Дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи «Ҳисор №7» шурӯъ аз 11 феврали соли 2020 вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор мегарданд. Дар ин раванд, санаи 14 феврал вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон-сокинони ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Ориён» сурат гирифт. Дар ҷараёни он номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анварҷон Аъзамов-менеҷери Маркази саломатии шаҳри Ҳисор, худпешбар, Абдувоҳид Раҳимов-муовини директори
ҶДММ «Тоҷик Стар Сино», худпешбар, Субҳон Сатторов-омӯзгори фанни химия ва биологияи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор», раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, ки аз ҷониби конференсияи ҲАТ дар шаҳри Ҳисор пешбарӣ гардидааст ва Сурайё ӯроқова, директори генералии ҶДММ «Гурӯҳи Самимӣ Сохтмон», ки бо қарори Конференсияи 16 (рақамҳои римӣ)-и ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор пешбарӣ гардидааст, иштирок намуда, барномаҳои пешазинтихоботии худро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуданд. Дар чорабинӣ, ҳамчунин, намояндаи Ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов ва сардори Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Фаррух Аловиддинов ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни он ба ҳозирин муҳтавои асосии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-25 расонида шуд.
Азамат ДӮСТОВ