Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ба китобхона рафтан чӣ манфиат дорад?

Ба китобхона рафтан чӣ манфиат дорад?

13-02-2020, 11:30
Хабарро хонданд: 372 нафар
Назарҳо: 0
Ба китобхона рафтан чӣ манфиат дорад?
Имрӯз китобхона ҷое нест, ки дар он ҷо китобҳо маҳфузанду мо барои ҷустани маълумоти зарурӣ ба ин макон меравем. Дар замони муосир технология ончунон пешрафт дорад, ки адабиёти заруриро дар ҳама ҳолат пайдо кардан мумкин аст. Вале зикр бояд кард, ки китобхона чун маркази маводи иттилоотию макони маводи шавқовару муфид боқӣ мемонад ва набояд фаромӯш кард, ки Президенти маҳбуби мо зарурати эҳёву равнақ додани фаъолияти китобхонаҳоро дар сатҳи ҷумҳурӣ таъкид намуданд: “Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”.
Китобхона нафақат макони маҳфуздории китоб, балки маркази ташаккули эҷод ва фароҳамоварандаи шароит барои муколама байни одамони наслҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо ба таври ҳамешагӣ амалиёти иттилоотию библиографӣ рӯи кор меояд, ки ба муштариён ба таври чопӣ ё электронӣ пешкаш карда мешавад. Дар аввал ба узвият қабул кардан аст ва минбаъд ба хонанда имконият дода мешавад, ки китобро дар толори қироат истифода намояд ва ё ба муҳлати муайян баҳри мутолиа ба хонааш барад. Аксар китобхонаҳо дорои захираи бузурги китоб мебошанд, ки дастрасӣ ба ин хазина озод аст. Ҳар нафари хоҳишманд имкон дорад аз онҳо истифода барад. Дар баробари ин китобхонаҳои серхонанда баҳри болидарӯҳии хонандагони хеш захираи китобҳои камёбу хонданбоби худро зиёд мекунанд.
Пояи донишдӯстии одамон ва асоси раѓбати китобхонии онҳо дар даврони наврасӣ гузошта мешавад. Аз нигоҳи ақлонӣ ва ҷисмӣ наврас хуб ташаккул ёфта, минбаъд, нисбат ба китоб кунҷкоб мешавад, яъне дар робита ба иттилоот ташнагиро эҳсос мекунад. На ҳар кас муайян карда метавонад, ки барои ӯ чӣ гуна иттилоот зарур аст ва ё аз жанрҳои бадеӣ ба табъи вай кадомӣ созгор аст. Ана дар ҳамин гуна ҳолатҳо китобхона ба наврас ёрирасон буда метавонад ва барои вай имкониятҳои фаровону бемаҳдуд пешниҳод менамояд. Хонанда дар ин ҳолат метавонад аз феҳристи китобҳо истифода бурда, жанри дилхоҳи худро пайдо намояд. Ҳамин раванди ҷустуҷӯи китоб ҳам дар афзун гардидани шавқи китобхонии хонанда ҳам мададгор аст. Саҳифаҳои феҳристро варақ зада, ӯ ба иттилооти зиёд дучор мешавад, ки ба ташаккули идрокаш низ манфиати зиёд дорад.
Ба хонандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми эҷоди корҳои дипломӣ ва ё курсӣ ба китобхона рӯ оваранд. Зеро дар интернет на ҳамеша маводи заруриро пайдо кардан мумкин аст. Дар зинаи таҳқиқу тадқиқ барои онҳо аз китобхона беҳтар ҷое пайдо карда намешавад. Китобхона метавонад кулли маводи зарурӣ, аз ҷумла сарчашмаҳои тозанашршударо, ки ҳоло дар саҳифаҳои интернетӣ ба табъ нарасидаанд, пешниҳод намояд. Вазъияти ҳузур дар китобхона барои беназир баромадани кори эҷодӣ кафили маҳз аст, чунки пас аз омӯхтани якчанд сарчашмаҳои адабӣ амалиёти мазкур мустақилона сурат мегирад, ки баҳои онро меафзояд. Ба ѓайр аз ин, суҳбат бо кормандони китобхона, бо шахсоне, ки солҳои тӯлонӣ дар махзани илму адаб фаъолият доранд, хеле муфид аст ва онҳо метавонанд аз рӯи таҷрибаҳои чандинсолаи худ маводи беҳтару заруртарро пешниҳоду тавсия намоянд.
