Украина Русияро барои истихроҷи газ аз баҳри Сиёҳ ба додгоҳ мекашад25-07-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
Вадим Черниш, вазири Украина дар умури ҳудудҳои муваққатан ғасбшуда ва гурезаҳои дохилӣ хабар дод, ки кишвараш ният дорад, то ба додгоҳҳои байналхалқӣ аз болои Русия барои фаъолияташ дар шелф ё кони нафти баҳри Сиёҳ даъво барад.
Яке аз даъвоҳо ба истихроҷи ғайриқонунии (ба гуфтаи Украина) гази табиӣ рабт дорад, ки Русия аз минтақаи баҳрии назди Қрим истихроҷ мекунад. Нуктаи дувуми истихроҷи захираҳои табиӣ аз баҳри Сиёҳ дар наздикии минтақаи аввал ҷойгир аст. Дар даъвоҳои додгоҳияш Украина ба меъёрҳои Конвенсияи СММ дар умури ҳуқуқи баҳрӣ такя мекунад. "То кунун истихроҷи гази табиии Украина аз шелфи минтақаи марбут ба Украина амалӣ мешавад. Газ ба нимҷазираи ғасбшуда расонида мешавад. Амалан, он чи ки истифода бурда мешавад, тибқи Конститутсия моликияти мардуми Украина аст", - мегӯяд Черниш. Истихроҷро ширкати "Нефтегази баҳри Сиёҳ", ки пештар дар ҳайати ширкати "Нафту гази Украина" шомил буд, амалӣ мегардонад. Баъди ғасби Қрим дар баҳори соли 2014 ширкат дар Қрим тибқи қонунгузории Русия дубора сабти ном шуд ва ба истихроҷи газро алакай ба нафъи Русия идома дод. Моҳи майи соли 2014 Арсений Ятсенюк, сарвазири пешини Украина гуфт, ки мақомоти кишвараш барои баргардонидани корхона ба Додгоҳи байналхалқии ҳакамии Стокҳолм муроҷиат хоҳад кард. Пештар аз ин вазири хориҷаи Украина Павел Климкин гуфта буд, ки даъвои онҳо аз марзи 50 миллиард доллар убур мекунад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.