Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Пешбарии Баротзода Файзулло ба вакилӣ

Пешбарии Баротзода Файзулло ба вакилӣ

8-01-2020, 09:12
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Пешбарии Баротзода Файзулло ба вакилӣ
8 январи соли 2020 дар ноҳияи Шаҳринав конфронси муштараки кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор баргузор гардид. Ба рӯзномаи конфронс як масъала: Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон аз ҳавзаи якмандатӣ №6, аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ворид гардида буд.
Вакилони конфронс директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзуллоро ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Комиссияи баҳисобгирии овозҳои конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор натиҷаи овоздиҳии пинҳонии вакилоникон ференсияи оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Баротзода Файзулло дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шаҳринав №6 баъд аз ҳисоби овозҳо муқарар намуд.
Баротзода Файзулло 10 феврали соли 1962 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими забони арабӣ ва забону адабиёти тоҷикхатм кардааст. Солҳои 1985 – 1989 ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Сурия фаъолият намудааст. Фаъолияти минбаъдаи ӯ асосан дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ходими хурди илмии Институти шарқшиносӣ идома ёфта, то ҷонишини директори Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва ёвари Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз 13 феврали соли 2015 дар мансаби директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Мавсуф яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷомеаи кишвар ба ҳисоб рафта тариқи расонаҳо дар мавзӯъҳои ҳалталаби ҷомеа ҳамеша назару андешаи хоси худро дорад.
Дар кори конфронс Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон иштирок ва баромад намуданд. Масуф таъкид намуданд, ки : “Нақши воистаҳои иттилоотӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ дар афкори мардум хело таъсирбахш буда, имкон ва таъсири бевосита ба электорати сиёси дорад. Аз ин рӯ дар ин интихобот бояд мо аз фишанг ва технологияҳои муосири ҷалби электарат истифода намуда, таъсирасони ба афкору андешаи мардумро вобаста ба шароити муосир дарёфт намоем.”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: