Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ёдат ба хайр!

Ёдат ба хайр!

11-06-2018, 10:14
Хабарро хонданд: 362 нафар
Назарҳо: 0
Ёдат ба хайр!


10 июни соли 2018 риштаи умри рӯзноманигор, сухангӯйи ҲХДТ Усмон Солеҳ дар 61- солагӣ бар асари бемории сактаи мағзӣ канда шуд.
Солиев Усмон Худойназарович (Усмон Солеҳ) 8 марти соли 1957 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Соли 1979 бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) –ро хатм кардааст. Номбурда фаъолияти меҳнатияшро ҳамчун мутарҷим оғоз карда буд. Ӯ баъди хатми мактаби олӣ якчанд сол ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Афғонистон фаъолият намуда, сипас ба кори журналистӣ гузаштааст.
Усмон Солеҳ аз соли 1985 то 1993 ҳамчун мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» фаъолият намуда, аз соли 1993 ба вазифаи ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таъин гашта, дар ин мансаб то соли 1995 ифои вазифа кардааст. Соли 1995 ӯро роҳбари Маркази матбуоти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудаанд, ки дар ин ҷо ӯ то соли 1998 заҳмат кашидааст. Баъдан аз соли 2002 то 2003 иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ» буд. Ахиран аз соли 2003 то инҷониб ҳамчун мудири шуъбаи тарғибот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва ҳамзамон дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Ваҳдат» кор кардааст.
Усмон Солеҳ тӯли зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатияш дар ҳар ҷое, ки кор кардааст, ҳамчун як инсони поквиҷдон, ростқавл ва дорои дасту дили пок шинохта шуда, ҳамчун як қаламкаши воқеънигор эътироф гашта буд. Тӯли 39 соли фаъолияти меҳнатиящ ҳазорон мақолаҳои ӯ дар матбуоти даврӣ нашр гардида, чандин асарҳо зери таҳрир ва таҳияаш ба нашр расидаанд.
Марҳум узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон буд.
Руҳат шоду хонаи охиратат обод бод, дӯст ва ҳамкасби азиз!
Раёсати КИМ ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: