Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Омори вилояти Суғд» вохӯрӣ доир гардид, ки дар он вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Темур Дадобоев, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва раиси иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд Усмонӣ Иъном Султонзода ширкат варзиданд.
Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, Ҳокимбек Накҳатзода ҳамаи иштирок чиёни чорабиниро ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод намуд ва доир ба нақши таърихии иҷлосияи тақдир созсуханронӣ намуд.
Вакили иҷлосия Темур Дадобоев хотироти хешро аз даврони ин иҷлосия ёдовар шуд.
Дар баромади худ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ зикр намуд, ки бо шарофати баргузории ин иҷлосия давраи комилан нави муносибатҳо ва таҳаввулоти ҷиддии сохторию мазмуниро дар раванди давлатдории мо оғоз бахшид.
Дар поёни чорабинӣ аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ ду нафар фаъолон бо Сипосномаю Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. Инчунин ба зиёда аз 10 нафар кормандони омор ивилоят, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.