Пешбарии Усмонзлда Хайридин ба вакилӣ аз ҳавзаи якмандатӣ № 910-01-2020, 09:36
Хабарро хонданд: 326 нафар
Назарҳо: 0
Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб тибқи ҷадвали тасдиқкардаи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор 10 январи соли 2020 ташкилотҳои ҳизбии Кумитаи иҷроияи ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ Конференсияи якҷояи худро ҷиҳати пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатӣ № 9 баргузор намуд. Дар кори Конференсия Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи МарказӣҲХДТ Хонов Абдураҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб Шеров Бахтиёр,раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсупов Ҳамзалӣ, намояндагони Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Варзоб-Рӯдакӣ №9,Фйзиев Давлат, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳияи Варзоб Ҳомидов Соҳибназар, аъзоёни Ситоди Пешазинтихоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, гурӯҳҳои таблиғотӣ, гурӯҳҳои мобилӣ, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Варзоб ва воситаҳои ахбори оммаи ҳизб иштирок ва суханрони намуданд. Комиссияи баҳисобгирии овозҳои конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ натиҷаи овоздиҳии пинҳонии вакилони конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Усмонзода Хайриддин Усмон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Варзоб ва Рӯдакӣ №9 баъд аз ҳисоби овозҳо муқарар намуд. Шумораи умумии овоздиҳандагон 120 нафарро ташкил дода, бо қарори Конференсия дар бораи пешбарии Усмонзода Хайриддин Усмон ҳамчун номзад ба вакили МНМОҶТ қабул гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.