Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Танзим ва арзишҳои миллӣ

Танзим ва арзишҳои миллӣ

26-07-2017, 14:25
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Танзим ва арзишҳои миллӣ
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин, ба муносибати 10- солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои динӣ, марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон баргузор гардид.
Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, суханро ба Раҳимзода Раъно – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дод.
Раъно Раҳимзода ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро нек арзёбӣ намуда, аз номи узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ба ҳизбиёни вилоят изҳори миннатдорӣ намуд. Раъно Раҳимзода қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, асос гузошта, ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат намуд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят бо иқдоми навбатиаш баҳри амалӣ гардонидани ин қонун саҳми босазо гузошта истодааст.
Танзим ва арзишҳои миллӣ
Дигар баромадкунандагон : Умарҷон Сафаров сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Усмон Нуров сархатиби масҷиди марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, Файзулло Абдуллоев намояндаи ҳизби Коммунисти вилоят, Ҳамидов Орзу роҳбари Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон, Зоиров Ҳабибулло намояндаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, Сурайё Мерганова рӯзноманигор аз Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон ва дигарон баромад намуда, қайд карданд, ки бо гузашти даҳ сол ин қонун яке аз омилҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва пойдории арзишҳои миллӣ гардид.
Дар фароварди маҷлис иштирокдорони ҳамоиши намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ якдилона ба мардуми шарифи вилояти Хатлон таҳти унвони «Экстремизм, террориз ва сепаратизмро дар ҳама шаклҳояш маҳкум мекунем!» муроҷиатнома қабул намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: