Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мутолиаи китоб

Мутолиаи китоб

22-10-2018, 08:21
Хабарро хонданд: 430 нафар
Назарҳо: 0
Мутолиаи китоб
18 октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» конфрони илмӣ таҳти унвонӣ «Ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ» доир шуд.
Шариф Комилзода-директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, ки садри маҷлис буд, бо сухан баромад карда, иброз дошт: “Пайдоиши китоб ё каломи чопӣ таърихи тӯлони дошта, бо вуҷуди сареъ паҳн гардидани воситаҳои электронии пахши итттилоъ, то кунун моҳият ва мавқеи худро аз даст надодааст. Аҳамият ва махсусияти он чунин боқӣ хоҳад монд ва рисолати онро ҳеҷ гунна воситаи дигар иваз карда наметавонад. Китоб дар бунёди шахс, тақвияти ҷониби ақлонӣ ва ташаккули зеҳнии ӯ нақши асосӣ дорад. Он аз нигоҳи маънӣ нахуст инсонро ба ҷомеаҳои хурд ворид намуда, тадриҷан ба ҷомеаҳои бузург мебарад, диди ҷаҳонии ӯро васеъ мегардонад ва дар бунёди шахсияти фарҳангӣ омили нахуст маҳсуб меёбад”.
-Дар воқеъ китоб ба оҳистагӣ, махфиёна ва бесадо амал намуда, ҷомеаҳоро нохудогоҳ тобеи афкори худ месозад, ки таъсири фарҳангӣ ҳамеша дар раъс қарор дорад. Бояд гуфт, ки фарҳангро ғолибан тавассути китоб ва атрофу акнофи олам интиқол ёфта, дар доираҳои хурду бузург шинохта ва муаррифи мегарданд. Китоб қавитарин силоҳи маънавиест, ки дар майдони набардҳои оламшумул иҷрои рисолат намуда, соҳибонашро аксар маврид зафарёбу дастболо мегардонад. Хусусан миллати тоҷик аз азал ин силоҳи қавии маънавиро аз худ дурр накарда, дар ҷараёни таърих ҳамеша ҳамқадаму ҳаммаслак будаанд. Миллати тоҷик дар гузаштаҳои таърихи худ ҳамеша бо китоб алоқаманд буда, китобдӯстиву мутолиаи васеаш вайро ба қуллаҳои баланди инсонӣ ва комёбиҳои бузург мушарраф гардонидааст,-афзуд дар идомаи суханаш Ш. Комилзода.
Гуфта шуд, ки китоб дар замонҳо ва давлатдориҳои мухталиф арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва инсондӯстии замони муайяни худро ҳимоя намуда, дар тараққиву пешрафти давлатҳо саҳми назаррас гузоштааст. Асосҳои бунёди давлат дар он мушаххасан зикр ёфтаанд. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ, инсондӯстӣ, меҳнати ҳалол, зиндагии бошарафона, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ аносире мебошанд, ки дар сурати маҳфуз боқӣ мондан ва ба шеваи дуруст татбиқ гардиданашон барои сохатни як давлати мутараққӣ ва миллати сарбаланд кифот мекунанд. Ҳифзу нигоҳдорӣ ва рушду такомули ин ҷанбаҳои муҳими давлатдорӣ китоб саҳми асосӣ дорад. Эҳёи асолати инсонӣ, миллӣ ва худшиносӣ ғолибан ба китоб алоқаманд мебошанд.
Сироҷиддин Икромӣ-директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” оид ба мавзӯи “Ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ” маърӯза намуда, бо нигаронӣ гуфт: “Дар замони муосир вазъи ногувори аниси кунҷи танҳоӣ барои касе пӯшида нест. Китоб акнун зиндагии дигар бар сар дорад. Он то ҷое аз мадди назар дур меравад. Ин раванд танҳо хоси кишвари мо набуда, балки дар кишварҳои хориҷи наздик ва дур низ ба мушоҳида мерасад. Вобаста ба масъалаи мавриди назар аз атрофу акноф ҳам бонги хатар ба гӯш мерасад. Аммо бояд иқрор шуд, ки чунин ҳолат ӣдар мо бештар нигаронкунанда аст. Сабаби умдаи онро коршиносон дар рӯйи кор омадани васоити нави техникии дарёфт ва ироаи маълумот медонанд. Дар ин нукта ягон ҷойи шаккур шубҳа нест ва омили асоии ба миён омадани чунин ҳолат ҳам маҳз ҳамин аст. Мо бояд эътироф намоем, ки бо рушди илму техника рӯйи кор омадани технологияи нави иттилоотӣ ба муъҷиза мемонад, муъҷизае, ки дар зиндагии инсонҳо таҳаввулоти бузургеро ба миён овард”.
Мавсуф дар идома зикр намуд, ки “имрӯз аз миёни истифодабарандагони технологияи навии иттилоотӣ наврасону ҷавонон бештар фаъоланд. Онҳо ба корбурди телефону айфрну планшет бениҳоят саргарманд. Ҳатто гоҳо то ҳадде,ки саломатии худро бо дасти худ зери хатар мегузоранд. Чаро онҳо ба технологияи тоза ин қадар таваҷҷуҳ доранд ва барои чӣ онро ба китоб тарҷеҳ медиҳанд? Посух рушан аст: аз китоб танҳо бо мақсади мутолиа, дарёфти маълумот, такмили дониш ва тавсеаи сатҳи ҷаҳонбинӣ истифода мешавад, аммо телефонро метавон барои чандин ҳадаф ба кор бурд: муошират, мукотибот, суратгирӣ, навобардорӣ, истифодаи интернет, тамошои видео, шунидани мусиқӣ, сабт, ҳифзи маълуомот (дар шакли хаттӣ, видеоӣ, садоӣ), бозиҳои мароқовар ва ғайра. Маҳз ҳамин бартариятҳо технологияи навро бурои хурду бузург азиз гарджонидаанд ва бе он зиндагии худро тасаввур карда наметавонанд. Мо насли калонсол, алоқамандон ва дӯстдорони китоби анъанавӣ ҳақ надорем, дӯсти беминнати худро дар чунин лаҳзаи барояш нохушоям танҳо гузорем. Рисолати аҳли китоб имрӯз аз он иборат аст, ки фарҳанги истифодаи технологияи иттилоотиро ба фарзандон в анаберагон бозгӯ созад. Ба орҳо талқин намояд, ки аз технологияи нав ҳадафмандона, албатта бо ҳадафе, ки аз мафиат холӣ нест, кор бигиранд. Суду зиёни онҳоро барояшон тавзеҳ бидиҳад. Дар баробари ин, аз китоб ва нақши он барои башарият сухан бигӯяд. Бигӯяд, ки китоб ҳамчун умдатарин василаи баёни фикру андеша, ҳифз ва интиқоли маълумот аз як насл ба насли дигар садсолаҳо мавриди корбурди инсоният қарор дошт, бо назардошти ана ҳамин ҷойгоҳи баланд ва нақши муассираш дар рушду густариши ҷомеаи инсонӣ аҳли назар онро яке аз беҳатрин ихтирооти инсоният эътироф кард. Воқеан чунин ҳам аст”.
-Имрӯз дар ҷомеа хонандагони китоби электронӣ аз хонандагони китоби анъанавӣ бештар шудааст. Ҳар нафаре, ки китобдӯст аст ва мутолиаи китобро меписандад, ба андешаи мо розӣ хоҳад шуд, ки миёни кайфияти мутолиаи китоби анъанавӣ ва китоби электронӣ тафовут аз замин то самост. Лаззате, ки китоби анънавӣ мебахшад, хоси китобҳои электронӣ нест. Мутолиаи китобҳои электронӣ ва китобҳои анъанавиро метавон ба ҳаёти моҳӣ дар оби равон ва дар дохили аквариум монанд кард. Ба ибораи дигар мутолиаи китоби электронӣ намак надорад. Ба болои ин зуд чашмро хаста мекунад ва муҳраи гарданро ба дард меорад, -афзуд директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб”.
Сипас Қурбоналӣ Бӯриев-диретори Хонаи китоби Тоҷикистон вобаста ба мавзӯи “Бунёди захираҳои электронии иттилоотӣ талаботи замон аст” маърӯза карда, иброз дошт, ки Имрӯз дар китобхонаҳои кишвар дар радифи китобҳои анъанавӣ китобҳои электронӣ мақоми хешро ишғол менамоянд. Аксари хонандагони муҷаҳҳаз бо телефонҳои мобилӣ, компютер ва гадҷетҳои замонавии пайваст ба шабакаи Интернет аз захираҳои бузурги электронии иттилоотӣ ва китобхонаҳои маҷозӣ доимо маводи заруриро дастрас менамоянд ва дар кори худ ҳамарӯзаашон истифода мебаранд. Бо истифодаи ин дастовардҳои замонавӣ онҳо пеш аз ҳама вақти пурқиммати худро сарфа ва дар муддати кӯтоҳ маводи заруриро пайдо менамоянд. Бинобар ин, имрӯз дар саросари ҷаҳон шумораи хонандагони китобҳои анънавии китобхонаҳо кам мегардад ва теъдоди муштариёни китобхонаҳои маҷозӣ ва ё захираҳои иттилоотии электронӣ рӯз то рӯз меафзояд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки ҷомеаи мо низ ҳамқадами замон бошад ва на танҳо бо захираҳои бузурги китобҳои анъанавӣ фахр кунад, балки захираҳои бузурги китобҳои электрониро бунёдл намояд, то ки ин ки ҷавонону наврасони мо тавонанд вақти хешро самаранок истифода намоянд”.
Дар охир байни иштирокчиёни музокироти судманд сурат гирифт. Аз ҷониби онҳо пешниҳод гардид, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» на танҳо як маротиба дар як сол, балки зуд-зуд ташкил карда шавад ва макони баргузории намоишгоҳ натанҳо дохилу саҳни ҳавлии китобхонаҳо, балки боғҳои фарҳангиву фароғатӣ низ интиб шаванд, то ки Иди китоб оммавитар гардад.
Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: