Муаррифии номзадҳои ҳизб10-01-2020, 10:59
Хабарро хонданд: 376 нафар
Назарҳо: 0
Рашт 10 январи соли 2020 Конференсияи якҷояи вакилон аз ташкилотҳои ҳизбии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Сангвор ва Нуробод ҷиҳати пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатӣ№ 12 баргузор шуд. Дар кори Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Ќурбон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт- Маҳмадов Раҳматҷон, Абдуллоев М- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод, Шифоев Л - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод, Неъматов Н - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Лахш, Умаров Раҳмоналӣ –раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор ширкат карданд. Раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Рашт №12, аъзои Ситоди пешазинтихоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, гурӯҳҳои таблиғотӣ, гурӯҳҳои мобилӣ, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия ва воситаҳои ахбори омма аз дигар иштирокчиёни ин ҷамъомади ҳизбӣ буданд. Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилони конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Сангвор ва Нуробод натиҷаи овоздиҳии пинҳонии вакилони конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Сангвор ва Нуробод оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Зокирзода Маҳмадтоир Зоир дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Рашт №12 баъд аз ҳисоби овозҳо муқарар намуд. Аз 415 вакил 412 нафар ба тарафдории ӯ овоз дода, 3 бюллетен беэътибор дониста шуд. Ба ин тартиб бо Қарори Конференсия Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҳамчун номзад ба вакили Ммаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид. Истаравшан Дар маҷлисгоҳи беморхонаи шаҳри Истаравшан Конференсияи якҷояи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид, ки дар он 123 нафар вакил даъват шуда, аз ин 117 нафар вакилон аз шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон ширкат варзиданд. Дар Конференсия раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон, муовини раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Афзуналӣ, аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияи Истаравшан ва Шаҳристон, гурӯҳҳои таблиғотӣ, гурӯҳҳои мобилӣ, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва ВАО низ иштирок намуданд. Дар Конференсия аз 117 нафар вакил ба тарафдории номзад аз ҳавзаи интихоботии №23 Истаравшан ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодиров Феҳраст Шокирович 108 нафар овоз доданд. Деваштич Дар қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич Конференсияи якҷояи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар он аз 348 нафар вакил - 322 нафар вакилон аз ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан ширкат варзиданд. Дар Конференсия раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, раисони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан, раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махкамов Тӯйчибой, аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан, гурӯҳҳои таблиғотӣ, гурӯҳҳои мобилӣ, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва ВАО ширкат варзиданд. Дар Конференсия 322 вакил иштирок намуда, аз ин шумораи вакилон ба тарафдории номзад аз ҳавзаи интихоботии №24 Деваштич ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазо 318 нафар овоз доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.