Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбасти соли 2015 ва муайян намудани стратегияи минбаъдаи корӣ

Ҷамъбасти соли 2015 ва муайян намудани стратегияи минбаъдаи корӣ

14-12-2015, 12:20
Хабарро хонданд: 504 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти соли 2015 ва муайян намудани стратегияи минбаъдаи корӣ
14-уми декабр маҷлиси ҳисоботии соли 2015 ва банақшагирии соли 2016-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак доир гардид. Дар маҷлис аъзоёни Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, аз ҷумла, раиси шаҳр Ҳурматзода Фатҳулло Зариф ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ Қумриниссо Гулмуродзода кушода, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуда, оид ба фаъолияти Комиҷроя дар соли 2015 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда ҳисоботи мухтасар дод. Сипас масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис ба пуррагӣ баррасӣ гардиданд. Аъзоёни Комиҷроя Ҳурматзода Фатҳулло, Набиев Суҳроб, Ҷураев Субҳон, Азимов Хуҷамурод фикру андешаҳояшонро нисбати масъалаҳои ба рӯзномаи маҷлис дахлдор иброз намуданд. Аз ҷумла, Ҳурматзода Фатҳулло оиди суханронии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 4 декабри соли 2015 дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ироа шуда буд, баромад намуд.

Дар фарҷоми маҷлис якдилона бо таклифу пешниҳодоти ҳозирин нақшаи соли 2016 қабул ва тасдиқ гардид.
©С.Зоиров, мудири шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: