Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Интихобот наздик аст...

Интихобот наздик аст...

19-02-2020, 09:11
Хабарро хонданд: 454 нафар
Назарҳо: 0
Исмоили Сомонӣ
Интихобот наздик аст...
Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва номзадҳои дигар ҳизбҳо бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Шарифзода Наргис Достӣ- раиси ҳавзаи интихоботии №25-и шаҳрӣ, ҷонибдорони ҳизб, сокинони маҳаллаҳои Саид Носир, Шафтолузор, донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Интихобкунандагон зимни муаррифии барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба мақсаду ҳадафҳои номзадҳо шинос гардида,ҷиҳати ҳалли баъзе аз мушкилиҳо ва ислоҳи камбудиҳои маҳаллаҳои зисти худ пешниҳоду дархостҳояшонро гуфтанд.

Шоҳмансур

Дар толори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” вохӯрии номзадҳои ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар он Илҳомҷон Ҳамидиён –узви Ситоди марказии пешазинтихоботии ҳизб, Муродов Ҷӯрабек - роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии №3-и ноҳияи Шоҳмансур Обидов Фозил Саидович, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №3 Аслов Тоҷиддин Муҳридинович, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №6 Бураков Исмоил ва номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №37 Нориён Парвиз иштирок намуданд. Номзадҳоро дар ин вохӯрӣ шахсони боэътимоди онҳо муаррифӣ карда, барномаҳои пешазинтихоботии онҳоро шарҳ доданд.
Аз ҷумла И.Ҳамидиён зикр кард, ки 1марти соли 2020,ҳамаи шаҳрвандонбо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ метавонанд дар маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намоянд.
Дар идома мавсуф чанде аз бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро барои аҳли нишаст тавзеҳ дод.

Деваштич

Дар толори Қасри фарҳанги ба номи А.Рӯдакии ноҳия мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ бо интихобкунандагонбаргузор гардид.
Дар мулоқот Асрор Латифзода- муовини Раиси ҲХДТ, Матлубахон Сатториён – раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Исмоилзода Зуфар Муртазохон – номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.
Вохӯриро раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода Сулаймон Ризоӣ кушода, зикр намуд, ки тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тарғибу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳо чунин вохӯриҳо доир мегарданд.
Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода зимни суханронӣ ёдовар шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо дарназардошти вазъи аслии кишвар ва дигаргуниҳои ҷаҳони муосир таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» таҳия шудааст. Барнома самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро барои солҳои 2020-2025 фаро мегирад. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди маориф ва илм, тандурусти, фарханг ва иттилоот, такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сиёсати ҷавонон, бонувон, варзиш, сайёҳӣаз бахшҳои муҳимтарини он мебошад.
Сипас,раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён низ оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози андеша намуда, изҳори боварӣ кард, ки интихобкунандагони ноҳияи Деваштич барои муташаккилона гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳам дар назди аҳли нишаст сухан карда, ҳозиронро бовар кунонд, ки дар сурати интихоб шуданаш ба вакилии Маҷлиси намояндагон барои ободии ноҳия ва кишвар софдилона ба мардум хидмат мекунад.
Панҷакент

Мулоқоти номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент 21, Шодизода Парвиз Шодибой бо сокинони деҳаҳои Сӯҷина ва Дашти Ҷамоати деҳоти Сӯҷина баргузор шуд.
Дар оғози мулоқотроҳбари дафтари матбуот, котиби ситоди ”Интихобот-2020”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Турдибой Солеҳзода Барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва номзадҳои пешбаринамудаи ҳизбро ба ҳозирин шарҳ дод.
Пас аз он, шахси боэътимоди номзад аз фаъолияти Шодизода Парвиз Шодибой ҳамчун раиси Кумитаи ҷроияи шаҳрии ҳизб ва муовини раиси шаҳр сухан карда, ҳозиринро даъват намуд, ки дар рӯзи интихобот ба ҷонибдории ӯ ва дигар номзадҳои ҳизб овоз диҳанд.
Кӯлоб

Дар толори МТМУ №2-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки васеи интихобкунандагон вохӯрии номзадаз ҲХДТба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагоназ ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу ва шахсони боэътимоди номзад иштирок ва баромад намуданд.
Шахсони боэътимоди номзад аҳли нишастро бо шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии ӯ шинос намуда, мавсуфро шахси арзанда барои интихоб ба ин вазифаи пурмасъулият донист.
Дар анҷоми нишасти мазкур аз интихобкунандагон даъват шуд, ки рӯзи интихоботи парламент фаъолона ширкат варзида, ба номзадҳои шоиста овоз диҳанд.
Кӯшониён

Дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён вохӯрии номзадҳои пешниҳодшуда аз ҲХДТ бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар вохӯрӣҲабибзода Зоир - узви Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдусаломзода Мунаввар - раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, Шодиён Муҳаммад Султонзода номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён иштирок намуданд.
Шахсони боэътимоди ин номзадҳо ба аҳли толор шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳоро муаррифӣ карда, онҳоро шахсонимавриди боварӣ донистанд.
Абдусаломзода Мунаввар дар вохӯрӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, аз интихобкунандагон даъват кард, бо иштироки фаъолаона дар рӯзи интихобот ба номзадони арзанда раъйи худро диҳанд.
Иштирочиёни мулоқот низ пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои ҳалталаби марбут ба рӯзгори сокинонимаҳаллаҳои зисти худ баён доштанд.
Дар асоси ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар - раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, Шодиён Муҳаммад Султонзода номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 – и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод низ вохӯрӣ доир шуд.
Пас аз муаррифии номзадҳо аз ҷониби шахсони боэътимодашон бобати самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзадҳо сухан гуфта шуд.
Инчунин, иштирокдорони мулоқот пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои ҳалталаб баён карда, гуфтанд, ки аз номзадҳои пешбаришуда дар рӯзи интихобот ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: