Дар толори маҷлисгоҳи Ситоди марказии ҲХДТ ҷаласаи пешазинтихоботии роҳбарони ситодҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо, кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва фаъолони ҳизб баргузор гардид. Дар ҷаласа ахбороти раисони ситодҳои пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон оид ва фаъолияти ситодҳо дар давраи маъракаи интихобот ба маҷлисҳои вакилони халқ шунида шуд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баъд аз баргузории Анҷумани 13-уми ҳизб оид ба омодагӣ ва иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ корҳои зиёдеро анҷом доданд, ки дар ташаккули иродаи мардум нақши бориз доштанд.
Мутобиқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилӣ 50 рӯз пеш аз интихобот оғоз ёфта, 35 рӯз то интихобот хатм мегардад.
Дар асоси талаботи қонуни мазкур, Оиннома ва Низомномаҳои ҲХДТ номзадҳои мо ба ҳамаи зинаҳои мақомотҳои намояндагӣ тариқи худпешбарӣ ва дар конференсияҳои шаҳриву ноҳиявӣ пешбарӣ шуданд.
Дар гузориш, инчунин, зикр гардид, ки номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 101 нафар, ба вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, аз ҷумла дар ВМКБ- 198 нафар, вилояти Хатлон 268 нафар, вилояти Суғд 283 нафар, дар маҷмӯъ, 749 нафар ва ба вакили маҷлиси маҳаллии вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо 8070 нафар пешбарӣ гардиданд.
Тибқи талаботи қонунгузориҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо барои бақайдгирӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ пешниҳод шуда, пешниҳоди номзадҳо ба вакили маҷлиси вакилони ҷамоатҳо оғоз гардидааст.
Бо дарназардошти муҳим арзёбӣ гардидани ин чорабинии сиёсӣ ва татбиқи нақшаи кории Ситоди марказии пешазинтихоботии ҳизб мо зарур донистем, ки ахбороти ситодҳои вилоятҳоро оид ба омодагӣ ва рафти чорабиниҳои пешазинтихоботӣ дар ҷаласаи имрӯза шунида, нисбати фаъолияти оянда вазифагузориҳои мушаххас намоем,- таъкид кард Абдуҷаббор Азизӣ.
Сипас, Абдулло Раҳмонзода, собиқ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, феълан раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар вилояти Хатлон гузориш дод, ва зикр кард, ки имрӯз дар вилоят нисбат ба интихоботи дарпешистода роҳу усулҳои нави тарғиботӣ ба роҳ монда шудаанд. Ситоди пешазинтихоботии вилоятӣ аз ҳисоби номварону ҷавонон ва ихтиёриён гурӯҳҳои махсуси таблиғотӣ таъсис додааст, ки байни мардум фаъолона кор бурда истодаанд. Инчунин, аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон теъдоди зиёди дастурҳо нашр ва байни интихобкунандагон паҳн карда шудааст.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён М. иброз дошт, ки омилҳои асосии пирӯзии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихобот, ин пеш аз ҳама, роҳу усулҳои ҳадафраси фаъолияти ситод, тақсими саривақтии вазифаҳо байни аъзои ситод, таҳлили дурусти вазъи сиёсии маҳалҳо, мунтазам шунидани ҳисоботи аъзои ситод, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои тарғиботии инфиродии “Хона ба хона”, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ва баргузории аксияҳо мебошанд. Маҳз ҳамин корҳои тарғиботиро ситоди вилоятӣ ба роҳ мондааст ва муассир будани ин усули кор дар интихоботи солҳои пешин собит шудааст.
Маҳмадулло Наимов мудири шуъбаи тарғиботии дастгоҳи КИМ ҲХДТ перомуни ташкили корҳои таблиғотӣ дар Бадахшон маълумот дода, зикр кард, ки фаъолияти ситодҳо дар ин минтақа ба таври назаррас ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, раиси ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зоир Раҳмонзода баромад карда, оид ба масъалаи самаранокии фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ, баргузор намудани семинари омӯзишӣ, иҷрои нақшаҳо, фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ ва омода намудани барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳри Душанбе гузориши муфассал дод.
Дар хотимаи кори ҷаласаи Ситод аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ оид ба фаъолияти пурсамари ситодҳои ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода корҳои заруриро ба анҷом расонанд.
Ӯ аз ҷумла дастур дод, ки бо мақсади иштироки фаъолона дар маъракаи интихобот бояд тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум ба роҳ монда, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд; зарур аст, ки доир ба таблиғи номзад ва барномаи ӯ дар сатҳи вилоят, шаҳр ва ноҳия аз ҷониби номзадҳо маводи таблиғотӣ дар шакли варақа, буклет ва тақвим таҳия ва дастраси интихобкунандагон карда шавад; дар ҳар шаҳру ноҳия бо нозирони ҲХДТ дар ҳавзаҳои интихоботӣ мулоқоти дастурдиҳӣ гузаронида, робитаи ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бо Ситоди марказӣ ба таври дилхоҳ ба роҳ монда шавад; кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар муддати кӯтоҳтарин рубрикаи
“Интихобот-2020”-ро дар рӯзнома ва сомонаҳои ҳизбӣ таъсис дода, дар он маълумотҳоро дар бораи номзад ва барномаи ӯ ҷойгир намояд. Ҳамзамон, аз ҷараёни корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба таври фаврӣ хабарҳоро ба сомонаҳои (марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ) ҳизбӣ ҷойгир намуда, ба муҳтавои онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шаванд; оид ба дастгирии номзад ва барномаи ӯ аз ҷониби фаъолони ҳизбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мақолаҳои тарғиботӣ таҳия намуда, тавассути ВАО дастраси интихобкунандагон намоянд; кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ аз тавсияҳои Ситоди марказии пешазинтихоботӣ ва моделҳои муосири интихобот истифода намуда, моделҳо ва супоришҳои маъмуриро, ки аз даврони пешин боқӣ мондаанд, сарфи назар намоянд; тарғибу ташвиқи барномаҳои номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллро тавассути телевизион ва радиои марказӣ ва маҳаллӣ ба роҳ монанд; аз ҳисоби шахсони муътабар, адибону олимон ва чеҳраҳои шинохта гурӯҳҳои боваринок ва мобилӣ таъсис дода шавад; Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо хонандагон ва интихобкунандагони ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ мулоқоту вохӯриҳо ба роҳ монанд; дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла консертҳои ройгон ташкил ва баргузор карда шавад.
Дар қисмати дуюми ҷаласа роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов оид ба натиҷаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2019 гузориши муфассал дод. Номбурда қайд намуд, ки роҳандозии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама, ба ҷалби аъзои ҳизб ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, дар ин замина, мувофиқи мақсад ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ оид ба фаҳмонидани мақсаду мароми созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сиёсати Президенти мамлакат, дастовардҳои истиқлолият, таҳкими Ваҳдати миллӣ, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҷалб намудани ҷавонон ва занон ба корҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ, баррасӣ ва мусоидат намудан ба мушкилот ва муроҷиати шаҳрвандон ба воситаи қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ, такмили коргузорӣ, баланд бардоштани мақоми ташкилотҳои ибтидоӣ ва зиёд намудани ташаббусҳои сиёсӣ, бунёди биноҳои нави кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз вазифаҳои муҳими ташкилоту созмонҳои ҳизбӣ дар соли 2019 буданд.
Дар охир муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо суханони хотимавӣ ҷаласаро ҳусни анҷом бахшида, бори дигар кормандони масъули ҳизбро ба фаъолияти пурсамар ва софдилона даъват намуд.
Т. ОРИФӢ