Русия ният дорад андозҳоро боло барад24-05-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
Мақомоти Русия нақшаи тағйири низоми андозро баъди соли 2018 баррасӣ мекунанд. Болоравии андоз аз даромад аз 13% кунунӣ то ба 20% ва андозситонии афзоянда дар назар аст, хабар медиҳад нашрияи Wall Street Journal бо такя ба чанд сарчашма аз ҳукумати Русия.
Чанд шеваи боло бурдани андоз дар ҳукумати Русия баррасӣ мешавад. Дар мавриди боло бурдани андоз аз даромад низ чанд пешниҳод мавҷуд аст: ҳифзи афзоиши босуботи андоз то 20% ва ҷорӣ кардани андозситонии афзоянда. Дар пешниҳоди дувум онҳое, ки даромади бештар доранд, андози зиёдтар хоҳанд супорид. Мусоҳибони нашрия гуфтаанд, ҳамчунин эҳтимол дорад андоз аз арзиши иловашуда низ боло равад. Ҳоло ин навъи андоз дар Русия 18% аст. Нашрия ёдовар мешавад, ки буҷаи Русия барои соли 2016 бо назардошти арзиши 50 доллар барои як бушка нафт тасдиқ шуда буд. Норасоии буҷа бо назардошти ин нишондод бояд 3 дарсад мебуд. Арзиши нафт тамоми нимсолаи аввал камтар аз 50 доллар буд. Аз ҳамин хотир, барои пӯшонидани норасоии буҷа Русия Фонди захиравиашро, ки дар солҳои гузашта ҷамъ карда буд, "фурӯ" мебарад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.