Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Пешбарии номзад аз ҳавзаи якмандатии № 41 баррасӣ шуд

Пешбарии номзад аз ҳавзаи якмандатии № 41 баррасӣ шуд

14-01-2020, 07:30
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
Пешбарии номзад аз ҳавзаи якмандатии  № 41 баррасӣ шуд
Дар конференсияҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Роштқалъа, Мурғоб, Ишкошим, ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ ба конференсияи ғайринавбатии якҷояи минтақавӣ 117 вакил иштирок намуданд.
Дар кори конференсия раиси ҳавзаи интихоботии Хоруғ №41 Алимшоев Маҳмадризо (ноиби ректори ДДХ ба номи М.Назаршоев), фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Дар он масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботи Хоруғ № 41 баррасӣ шуд.
Қайд гардид, ки дар асоси моддаи 31-уми Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи мақомоти шаҳрӣ, ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ дар пленумҳои (конференсияи) онҳо бо зикри ҳавзаи интихоботӣ, ки номзадашон пешбарӣ мешавад, сурат мегирад. Дар мавриде, ки ҳудуди ҳавзаи интихобот қаламрави ду ва ё зиёда ноҳия ва шаҳрро дар бар гирад, пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ба ин ҳавза дар пленумҳои (конференсияҳои) якҷояи ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб сурат мегирад.
Вакил аз ноҳияи Мурғоб Ақжаров Жаркимбай зимни баромад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёҳзода Азиз Қодир, раиси ноҳияи Шуғнонро номзад пешниҳод кард.
Амирбекзода Назира - вакил аз шаҳри Хоруғ, Алиёрбек Пилтабоев- вакил аз ноҳияи Ишкошим, Дарвозиев Фарҳод – вакил аз ноҳияи Шуғнон (чамоати деҳоти Ванқалъа ) номзадии Гиёҳзода Азиз Қодирро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдорӣ намуданд.
Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ номзадии Гиёҳзода Азиз Қодир ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона тарафдорӣ шуд.
Конференсия оид ба қобили қабул донистани номзадии Гиёҳзода Азиз Қодир ба вакилии Маҷлиси намояндангони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Хоруғ № 41 қарор қабул кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: