаба низ дар оянда мусоидат хоҳад кард».
Муовини Раиси ҲХДТ таъсиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи ташкилотҳои ҳизбии пойтахт дар ҳайати 15 нафарро як ҳодисаи хотирмон ва таърихӣ барои ҳизб ва ҳар корманди ҳизбӣ ва ниҳодҳои марбути он дониста, афзуд: «Мо кӯшиш мекунем, ки дар баробари иқдомоти дигар ҷиҳати такмили кори ташкилоти муттаҳидаи Иттифоқи касаба нақшаҳоеро ба иҷро расонем».
Мавсуф баргузории курси бозомӯзии аъзои Иттифоқи касаба бо иштироки аъзои Кумита ва раёсати онро яке аз чунин иқдомот ном бурд, ки дар ояндаи наздик амалӣ хоҳад шуд.
ӯ ёдоварӣ кард, ки то ин дам баъзе аз нуктаҳои муҳими Оиннома (Низомнома)-и ҲХДТ дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва дар заминаи истироҳату фароѓати кормандон пурра ба иҷро намерасанд ва бовар дорем, ки Кумитаи навтаъсиси Иттифоқҳои касаба дар ин замина, тадбирҳоеро ба нақша гирифта, мавриди амал қарор медиҳад. А. Латифзода: ¬Ғамхори якдигар бошем
Аъзои Иттифоқи касабаи КИМ ва Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои пойтахт бо пешниҳоди гурӯҳи тадорукотӣ 15 нафарро аъзои Кумитаи муттаҳида ва Зарина Файзуллозода - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синоро сарвари он интихоб карданд.
Дар конференсия, инчунин, комиссияи назоратии ташкилоти Иттифоқи касаба ва дигар ниҳодҳои зарур ва вобастаи он ба тарзи овоздиҳии ошкор интихоб шуданд.
Сипас, масъалаи пайвастани ин ташкилоти навтаъсис ба Иттифоқи касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳс қарор гирифт. Дар ин замина, Ҷамшед Собиров - мудири шуъбаи дастгоҳи Кумитаи марказии Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон бандҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи иттифоқҳои касаба»-ро шарҳ дода, муттаҳид шудани ташкилотҳои Иттифоқи касабаро аз ҷумлаи ҳуқуқҳои оинномавӣ (низомномавӣ)-и мақомоти интихобии ташкилотҳои соҳавӣ номбар кард.
Дар идома иштирокчиёни маҷлиси якҷояи Иттифоқи касаба ба тарафдории қарор дар бораи шомил шудани ташкилоти нави муттаҳида ба Иттифоқи касабаи мустақили Ҷуҳурии Тоҷикистон якдилона овоз доданд.

Дар конференсия, муовини якуми раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Нигора Нураҳмад иштирок ва мақомоту аъзои ташкилоти муттаҳидаро барои қабули чунин тасмим табрик гуфт. ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ин иқдом барои пурмаҳсул гардидани фаъолияти ташкилотҳоииттифоқи касабава қисмҳои таркибии сохтории онҳо ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии аъзои иттифоқи касаба нақши муҳим мебозад.
Номбурда ёдовар шуд, ки ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба тавассути мақомоти интихобии мутобиқи Оинномаи (низомномаи) соҳавӣ таъсисшуда ё тавассути намояндагии иттифоқи касабае, ки ваколатдори намояндагии манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба аст ва дар доираи муқаррароти пешбининамудаи қонун ва оинномаи иттифоқи касаба амал менамояд, ваколатҳои худро амалӣ менамояд.
Дар сурати дар муассисаву идора ва корхонаҳо мавҷуд будани чанд ташкилоти иттифоқи касаба бо мувофиқаи байни онҳо ташкилоти иттифоқи касабае, ки аксарияти кормандонро муттаҳид месозад, ё дигар мақомоти намояндагии ташкилоте, ки теъдоди бештари кормандонро муттаҳид менамояд, ба ҳам омада, кумитаи муттаҳида созмон медиҳанд.

Дар конференсия ёдоварӣ шуд, ки Иттифоқи касаба, ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро дар заминаи манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ѓайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзояш муттаҳид менамояд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: