Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муаррифии барномаи пешазинтихоботӣ

Муаррифии барномаи пешазинтихоботӣ

4-07-2018, 08:46
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Муаррифии барномаи пешазинтихоботӣ
Дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз санаи 16 апрели соли 2018 таҳти № 216 «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Ватан №35», қарори № 217 «Дар бораи таъин шудани рӯзи интихобот ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Ватан №35» ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда имрӯзҳо тибқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ, бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Ватан №35» Умаров Махсудҷон Сафарович бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи интихоботии Ватан №35 оғоз гардида, чунин вохӯрӣ дар толори беморхонаи сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд бо интихобкунандагон доир карда шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштироки фаъолона дар ташкили кори самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъмини ширкати беҳтарин намояндагони мо дар маъракаҳои интихоботии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маҳсуб меёбад.
Бад-ин васила арзишу ҷаҳонбинӣ ва ғояҳои худро байни мардум таблиғ намуда, тамоюл ва равандҳои сиёсиро ҳамеша таҳти назар дошта бошем.
Маҳз тавассути вакилони худ фаъолиятамонро дар самти таҳияву қабули санадҳои мукаммали қонунгузорӣ ва такмили низоми ҳуқуқӣ тақвият мебахшем.
Ҳамин нуктаҳо имрӯз дар вохӯрии пешазинтихоботии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҲХДТ Умаров Махсудҷон Сафарович ва номзад аз ҲДТ Исмоилов Толиб Усмонович аз ҳавзаи интихоботии “Ватан” № 35, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Номзадҳоро шахсони боэътимоди онҳо назди интихоботкунандагон муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон, Умаров Махсудҷон ва Исмоилов Толиб барномаҳои пешазинтихоботии хешро ба ҳозирон пешниҳод намуда, ба суолу дархост ва пешниҳоди онҳо посухҳои мушаххас доданд
Мавриди зикр аст, ки Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд номзад ба вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд Умаров Махсудҷон Сафаровичро дар Конференсияи 21 –уми ғайринавбатии худ пешниҳод намудааст
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: