Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тақдими Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба”

Тақдими Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба”

27-06-2017, 09:47
Хабарро хонданд: 167 нафар
Назарҳо: 0
Тақдими Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба”
ДУШАНБЕ, 27.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 27 июни соли 2017 дар рӯзи таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда баҳри пешрафти кори иттифоқҳои касаба бо Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба” сарфароз гардиданд.

Нишонро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Шербаков тақдим намуда, нақши Сарвари давлатро дар рушду пешрафти кори соҳа муҳиму назаррас арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати ояндадору дурбинона ва хайрхоҳонаи худ ҳамеша ба масъалаи беҳдошти шароити кору зисти меҳнаткашон аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳамин талошҳову тадбирҳои созандаи Пешвои миллат буд, ки дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоии коргарон беҳтар гардида, мардум зери сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тинҷу ором кору зиндагӣ менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, ба ин нишони олӣ сарфароз мегарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: