Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар рушди сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорем”

Дар рушди сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорем”

29-01-2018, 12:39
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Дар рушди сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорем”
Бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба аз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур нақшаи-чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намуд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар мувофиқа бо роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе рӯзи 26-январи соли равон семинари сайёҳии солимгардонӣ таҳти унвони “Дар рушди сайёҳии кишвар саҳм мегузорем” дар Маҷмааи лижаронии Сафед-Дараи ноҳияи Варзоб бо иштироки шахсони бонуфузи кишвар аз ҷумла Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода-Муовини Раиси ҲХДТ, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонова Руқия Атоевна-Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ, Бобобекова Меҳринисо-шоира, Шарифӣ Фируза-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дир гардид.
Ҳамчунин дар кори семинар раисон ва муовинони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои пойтахт, ва ноҳияи Варзоб раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, донишҷӯёни хориҷие, ки дар мактабҳои олии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Хитой, Покистон, Корея, таҳсил мекунанд, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва муовинони раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Тибқи барнома семинари сайёҳии солимгардонӣ аз соати 0800 ба вақти маҳаллӣ оғоз гардид. Ҳайати иштирокчиёни семинарро дар маркази ноҳияи Варзоб Шерализода Маҳмадулло Умар-Раиси ноҳияи Варзоб ва сокинони ноҳия бо самимияти хосса истиқбол намуданд. Сипас иштирокчиёни семинар аз дастовардҳои ҳунармандони ин ноҳияи зебонманзар дидан намуданд.
Дар ҳамин ҷо Шерализода Маҳмадулло Умар-Раиси ноҳияи Варзоб бо нутқи кӯтоҳ ва пурмуҳтаво ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни семинари сайёҳии солимгардониро самимоан ба ноҳияи Варзоб хуш омадед гуфта, оиди дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ёдовар шуданд.
Сипас Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода-Муовини Раиси ҲХДТ суханронӣ намуданд. Дар суханрониашон мавсуф қайд карданд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.
Дар идома гуфта шуд, ки кишвари мо табиати биҳиштосо ва маконҳои дилфиребу диданибоб дорад, ки дили сайёҳонро тасхир мекунад. Дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаистодаанд.

Дар Маҷмааи лижаронии Сафед-Дара нахуст меҳмонон ва иштирокчиёни семинари сайёҳии солимгардонӣ ба фуникулёр ба масофаи 2км нишаста аз баландӣ ин макони дилфиребро тамошо намуданд.
Сипас тибқи барнома баъди нисфирӯзӣ дар толори маҷлисгоҳи Маҷмааи лижаронии Сафед-Дара семинари сайёҳии солимгардонӣ таҳти унвони “Дар рушди сайёҳии кишвар саҳм мегузорем” баргузор гардид.
Семинарро Гулаҳмадзода З.А. –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оғоз намуданд.
Дар кори мизи мудаввар Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода –Муовини Раиси ҲХДТ, Қурбонова Руқия Атоевна-Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ ва Бобобекова Меҳринисо-шоира суханронӣ намуданд. Дар кори семинар зикр шуд, ки рӯзи 22-декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаашон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Дар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар воқеъ дар марҳилаи кунунӣ ривоҷ додан ин соҳа бисёр сари вақти мебошад зеро соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи кишварҳои пешрафта хуб инкишоф ёфтааст. Рушди соҳаи сайёҳӣ агар аз як ҷониб ба рушди иқтисодиёт замина фароҳам оварад аз ҷониби дигар баҳри муаррифии маконҳои таърихӣ ва расму оини миллиамон ба таври шоиста дар арсаи байналмиллалӣ мусоидати фаъол менамояд.
Мувофиқи нишондодҳо даромади солонаи Туркия аз ҳисоби сайёҳӣ дар як сол 20-миллион доларро ташкил медиҳад ё дар Миср 70% аҳолии қобили амал дар соҳаи сайёҳӣ кору фаъолият менамоянд.
Дар кишвари соҳибистиқлол ва офтобрӯяи мо низ баҳри рушди ин соҳаи шароитҳои зиёде аз ҷониби давлату Ҳукумат ба хусус Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ фароҳам оварда шудаистодааст ва таваҷҷӯҳ ба ин соҳа идома дорад.
Бунёд ва кушодани даҳҳо хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар кишвар ба хусус маконе, ки айни ҳол мову Шумо қарор дорем баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, ки макони дилфиреб ва табиати биҳиштосо дорад заминаҳои хуб хоҳад гузошт.
Ҳамчунин дар кори семинар меҳмонон аз кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон ва Кореяи ҷанубӣ таасуроти худро аз мавзеи дилфиреби Сафед-Дара баён доштанд. Дар суханрониашон оиди саҳми Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пойдории сулҳу ваҳдат, меҳмонавозии миллати тоҷик, табиати биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавъам будани фарҳангҳо, дустии миллатҳо ибрози андеша намуданд. Зикр доштанд, ки баъди баргаштан ба Ватан ҳатман маконҳои дилфиреби Тоҷикистонро ба ҳамватанонашон қисса мекунанд ва барои боздиди онҳо аз маконҳои зебои Тоҷикистон тавсияҳои судманд хоҳанд дод.
Баъди анҷоми кори семинар меҳмонон ва иштирокчиёни семинари сайёҳии солимгардонӣ аз хизматрасониҳои Маҷмааи лижаронии Сафед-Дара ба таври васеъ истифода бурданд.
Дар қисмати дигари сайёҳати солимгардонӣ қисмати фарҳангии чорабинӣ оғоз гардид, ки ҳамаи иштирокчиён дар фазои кушод шодиву хурсандӣ намуданд.
Семинари сайёҳии солимгардонӣ таҳти унвони “Дар рушди сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорем” ба анҷом расид.
Баргузории чунин семинарҳои сайёҳӣ заминаи хубест баҳри рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: