Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Офтоби бахти кӯдакон

Офтоби бахти кӯдакон

8-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Офтоби бахти кӯдакон
Кӯдакони хуштолеи шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав дар фазои сулҳу суботи кишвар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро хушу хотирмон ҷашн гирифтанд. Дар маркази шаҳрҳои мазкур ва ноҳияи Шаҳринав миёни кӯдакон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуданд. Хабарнигори мо дар ин чорабиниҳои идона ширкат варзида, таассуроти худро чунин баён кард:

Субҳи барвақт кӯдакон, падару модарон, омӯзгорон, намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллии шаҳри Турсунзода, кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода дар майдони Наврӯзгоҳи шаҳр бо як болидарӯҳии хос ҷамъ омада, рӯзи кӯдакро таҷлил намуданд. Кӯдакон бо лаҳни ширини худ шеъру сурудхонӣ карда, расмҳои кашидаи худро ба намоиш гузоштанд. Аз тарафи намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба кӯдакон туҳфаҳо супорида шуданд. Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода кӯдаконро бо идашон табрик намуд. Пасон ба Хонаи бачагони шаҳриТурсунзода ташриф оварда, бо кӯдакон вохӯрӣ кард. Кӯдакон бо болидарӯҳӣ дар васфи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Ватан, Модар, китоб сулҳу дӯстӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуда, сурудҳо сароиданд.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Ҳисор низ ботантана ва шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил гардид. Дар ин рӯз кӯдакон бо болидарӯҳи ҳунару истеъдоди худро ба иштирокчиёни чорабинӣ муаррифӣ карданд. Аз субҳи барвақт дар боғи фарҳангиву фароғатии шаҳр кӯдакон бо табъи хуш ҷамъ омада буданд. Шодиву сурури онҳо ҳаду канор надошт. Маҳсули дастони моҳири тарбиятгирандагони боғчаҳову мактаб-интернати ин гӯшаи диёр ба намоиш гузошта шуда буд. Роҳбарияти шаҳри Ҳисор аз ҳунару маҳорати баланди дӯстрӯякон дидан намуда, ба онҳо таҳсину офарин гуфтанд. Мусобиқаи варзишӣ миёни кӯдакон ҷолибу хотирмон буд.Эҳсос мегарид, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат барои наслҳои нав шароити модиву маънавиро дар сатҳи зарурӣ муҳаё намудааст. Барои болидарӯҳии кӯдакон ва ҳавасманд гардонии онҳо аз тарафи намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба онҳо тӯҳфаҳои гуногун ва шириниҳо тақдим карда шуд. Консерти муҳассилини мактаби бачагонаи санъати шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо як шукуҳу шаҳомат пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Тарбиятгирандагони боғчаҳои кӯдаконаи ноҳияи Шаҳринав бо қироати шеър, омода намудани ҳар гуна бозичаҳо ва пешниҳоди дигар ҳунарҳои омӯхтаи худ аз мураббиён истеъдоди худро ба волидон ва меҳмонони чорабинӣ нишон доданд. Ҳамоиши мазкур, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, тавонист ҷумлагиро рӯҳбаланд гардонад.

Дар ин рӯз ҳамзамон миёни кӯдакони боғчаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқа ташкил шуд. Тифлакон бо маҳорати баланд ва чусту чолокӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Тантанаҳоии бошукӯҳ дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав гувоҳи он буданд,ки имрӯз фазои сулҳу суботи ҷумҳурӣ ба хурду бузург шароити арзанда фароҳам овардааст, то ки ҳамагон озодона фаъолият ва зиндагӣ дошта бошанд.

Тамоми чорабинихои, аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав роҳандозӣ гардида, тавонист барои кӯдакон ва дигар иштирокдорон хотирмону дилнишин бошад.
Нодираи Муҳаммадзода
Офтоби бахти кӯдакон
Офтоби бахти кӯдакон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: