
Котиби матбуотии гурӯҳи «Толибон» Забеҳулло Муҷоҳид изҳор дошт, ки хадамоти махсус ва ВАО-и ҷаҳонӣ қудрати гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Афғонистон аз ҳад зиёд нишон додаанд. Ӯ илова намуд, ки толибон ба ҳеҷ ваҷҳ бо намояндагони «Давлати исломӣ» гуфтушунид нахоҳанд кард, чун «намояндагони ДИИШ афроди боақл нестанд».
Чуноне ки агентии Bloomberg дар истинод ба номаи электронии Забеҳулло Муҷоҳид хабар медиҳад, толибон аз гуфтушунид бо ДИИШ саркашӣ мекунанд ва ба фаъолияти ин гурӯҳи террористӣ дар хоки Афғонистон монеа эҷод хоҳанд кард. – Мо тамоми имконияти даркориро баҳри ба даст овардани сулҳ истифода бурдем, аммо маълум гардид, ки ин ашхос солимақл набуда, сулҳ ва гуфтушунид бо онҳо ғайриимкон аст,-навиштааст ӯ.
Забеҳулло Муҷоҳид ДИИШ-ро «маҳсулоти ифлос ва дурушти мардумони Ховари Наздик» номида, изҳор дошт, ки дар ҷомеаи Афғонистон барои он ҷой нест. Дар симои ҷангиёни «Давлати исломӣ» толибон «ғоратгарони машҳур ва рабояндагони одамон»-ро мебинанд, ки баҳри расидан ба аҳдофи худ кӯшиши тарсонидани одамонро мекунад. –ДИИШ бо Афғонистон ягон алоқае надорад. Агар сохтори қавии марказӣ ва маъмурияти исломӣ сохта шавад, пешрафти ин гурӯҳ ва пазироии он аз ҷониби ҷомеаи мо ғайриимкон хоҳад буд,- гуфта шудааст дар ин нома.
©Азамат Дӯстов