ҶОЙИ САРФУ ХАРОҶОТИ БЕҲУДА- БА ҲАҚҚУ ҲАМСОЯ ДАСТИ МАДАД ДАРОЗ КУНЕМ22-09-2017, 10:00
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Муссаламаст, ки имрӯзҳо бо мақсади таблиғу ташвиқи қонунҳои амалкунанда ва қабули як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар тамоми корхонаю муассиса ва шаҳраку маҳаллаҳои кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки вакилони мардумӣ баргузор гардид. Вобаста ба ин санаи 20 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии Саидов Ҷ.Ҳ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони минтақаҳои 13,15 ва 15 а баргузор гардид. Аз ҷумла зимни вохӯрии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳо кимияти давлатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қасобов Лоиқ – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Ашуров Зафар –вакили Маҷлиси вакилонихал қи ноҳияи Сино, ноҳия Изатуллои Ҳабибзод – муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаииҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи ноҳия, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҷавонон, занон, хоҷагии коммуналӣ, назорати риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва намояндагони васоитии ахбори омма иштирок намуданд. Зимни вохӯрӣ Саидов Ҷ.Ҳ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз январ то августи соли ҷорӣ дар назди интихобкунандагон ҳисобот дод. Аз ҷумла зимни ҳисоботи хеш қайд намуд, ки то ин давра аз ҷониби вакилон 175 санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки ҳадафи асосиашон ин пеш аз ҳама ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи камбизоатии мардумро ифода менамояд Зимни суханронии хеш Саидов Ҷ. Ҳ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешарониҳо карда, аз ҷумла оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур ро шарҳ дода, ёдовари кард, ки бо назардошти дархосту пешниҳоди сокинони кишвар дар тӯли 10 соли қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи камбизоатии тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид шуда буд, бо дастгири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид. Дар фарҷоми вохӯрӣ бо сокинони шаҳрак оид ба ҳама нуктаҳои қонун, ба мисли риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, аз ҷумла рафти баргузории ҷашну маросими расмӣ ва оилавӣ: ҷашнҳои хатнасур, тӯйи арусию домодӣ, маросими дафну азодорӣ, ҳаҷ, риояи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва оид ба масъалаҳои муҳими ҷой дошта дар маҳал суҳбату дархостҳо карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.