Камдонишии кӯдак ва ё дараҷаи маҳдуди он ба ӯ имконият фароҳам меорад, ки вай имрӯз ё фардо иттилооти барояш зарурро тавассути воситаҳои технологӣ, аз ҷумла телевизор ё компютер ба даст оварад. Дар солҳои охир олимон исбот намуданд, ки мавҷҳои магнитӣ ба организми инсон зарари ҷиддӣ расонда, шахсро коҳил ва рӯҳияи вайро вайрон месозад. Ин ҳолат ба кӯдакон бо сабаби пурра инкишоф наёфтани онҳо зуд таъсир мекунад ва рангу рӯяшон зард гашта, ноҷунбонии дермуддат эҳсос мешавад. Дар чунин ҳолат, волидони тезҳушу зудфаҳм ба хотири болидарӯҳ гаштани фарзандонашон онҳоро бояд ба китобхона ҳидоят намоянд. Аз рӯзи нахустини ба узвияти китобхона қабул шудани фарзанди хеш волидон дар ташаккули ақлонӣ ва рӯҳонии ӯ саҳмгузор хоҳанд буд. Бинои китобхонаҳо ҳамеша покизаанд ва ба солимияти кӯдак кафолат медиҳанд ва дар баробари ин, ба ташаккули иртиботии ӯ кӯмак мерасонанд. Бар илова кӯдак дар намоишҳои шавқовар ва бозиҳои идрокии дар китобхона баргузоршаванда иштирок намуда, малакаҳои иртиботии хешро инкишоф медиҳад.
Имкониятҳои хуби хонандагони китобхонаро наметавон нодида гирифт. Низоми китобхонаи муосир дар чанд даҳсолаи охир ба табаддулоти бузург дучор шуд. Кунун китобхонаҳо кӯшиш доранд, ки барои муштариёнашон макони матлубу шавқовар бошанд. Аз ин рӯ, панҷ сабаберо арз мекунам, ки аз суханони зерини Президенти кишвар маншаъ мегиранд:
1. Ҳудуди мусоид барои иҷрои амали илмӣ. Барои кору фаъолияти илмӣ аз толори китобхона макони беҳтаре ёфтан амри муҳол аст. Дар он ҷо шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ фароҳам аст. Ба ѓайр аз ин, дар толорҳои он метавон намоишу муаррифии китобҳо, конфронсҳо, шабнишиниҳои адабӣ баргузор намуд.
2. Дастрасии бемамониат ба бойгонӣ. Захираи китобхона аз адабиёти кишваршиносӣ ва инчунин, маводи бойгонишуда бой аст. Намунаҳои бемислу беҳтарини адабиёти бадеӣ ва нусхаҳои ноёби китобҳоро танҳо дар китобхонаҳо дастрас намудан мумкин аст.
3. Дар худинкишофёбии шахсият кӯмакрасон аст. Китобхона ба шахс имконият фароҳам меорад, ки мавҷудияти худро аз нигоҳи рӯҳонӣ эҳсос намояд. Дар раванди омӯзиши мавод муштарии китобхона кӯшиш менамояд, ки дар мубодилаи андешаҳо бо дигар хонандагон иштирок намуда, тавассути ҳузур дар конфронсу шабнишиниҳои адабӣ донишу ҷаҳонбинии хешро васеъ намояд. Бо ин васила, ӯ рӯҳан ташаккул ёфта, бовариро дар худ пайдо мекунад ва ҳисси шоистагии хешро қавӣ мегардонад.
4. Дастрасии озод ба иттилоот. Китобхона шояд ягона маконе бошад, ки ба ҳама новобаста аз миллат, ҷинсият, макони зист, табақоти иҷтимоӣ, тарзи ҳаёти шахс, эътиқодоти динию мазҳабӣ хизмат мерасонад. Аз нигоҳи реҷаи корӣ низ китобхона нисбат ба дигар марказҳои хизматрасонӣ бартарият дошта, беҳтарин сарчашмаи иттилоотии муназзаму дастрас маҳсуб меёбад.
5. Мубодилаи иттилоот. Инсон доимо дар хона нишаста, ба муколамаи зиндаи инсонӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад. Дар ин сурат, китобхона беҳтарин маконе маҳсуб меёбад, ки шахс метавонад натиҷаҳои мутолиаи китоб ва ё фикру андешаҳои худро вобаста ба он бо китобдор ва ё шахсони дигар баён намояд. Дар ин баробар, аз андешаҳои онҳо низ баҳра мебарад.
Суханони зерини Пешвои муаззами миллат бояд барои ҳар як шаҳрванди кишвар чун василаи таҳрикдиҳанда қарор гирифта,баҳри баланд бардоштани савияи донишу маърифати хеш аз китобу китобхона истифода намояд:
“Ҳарчанд ки дар давраи истиқлолият дар масъалаи беҳтар гардидани вазъи дӯконҳои китобфурӯшӣ, дастрасӣ ба китобҳои тозанашри таълимӣ, асарҳои бадеиву илмӣ ва матбуоти даврӣ дар шаҳру ноҳияҳои мухталиф, аз ҷумла дар пойтахти кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба назар мерасад, аммо бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳам аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баъзан калонсолон бо маҳбубияти хоса истифода гардидани китоб ва маводи илмиву эҷодӣ ба таври зарурӣ ба назар намерасад. Ин дар ҳолест, ки китоб ҳамқадами доимии миллати куҳанбунёду фарҳангии мо дар тамоми давру замонҳо, беҳтарин дӯст ва манбаи азбар кардани илму дониш маҳсуб гардида, мардуми моро ба олами рангоранги маънавиёт ҳидоят кардааст”.

Ҷобир МАРДОНЗОДА,
корманди масъули
ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: