Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Арабистони Саудӣ барои нафт тахфифи рекордӣ эълом кард

Арабистони Саудӣ барои нафт тахфифи рекордӣ эълом кард

10-03-2020, 09:46
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
Арабистони Саудӣ барои нафт тахфифи рекордӣ эълом кард
Нархи ҳар як бушка нафте, ки ширкати давлатии Арабистони Саудӣ - "Saudi Aramco" истихроҷ мекунад, 4–6 доллари ИМА поин хоҳад рафт. Вале ин тахфиф барои муштариёни амрикоӣ боз бузургтар хоҳад буд.

Тасмими мазкур дар вокуниш ба бурунрафти Русия аз созишномаи ОПЕК+ гирифта шуд, ки бузургтарин кишварҳои истихроҷкунандаи нафтро вазифадор мекунад, ҳаҷми истихроҷро ҳамоҳанг кунанд. Гуфтугӯҳои ахири Вена барои коҳиши истихроҷи нафт дар пайи коҳиши талабот ба иллати коронавирус бенатиҷа анҷом шуданд.

Пас аз ин гуфтугӯ нархи нафт дар ҷаҳон тақрибан 8 дарсад поин рафта, ба 45 доллар барои як бушка наздик мешавад. Тасмими ахири мақомоти Саудӣ низ ба поинтар рафтани арзиши нафт мусоидат хоҳад кард.

Созишномаи ОПЕК+ оид ба коҳиши истихроҷи нафт то ба 1,7 миллион бушка дар як шабонарӯз то охири моҳи марти соли равон амал мекунад. Вазорати энергетикаи Русия гуфт, аз 1 апрел ҳеч кишваре вазифадор нест, ки истихроҷи нафтро коҳиш диҳад.
Поинравии нархи нафт ба будҷаи Русия зарар дошта, ба беқурбшавии рубли русӣ низ мусоидат хоҳад кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: