Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ЧОРАБИНИИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ДАСТИ ДУОИ МОДАР”

ЧОРАБИНИИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ДАСТИ ДУОИ МОДАР”

8-03-2020, 22:10
Хабарро хонданд: 395 нафар
Назарҳо: 0
ЧОРАБИНИИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ДАСТИ ДУОИ МОДАР”
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳо чорабинии идона таҳти унвони “Дасти дуои Модар” баргузор гардид. Дар чорабинии идона Юсуфӣ Хайринисо-Муовини Раиси ҲХДТ, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Низорамо Зарипова –собиқадори меҳнат, Қурбонова Руқия Атоевна - Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ, Ҷабборӣ Марҳабо - собиқадори ҳизбу меҳнат, Тағойзода Сумангул Саид-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарофзода Гавҳар - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меликова Парвина-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Казакова Умринисо Санговна-Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ва фаъолзанон ширкат варзиданд. Гуфта шуд, ки баргузории чорабинии идона таҳти унвони “Дасти дуои Модар” дар асоси дасутру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар чунин сатҳи баланд бо иштироки се насл, яъне насли бонувони собиқадор, роҳбарикунанда ва бонувони даврони соҳибистиқлолии мамлакат баргузор гашт. Дар идома баромадкунандагон зикр доштанд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати ЧОРАБИНИИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ДАСТИ ДУОИ МОДАР”хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеаи навини Тоҷикистон баланд бардошта шуд. Воқеан ҳам баланд гардидани мақоми занон дар ҷомеа ва иштироки фаъолонаи занон дар корҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву илмӣ омили мусбии ҳаракатдиҳандаи ҷомеа гашт. Таҷлил гардидани “Рӯзи Модар” дар оғози фасли зебои баҳор ба ин санаи мубораку муқаддас таровату зиннат мебахшад. Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мурабии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Ба ибораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бовар дорам, ки модарону бонувони хирадманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва бо истифода аз рисолати пурмасъули хеш барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпараст, инчунин, риояи муқаррароти қонунҳои миллиамон – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” саҳми арзандаи худро мегузоранд”. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар баробари ҳамаи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон, ки бо шарофати сиёсати хирадмандони он кас фароҳам омадааст занону бонувони мамлакат бахусус пойтахти азизамон –шаҳри Душанбе чун ҳамешагӣ дар атрофи ин сиёсат муттаҳид гашта вазифаҳои аввалиндараҷаи худро бо сарбаланди иҷро менамоянд. Ҳамчунин дар чорабинӣ ба шунавандагони мактаби хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат”, ки аз аввали соли 2020 таъсис дода шуда буд ва дар он зиёда аз 100 нафар бонувон шунавандаи доимии машғулиятҳо буданд сертификат супорида шуд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба бонувон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони маҳбубу шинохта аз ҷумла Ҷамшед Исмоилов-ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Қурбоналӣ Раҳмон-ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Чилахон Холов-ҳунарманди шинохта, Баҳром Ғафурӣ, Соҳиба Давлатова, Чоршанбе Аловатов ва дигарон ҳунарнамоӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: