ШАҲРИ КӮЛОБ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ ФАЪОЛИ КИТОБХОНА»6-04-2017, 08:22
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
Дар Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ озмуни «Хонандаи фаъоли китобхона» бо иштироки хонандагони муассисаҳои ҳамагонӣ баргузор гардид. Шартҳои озмун аз он иборат буд,ки хонандаи фаъоли китобхона чанд китоби китобхонаро мутолиа намудааст; дар муаррифии китобҳои тозанашри ба китобхона воридшуда иштирок кардааст; нисбати китобҳои мутолианамудааш ба ҳамсолонаш маълумот додааст; китобҳои хондаашро бо фикру мулоҳизот дар дафтарчаи махсус қайд кардааст. Озмун бо шавқу завқи баланди иштирокчиён баргузор гардида аён намуд,ки таваҷҷӯҳи хонандагон нисбати китобу Китобхона солҳои охир бениҳоят зиёд гардидааст. Дар анҷом аъзоёни ҳакамон тамоми шартҳои озмунро ба инобат гирифта хонандагони фаъолро бо тӯҳфаҳои хотиравии китобхона сарфароз гардонида, ғолибонро ба даври ҷамъбастии Фестивал, ки дар ш. Душанбе баргузор мегардад, ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.