Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Абдуҷаббор Азизӣ: Интихобот дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор мешавад

Абдуҷаббор Азизӣ: Интихобот дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор мешавад

26-02-2020, 13:39
Хабарро хонданд: 818 нафар
Назарҳо: 0
Абдуҷаббор Азизӣ: Интихобот дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор мешавад21 феврали соли равон роҳбари Гурӯҳи арзёбии интихобот 2020-и Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БДИПЧ) дар Тоҷикистон, сафир Эберхард Пол, муовини роҳбари Гурӯҳи арзёбии интихобот 2020-и Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БДИПЧ) Инта Ласе ва таҳлилгар оид ба масъалаҳои баргузории интихобот, ҷаноби Оливер Ҷосиф бо муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ мулоқот карданд.
Ин гурӯҳ дар доираи омодагиҳо ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ барои арзёбии интихобот ба кишвари мо ташриф овардааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷаноби сафир оид ба масъалаҳои интихобот, омодагиҳо ба он, раванди иштироки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаҳои муҳими дарпешистода, василаҳои тарғибу ташвиқ дар интихобот, аз ҷумла васоити ахбори омма, радиову телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ, муаррифии номзадҳои ҳизб аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ва якмандата, шумораи аъзои ҳизб, фаъолияти дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои ҲХДТ бо онҳо мароқ зоҳир намуд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни суҳбат зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии мо, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон изҳор доштанд, дар доираи қонунҳои амалкунанда ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор кардани интихоботи демократӣ, шаффоф ва озод мебошад. Ҳизби мо ҳам дар радифи шаш ҳизби дигари сиёсӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, баробар иштирок мекунад ва барои ба даст овардани курсиҳои намояндагӣ дар парлумон мубориза мебарад.
Ба таъкиди Эберхард Пол, чанд рӯз аст, ки ин ҳайат ба Тоҷикистон омада, ҷараёни баргузор шудани интихоботро дар кӯчаву хиёбонҳо ва участкаҳои интихоботии шаҳри Душанбе, ки бо варақаҳои таблиғотӣ, барномаҳои номзадҳо, мусаввара, буклетҳо ва шиорҳои КМИР таблиғ мешаванд, мушоҳида менамоянд. Аз ҷумла, ӯ вобаста ба чи гуна омода намудани номзадҳо ба вакилӣ дар ҷойҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ шарҳ дод, ки: «Албатта, ҲХДТ дар маъракаҳои гузаштаи интихоботӣ таҷрибаи кофӣ ба даст оварда, дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал хоҳад кард. Мо пеш аз он ки номзадҳои худро ба вакилӣ пешниҳод намоем, аз ниҳодҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо дар бораи номзад пурсиш ба амал меорем, бо мақомоти маҳаллӣ дар ин робита ҳамкорӣ мекунем, ки номзади эҳтимолӣ дар байни халқ маҳбубият дорад ё на? Ҳамзамон, бо ин, аз кадрҳои захиравӣ истифода мебарем. Илова ба ин, барои номзадҳои эҳтимолӣ, ки дар миёнашон олимон, муҳандисон, кормандони ҳизбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони одӣ ҳастанд, курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ таъсис дода мешаванд. Баъд аз ин, тавассути баргузор кардани конфренсияҳои ҳизбӣ номзадҳо ба вакилӣ пешбарӣ мешаванд».
Ҷаноби сафир Эберхард Пол ба масъалаи истифода аз тарзу усулҳои муосири корбарӣ дар маъракаи интихобот таваҷҷуҳ кард, ки онҳо чӣ гуна дар маъракаи интихоботи Тоҷикистон истифода мешаванд?
Абдуҷаббор Азизӣ дар посух гуфт, ки: «Дар маъракаи интихобот, албатта, мо ҷонибдори тарзу усулҳои корбарии нав ҳастем. Дар ҳоли ҳозир ташвиқоту тарғиботи номзадҳои мо ба воситаи оинаи нилгун,барои ҳизбҳо аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 40 дақиқа ва барои номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандата 20 дақиқа ройгон ҷудо шудааст, ки ҳизбҳо ва номзадҳо метавонанд аз он истифода баранд. Илова ба ин, тавассути воситаҳои ахбори омма, хусусан, рӯзномаву ҳафтаномаҳои давлативу хусусӣ, аз ҷумла ҳафтаномаҳои ҳизбӣ, ба мисли «Минбари халқ», «Мароми пойтахт», «Ҳамрози халқ», «Сухани халқ» тарғибу ташвиқот бурда мешавад. Фузун ба ин, ҳар як номзад дар асоси Барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва барномаҳои номзадии худ бо нашри мусаввара ва буклетҳо метавонанд онро дар миёни аҳолӣ паҳн карда, барои вакил шудан мубориза баранд. Инчунин, дар деҳот ва маҳалҳо ба воситаи тарғиби шахсони обрӯманд метавон ба маъракаи интихобот омодагӣ дид. Феълан ҲХДТ аз шабакаи ҷаҳонии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъолона истифода мебарад. Дар назди ҳафтаномаи «Минбари халқ» сомонаи расмии ҳизб фаъол аст, инчунин,дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар шабакаи Фейсбук саҳифа доранд, тавассути онҳо ҳамарӯза ба тарғибу ташвиқи номзадҳои худ машғул мебошанд.
Дар мулоқот, инчунин, ба масъалаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни контитутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва баҳсу муколамаҳои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар атрофи он изҳори назар карда шуд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, дар доираи табодули таҷриба ва ҳамдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.
«МХ»

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: