Модар нахуст устоди башарият14-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 471 нафар
Назарҳо: 0
Дар Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо фаъолзанони раёсат баргузор гардид, ки дар он Ҳамида Рӯзиева – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Мақсуда Сангинова , Ширин Қурбонова -вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ва Муродов Ҷурабек- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуданд.
Сароғоз роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Рӯзиева Ҳамида, қайд кард, ки агар нури офтоб ҷаҳонро хуррамӣ бахшад, пас зан–модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Ҳамзамон қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати зан-модар чунин қайд карданд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан–модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат ришта шудааст. Худованд ба Зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад». Сипас муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Мақсуда Сангинова аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳия зикр кард, ки имрӯз барои дастгирии иҷтимоӣ бо инобати саҳми арзандаю ширкати фаъолонаи занон-кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар тозагию ободонии пойтахт дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ ба муносибати идҳои Рӯзи Модар ва Наврӯз кӯмакпулии яквақтаи шаҳрдорӣ ба занон – кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо гардид. Дар фороварди чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ба кормандони раёсат намоиш дода шуд ва ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барои тарғибу ташвиқи барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба занони фаъоли раёсат кӯмакпулиҳо бо гулдастаҳо тақдим карда шуд. Муродов Ҷурабек, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.