Миёнаҳои солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадуми асри гузашта, рӯзномаи ноҳиявии «Байрақи ленинизм»- и ноҳияи Ҳисор яке аз серхонандатарин нашрияҳои ноҳиявӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, бо теъдоди бештар аз 14000 нусха ҳафтае се бор чоп мешуд. Муҳарририи рӯзномаро он солҳо ҳақиқатнигори ҷасуру хушсалиқа Фатҳуллоҳи Азиз ба уҳда дошт. Номбурда, бо ҷалби хабарнигорони фаъоли ҷамъиятӣ, омӯзгорону олимон, мутахассисони соҳаи тандурустӣ рӯзномаро хеле ҷолибу хонданибоб гардонид. Чопи мақолаҳои проблемавӣ ва луқмаю фелетонҳо зиёд гашт. Бинобар муҳтавои рангин ва хонданибоб буданаш рӯзномаи «Байрақи ленинизм» (ҳоло «Ҳисори Шодмон») ҳар сол дар якчанд номинатсия ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ мешуд.
Баъдан, чакидаҳои хомаи ин хабарнигорон хеле суфтаву равон гашта, дар соҳаи журналистика комёб шуданд. Таърихнигору кишваршиноси варзида Зафар Дӯстов (рӯҳашон шод бод!), хабарнигорони мушоҳидакору чирадаст Абдухолиқи Наққош, Насрулло Юсуфов, Алиҷон Ҷӯраев, Сӯҳроби Зиё, Муҳаммадулло Табарӣ, доктори илмҳои филологӣ Ҷовид Муқим, номзади илмҳои филологӣ Ҷамолиддин Ёқубӣ, номзади илми кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, шодравон Акбари Саттор, муассису муҳаррири рӯзномаи «Дунё» Асҳобиддин Суннатӣ ва дигарон аз ҳамин ҷумлаанд.
Бо ташаббуси муҳаррири навовару ташаббускор саҳифаҳои махсуси «Нешханд», «Ҳифзи табиат-вазифаи аҳли ҷамъият», «Тарбияи маънавии инсон- талаби замон», «Шифо», «Пок дор аз ҳар ғубор оинаат», рубрикаҳои «Мушоҳида», «Мулоҳиза», «Таърихи диёрро донем» ва ғайра таъсис ёфта, хеле хонданибоб шуданд. Фатҳуллоҳи Азиз ба кормандони рӯзнома ҳар ҳафта вазифаҳои алоҳида супурда, талаб мекард, ки қобилияташонро дар жанрҳои гуногун санҷанд. Маҳз ҳамин серталабии муҳаррир буд, ки касбияти рӯзноманигорони нашрия рушду такомул ёфта, дар рӯзнома беш аз пеш лавҳаю очерк, репортажу мухбирнома, мусоҳибаю мақолаҳои проблемавӣ, фелетону хабарҳои муъҷазу нишонрас чоп мешуданд. Рӯзномаи «Байрақи ленинизм» соле ҳатто дар ҳар чор озмуни ҷумҳуриявӣ-ҳифзи табиат, ватанпарварӣ, тарғиби варзиш, маданияти савдо ғолиб омада, бо мукофотҳои пулию молӣ қадршиносӣ гардид.
Муаллифони матлабҳо атрофи камбудию норасоиҳои дар корхонаю ташкилот, муассисаву хоҷагиҳо, мактабу беморхонаҳо ҷойдошта мулоҳизаронӣ карда, гунаҳкоронро танқид мекарданд. Хонандагон бештар ба мақолаҳои тарбиявӣ ҳамовозӣ менамуданд. Масалан, андешаронии хонандагон ба мақолаи Зубайдулло Шарифзода- «Эй ишқ болои ҷон шудастӣ», ки дар он рафтори ғайриинсонию бадахлоқонаи зани шавҳару фарзандонашро гузошта, бо марди дигаре аз хонааш баромадарафтае мазаммат шуда буд, беш аз як моҳ идома ёфт.
Бурди рӯзнома боз дар он буд, ки фикру мулоҳизаҳои мардумро ба инобат гирифта, андешаҳои ҷолибро дар саҳифаҳояш ҷой медод. Маҳз бо маслиҳати хонандагони сершумори рӯзнома номи он аз «Байрақи ленинизм» ба «Ҳисори шодмон» табдил дода шуд. Ба ҷои «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!», «Якдил бишавему мулк обод кунем» шиори рӯзнома гардид.
- Он солҳо аз матолиби рӯзнома норозиён низ кам набуданд. Баъзе танқидшудагон ба идораи рӯзнома омада, барои фош кардани нуқсонашон эътироз мекарданд. Махсусан, овони шурӯъёбии низоъи дохилӣ кирдорҳои нодурусти ҷонибҳои мухолифаткунандагонро мавриди танқид қарор дода, ба созишу якдигарфаҳмӣ даъват менамудем. Ҳам аз ин сӯ ва ҳам аз ҷониби муқобил маломат мешунидем. Мароми мо пиёдасозии манфиати тамоми мардуми ҷумҳурӣ буд, ки рӯзномаро ба минбари умумихалқӣ табдил дода, ҳар матлаби ба фоидаи ҷомеа навиштаро чоп мекардем, -ба хотир меорад Фатҳуллоҳи Азиз.
Барои риояи гуногунандешӣ ин ҳақиқатнигори поквиҷдонро ҳатто таҳдиди паррондан ҳам карда буданд. Соли 1992 ҳангоми гап-гапи ҷудокунии минтақаи Шаҳринав аз ҳайати ноҳияи Ҳисор дар рӯзнома фикру мулоҳизаи хонандагон ба хотири риояи гуногунандешӣ (плюрализм) ба табъ мерасид. Бо ташаббуси онвақта раиси шуъбаи ДОСААФ дар ноҳияи Ҳисор Шаҳоб Шарифов чанд мақола дар бораи зарурати таъсиси ноҳияи Шаҳринав чоп шуд. Дар вокуниш ба силсиламақолаҳои мазкур мулоҳизаи яке аз хабарнигорони ҷамоатии рӯзнома низ ба табъ расид, ки дар чунин давраи мушкил алҳол зарурат надоштани тақсими ду ноҳияро таъкид мекард. Муаллиф пешниҳод намуда буд, ки бигузор алҳол Шаҳринав дар ҳудуди Ҳисор истаду баробар тараққӣ кунад.
Баъди чопи мулоҳиза Шаҳоб Шарифов бо нафаре ба идораи рӯзнома омада, ба дуғу пӯписа гузашт:
- Ту шаҳринавии хиёнаткор намехоҳӣ, ки Шаҳринав ноҳия шаваду тараққӣ кунад?
- Акои Шаҳоб, шумо чанд мақола фиристодед, чоп кардем. Хайр ҳеҷ гап не, якто чунин андеша ҳам нашр шавад, хонанда фикри худашро беғаразона баён кардааст, - бо мулоиматӣ гуфт Фатҳуллоҳи Азиз.
- Инро бинанда-а. Боз мегӯяд, ки ҳеҷ гап нашудааст. Ту дар ҳақиқат хиёнаткор ҳастию пешрафти шаҳринавиёнро намехоҳӣ, - ба туҳмат гузашт ӯ.
- Ин рӯзнома моли шумост, ки чизе хоҳед чоп мекунеду чӣ коре карданӣ бошед, ба ҷо овардан мегиред? Рӯзнома минбари демократии ҳама аст. Ҳар фикри мақбулафтодаро агар ба фоидаи ҷомеа бошад, чоп мекунем!- гуфт муҳаррир.
- Ҳоло ман ба ту демократ нишон медиҳам!- гӯён эътирозгар, ки мақсади раисшавии ноҳияи навтаъсисро дошт, аз идора баромад.
Пас аз чанд моҳ, Шаҳоб Шарифов, ки аллакай раиси ноҳияи Шаҳринав шуда буд, ҳамроҳи силоҳбадастон дохили бинои комиҷроияи ноҳияи Ҳисор шуда, бо Фатҳуллоҳи Азиз рӯ ба рӯ шуда, ба шарикаш гуфт:
- Қап дасташро!
Сипас, таппончаашро ба пешонии рӯзноманигор гузошта, пӯписа кард: - Рафтем! Вақти ҳисобу китоб расид!
Ду милисаи посбони назди дарбуда ва ҳама шахсони дар онҷобуда «Аз бало ҳазар!» - гӯён фирор карданд. Танҳо мудири шуъбаи иқтисодии кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҳисор Иброҳимҷон Ҳалимов (рӯҳаш шод бод!) ҷуръат намуда:
- Акои Шаҳоб чӣ кор карда истодаед? Ин ҷо бинои кумитаи иҷроия, чунин рафтор кардан ба шумо намезебад. Ба шумо раиси ноҳия Ҷамолиддин Мансуров даркор будагистанд. Он кас дар боло - гӯён Ш. Шарифовро сахт оғӯшкунон ба ошёнаи дуюм бурду Фатҳуллоҳи Азиз аз чанголи раиси силоҳбадаст раҳо ёфт.
Дар ҳамон лаҳзаҳои нобасомон бо мусоидати Фатҳуллоҳи Азиз онвақта раиси ноҳияи Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров бо директори нашриёти «Адиб», нависанда Кароматулло Мирзоев мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ Мансуров огоҳ шуд, ки баъзе силоҳбадастони гурӯҳи Ибод Бойматови регарӣ ба деҳаи Нилкону атрофи он даромада, бедодгарӣ карда истодаанд. Ҷамолиддин Мансуров пас аз мулоқот вазъиятро зери назорат гирифта, нагузошт, ки авбошон дар он ҷо дуздию ғоратгарӣ ва бедодӣ кунанд.
Ҳангоми мудири шуъбаи умумии кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҳисор (солҳои 1992-2001) буданаш Фатҳуллоҳи Азиз борҳо арзи мардуми аз силоҳбадастон ҷабрдидаро ба раиси ноҳия расонид. Баъди таъкиди сахтгиронаи Ҷ. Мансуров амалҳои ҷинояткоронаи шӯрапуштон қатъ гардида, аҳолӣ нафаси озод кашиданд.
Фатҳуллоҳи Азиз аз соли 2001 то соли 2006 мудири шуъбаи ахбору радиошунавонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор, мутахассиси пешбари мақомоти шуғли аҳолии ноҳия, директори китобхонаҳои марказонидаи ноҳияи Ҳисор, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҳисор (2011- 2012), муҳаррири калони муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг» (солҳои 2013- 2014) буд. Тайи ин солҳо, ӯ ягон ҳафта аз эҷодиёт ва коғазу қалам ҷудо нагаштааст. Чакидаҳои хомааш мунтазам дар рӯзномаю маҷаллаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ба табъ мерасиданд. Тайи ин солҳо, китобҳояш зери унвони «Хираднома» (соли 1993), «Анвори ҳикмат» (соли 2000), «Раҳнаварде дар биёбон» (соли 2002), «Офаридгор ва инсон» (соли 2003), «Масали зиндагӣ» (соли 2006), «Девонаи ватандӯст» (соли 2009), «Ҷиҳод» (соли 2013), «Гирдоби ҳаёт» (соли 2014), «Дӯсти душманшуда» (соли 2015), таърихномаҳои «Ҳисори Шодмон» (соли 1992), «Аз Сабо то Шаҳринав» (соли 2007), «Ҳисори Шодмон аз бостон то ин замон» (соли 2013), «Ганҷи ранҷ» (соли 2016) ва «Хирмани умр» (соли 2019) чоп шуданд.
Номбурда дар ҳамқаламӣ бо муҳаққиқон Зафари Дӯст, Султонмуроди Одина ва дигарон китоби «Некном»- ро омодаи чоп намуд, ки соли 1998 ба табъ расид. Китобҳои зиёди адибони ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор бо таҳрири Фатҳуллоҳи Азиз рӯйи чопро дидаанд.
Ин рӯзноманигори пурмаҳсул дар тарҷума низ маҳорати том дорад. Чунончӣ, китоби «Панднома»- и адиби қазоқ Абай, қиссаи «Ду сафедор»-и нависандаи туркман Қаюм Тангриқулиев, маҷмӯи ҳикояҳои нависандаи турк Бекир Юлдузро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дар омодасозии «Донишномаи Ҳисор», ки ба муносибати 3000 - солагии Ҳисор аз чоп баромад, саҳми Фатҳуллоҳи Азиз хеле калон аст.
Доктори илмҳои филологӣ Абдуҷаббор Раҳмонов дар китоби «Культура Гиссарской долины в контексте региональных цивилизаций» (Душанбе, 2015) чанд сафҳаро ба таҳлили эҷодиёти Фатҳуллоҳи Азиз бахшида, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Миёни шоирон ва нависандагони Ҳисор Фатҳуллоҳи Азиз яке аз адибони болаёқат ва сермаҳсул ба шумор меравад… Нависанда ҷавононро водор месозад, ки аз камбудиҳои ҳаёт хулосаи дуруст бароранд ва баҳри хушбахтӣ мубориза баранд. Забони асарҳояш содаву фаҳмо ва шево мебошад. Муаллиф аз мақолу зарбулмасалҳо, андарзҳои хирадмандон ҷо-ҷо ҳунармандона истифода бурдааст, ки асарро боз ҳам таъсирбахш гардонидааст».
Рӯзноманигори собиқадор Аскари Абдусамад дар ҳаққи ҳамкасби хеш чунин мегӯяд: «Фатҳуллоҳи Азиз дар ҷодаи эҷоди шеъру ҳикоя беш аз чил сол мешавад, ки заҳмат мекашад, меомӯзаду боз ҷавонони ҳаваскорро тарбия менамояд. Ҳарчанд дар байни навқаламони доираи адабии Ҳисор чун маслиҳатгар асту ба дараҷаи устодӣ расидааст, боз нисбати худ серталабӣ мекунаду шеърҳову қиссаҳояшро даст ба дасти ҳамқаламон гардонда, бо маслиҳату тавсияи онҳо сайқал медиҳаду пурмазмуну сермаъно месозад, то ба хонандаю мухлисонаш писанд ояд».
Адиби хушсалиқа Ҳакималии Назаралӣ, ки дер боз қаҳрамони матлаби моро мешиносад андешаҳояшро чунин баён намуд: - Фатҳуллоҳи Азиз мехоҳад, ки инсонҳо пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек дошта бошанд, зиндагӣ зебову хуш гардад. ӯ дар навиштаҳояш кибру ғурур, қадрношиносӣ, сиёсатфурӯшӣ, дабдабаҳои бемаврид, дурӯғгӯӣ, шуҳратпарастӣ, бешарафӣ, коҳилӣ, беҳунарӣ, ношукрӣ ва дигар равандҳои номатлубро мазаммат карда, хонандаро сӯи ободӣ- ҷониби ҳаёти асили инсонӣ ҳидоят мекунад, то ки ба ибораи худаш «Аз донаҳои илму маърифат боғҳои зебову дилкаш бунёд гардонида, ба дилу дидаҳо нур бахшанду ба зиндагӣ сафо биёранд…».
- Бештари соҳибқаламони солҳои охири шаҳри Ҳисор аз маҳфили дар назди рӯзномаи ноҳиявӣ таъсисдодаи Фатҳуллоҳи Азиз гузаштаанд ва инро бо ифтихору миннатдорӣ ба ёд меоранд,- мегӯяд узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон Султонмуроди Одина. Ҳарчанд дар зиндагӣ пастию баландиҳои зиёдеро дида бошад ҳам, иродааш накоста, пайваста машғули эҷод аст. Дар навиштаҳояш ҷое ошкоро ва ҷое ботамсил аз тазодҳои зиндагӣ ҳарф зада, хонандаро ба некӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд.
Барои хизматҳои арзандааш Фатҳуллоҳи Азиз сазовори медали Хизмати шоиста, нишонҳои Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизаи адабии ба номи Ҳабибулло Назаров ва чандин ифтихорномаю мукофотҳои дигар шудааст.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фатҳуллоҳи Азиз 70- сола шуда бошад ҳам дар айни камолоти эҷодист. ӯро ба ин муносибат ва Рӯзи матбуот муборакбод намуда, аз номи шоир гуфтанием:
Бар давлати сари мо, устод, зинда бошӣ!
Хуршеди ховари мо, устод, зинда бошӣ!
Дар чорроҳи олам, роҳи наҷоти моӣ,
Раҳҷӯю роҳбари мо, устод зинда бошӣ!
С. НАҶМИДДИНЗОДА,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон